ЧАРОҒИ ҲИДОЯТ

Яке аз унсурҳои муҳими фардӣ ва иҷтимоии тақвияти пояҳои ваҳдати миллӣ ва соҳибистиқлолӣ ин шукргузорист, ки Пешвои миллат дар ҳама нутқу суҳбатҳои хеш умедворона ва эътиқодмандона мардуми шарафманди моро ба шукрона кардан ба хотири «ҳимояи истиқлолияту озодӣ, таҳкими суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллату давлатамон» даъват менамояд.

«Сулҳи тоҷикон таҷассуми олии майлу иродаи мардуми сулҳпарвари мо, яъне хизмати таърихии халқи тоҷик мебошад». Ин нуқтаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 2018 ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом мавридшиносона ва дурбинона тазаккур дода, аз ҳамагон ватанхоҳона даъват ба амал оварданд, ки «ба наслҳои наврас ва ҷавонон ҳамчун сабақи ибратомӯз фаҳмондани моҳият ва арзиши сулху оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ниҳоят муҳим мебошад».

Дар паси ҳар ҳарфи ин даъват ва ҳидояти пешвоёна дарки рисолат, шинохти амиқи масъулият, садоқат дар ҷодаи давлатсозии шоиста, баҳодиҳии дуруст ба раванди таҳаввулоти замон ва оянданигарии хирадмандона ниҳон аст. Пешвои миллат дар заминаи намуна овардан, бо далелҳо асоснок намудани рӯзгори пурфоҷиаи кишварҳои ноорому ҷангзадаи дунё мардуми сабақшинос ва ибратпазири Точикистонро барои фаъолнокӣ ва амали меҳанпарастона дар роҳи ҳифзи истиқлол ва ваҳдат, ки ду рукни муҳими ҳастии давлати мустақил ва Ватани маҳбубамон аст, даъвати хайрхоҳона намуданд.

Бинобар таъкиди Пешвои миллат, «бояд тамоми донишу таҷриба ва саъю талоши худро барои таъмини сулҳу субот ва устувории пояҳои давлатдории миллиамон сафарбар намоем». Ин нуқтаи назари Сарвари давлатамон бунёди мустаҳками мантиқӣ дошта, ба воқеияти таърихӣ на дар мисоли кишварҳои дигар, балки дар мисоли кишвари худамон асос ёфтааст. Зеро маҳз муносибати нодуруст ва хатокорона бо арзишҳои маънавӣ ва эътиқодӣ дар паҳнои манфиатҳои умумидавлатӣ дар ибтидои соҳибистиқлолӣ мардуми моро ба доми мудҳиши ҷанги ҳамватанӣ гирифтор намуд.

Ҳамеша чунин ба назар мерасад, ки Пешвои миллат вақте аз мардуми кишвар даъват ба амал меоранд, ки ба кадри Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ бирасанд, доимо ба халқи огаҳдиламон эътимоду итминон доранд. Чунин дилпурии Роҳбари давлат дар суханрониашон зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар низ зоҳир гардид:

«Итминони комил дорам, ки ҳар фарди бонангу номуси миллат минбаъд низ ба хотири ободиву пешрафти Ватани азизамон, ҳаёти осоиштаи мардум, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқболи арзандаи Ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош хоҳад кард».

Мо ҳам бо эътимоди қавӣ ва итминони комил зикр менамоем, ки дар ҳақиқат ҳар як узви ҷомеаи кишварамон доимо ба даъватҳои ваҳдатпарварона ва ваҳдатхоҳонаи Пешвои миллат эҳтиром гузошта, онҳоро ҳамчун ҳидоятномаи фардои боз ҳам дурахшон ва раҳнамунсози саодату пешрафт қабул доранд ва арҷ мегузоранд.

РУШАНЗОДА СУҲРОБ,

Раиси Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе