Чорабиниҳои Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оиди иҷроиши бандҳои дахлдори Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 (дар асоси супориши хаттии муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1330-16/1-18 аз 05.12.2019 сол)

«ТАСДИҚ МЕКУНАМ»

Раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Рушанзода С.Р.

23 декабри соли 2019

 

НАҚШАИ

Чорабиниҳои Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оиди иҷроиши бандҳои дахлдори Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 (дар асоси супориши хаттии муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1330-16/1-18 аз 05.12.2019 сол)

 

Номгуӣ чорабиниҳо Муҳлати

иҷроиш

Шахсони масъул
1 Омӯзиши Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 Моҳи декабри 2019 сол Минбаъд

мунтазам

Раиси суд, муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд
2 Гузаронидани вохӯрию суҳбатҳо бо аҳоли, кормандони корхонаю муассисаҳо, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умуми, донишҷуёни донишгоҳо,   аҳли ҷамоатчигии дигар табақаҳои ҷомеа оид ба масъалаҳои ҳуқуқие, ки аз муносибатҳои хусусияти гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ, меҳнатӣ, манзилӣ ва дигар самтҳоро доранд, тарғиботу ташвиқоти ҳуқуқи дар соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ Соли 2020-2030

Мунтазам

Раиси суд, муовинон ва судяҳо
3 Бештар намудани шумораи мурофиаҳои сайёри судӣ Солҳои 2020-2030

Мунтазам

Муовинони Раиси суд ва судяҳо
4 Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳи вобаста ба тақвият бахшидан ба фаъолияти судҳои ҳакамӣ ва ҳалли баҳсҳои тосуди (медиатсия) вохурию суҳбатҳо бо аҳли ҷамоатчиги вобаста ба тарғибу ташвиқи масъалаҳои зиддикоррупсиони бо овардани мисолҳо аз таҷрибаи судӣ Солҳои 2020-2030

Мунтазам

Муовинони Раиси суд ва судяҳо
5 Тавассути воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаи интернетӣ ба маълумоти аҳолии кишвар расонидани санадҳои судӣ Солҳои 2020-2030

Мунтазам

Муовинони Раиси суд ва судяҳо
6 Иштироки фаъолонаи судяҳо дар барномаҳои телевизионии махсус, дар мавзуъҳои баррасишудаи парвандаҳои судӣ Солҳои 2020-2030

Мунтазам

Муовинони Раиси суд ва судяҳо

Эзоҳ: Назорат аз болои иҷроиши Нақшаи мазкур ба зиммаи

муовинони Раиси суд вогузор карда шавад.