Бо ҳукми суд дар хусуси ғайриқонунӣ соҳиб шудани воситаи нашъадор ва бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба 10 соли маҳруми аз озодӣ маҳкум шуд.

Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда Одиназода М.Ҷ. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои ҳамин суд, парвандаи ҷиноятиро бо айбдории Мирзоев Рустамҷон Бобокалонович, санаи таваллудаш 25 – июни соли 1970, зодаи шаҳри Душанбе, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоташ миёна,  оиладор  соҳиби 4 фарзанд, то ба ҳабс гирифтан ошпази мантухонаи кӯчаи А.Ҷомӣ-81, пеш суд нашудааст, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳисор, бинои 39, ҳуҷраи 21, чораи пешгири дар намуди ба ҳабс гирифтан аз 26 – сентябри соли 2018 интихоб карда шудааст. Дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 200 қисми 3 бандҳои «в,г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Сурхов Саъдиҷон  Саидхоҷаевич, санаи таваллудаш 10 – сентябри соли 1987, зодаи шаҳри Душанбе, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоташ миёна, муҷаррад, муваққатан бекор, пеш суд нашудааст,  сокини шаҳри Душанбе,  кӯчаи Ҳисор, бинои 39  хонаи 1, чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан аз 26 сентябри соли 2018 интихоб карда шудааст. Дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 200 қисми 3 бандҳои «в,г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикиситон пешбинигардидаро баррасӣ намуд.

Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе аз 08 апрели соли 2019 Мирзоев Рустамҷон Бобокалонович ва Сурхов Саъдиҷон Саидхоҷаевич дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 200 қисми 3 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда гунаҳгор дониста шуда, ба онҳо ҷазоҳои зерин таъин карда шуд:

Ба Мирзоев Рустамҷон Бобокалонович бо моддаи 200 қисми 3 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ  ба мӯҳлати 10 (даҳ) сол, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин карда шуд.

Ба Сурхов Саъдиҷон  Саидхоҷаевич бо моддаи 200 қисми 3 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 10 (даҳ) сол, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин карда шуд

Мӯҳлати адои ҷазои Мирзоев Рустамҷон Бобокалонович ва Сурхов Саъдиҷон Саидхоҷаевич аз санаи 19 сентябри соли 2018 ба ҳисоб гирифта шуд.

Чораи пешгирӣ нисбати Мирзоев Рустамҷон Бобокалонович  ва  Сурхов Саъдиҷон Саидхоҷаевич дар ҳабс нигоњ доштан бетағйир мононда шуд.

Далелҳои шайъи 994,4 (нӯҳсаду наваду чор бутуну аз даҳ чор) грамм воситаи нашъадорӣ навъи “героин”, ки дар анборхонаи махсуси Шӯъбаи  оперативӣ – навбатдории АНМН-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад, баъд аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм маҳв карда шуд.

Далелҳои шайъи маблағи 43 – сомонӣ, ки аз маҳкумшуда Сурхов С.С. гирифта шудааст ба падараш ва маблағи пулии 128 – сомонию 50-дирам ва як доллари ИМА, ки ба маҳкумшуда Мирзоев Р.Б. тааллуқ дошт, баъди эътибори қонуни пайдо кардани ҳукм ба ҳамсараш баргардонида шуд.

Инчунин фаҳмонида дода шуд, ки нисбат ба ҳукм дар муҳлати даҳ шабонарӯз аз лаҳзаи эълон шуданаш, судшавандаҳо Мирзоев Р.Б. ва Сурхов С.С.  бошанд, дар ҳамин мӯҳлат аз лаҳзаи ба онҳо супоридани нусхаи ҳукм тавассути ҳамин суд ба Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе шикоят ва эътирози кассатсионӣ пешниҳод карда метавонанд.

 

Хабари суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе