Чорабиниҳои Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оиди иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо судяҳои ҷумҳурӣ аз санаи 21 ноябри 2019 сол (дар асоси супориши хаттии Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1327-16/1-18 аз 05.12.2019 сол)

«ТАСДИҚ МЕКУНАМ»

Раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Рушанзода С.Р.

16 декабри соли 2019

 

НАҚШАИ

Чорабиниҳои Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оиди иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо судяҳои ҷумҳурӣ аз санаи 21 ноябри 2019 сол (дар асоси супориши хаттии Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1327-16/1-18 аз 05.12.2019 сол)

 

Номгуӣ чорабиниҳо Муҳлати

иҷроиш

Шахсони масъул
1 Омӯзиши матни суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо судяҳои ҷумҳурӣ аз санаи 21 ноябри 2019 сол Моҳи декабри соли 2019 Раиси суд, муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд
2 Таҳлили асосҳои бекоршавии санадҳои судӣ, баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳои судӣ, ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои Конститутсионии шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқи, манфиати давлат Мунтазам Раиси суд, муовинон ва судяҳо
3 Риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи забони давлатӣ зимни таҳияи санадҳои судӣ, роҳ надодан ба хатогиҳои имловӣ Мунтазам Муовинони Раиси суд, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд
4 Назорат оиди сари вақт барраси намудани парвандаҳои судӣ ва ба кашолкори роҳ надодан Мунтазам Раиси суд, муовинони Раиси суд
5 Назорат ва таъмини иҷроиши санадҳои судӣ, ҳамкори бо иҷрочиёни Хадамоти иҷро Мунтазам Раиси суд, муовинон, судяҳо, приставҳои суд, котибони дафтархонаҳо
6 Гузаронидани вохӯрию суҳбатҳо бо аҳоли, кормандони корхонаю муассисаҳо, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умуми, донишҷуёни донишгоҳо,   аҳли ҷамоатчигии ноҳия, вобаста ба омӯзишу фаҳмондадиҳии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, Қонунҳо вобаста ба вайронкардани қоидаҳои ҳаракати роҳ аз ҷумла дар ҳолати масти, муомилоти ғайриқонуни ба воситаҳои нашъадор, ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ, террористӣ дошта, ҳидоят намудани ҷавонону наврасон ба эҳтироми Қонун, ватандусти худшиносии миллӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва дигар Қонунҳои амалкунанда Мунтазам Муовинони Раиси суд ва судяҳо
7 Андешидани чораҳои иловаги вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар байни судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд Мунтазам Раиси суд, муовинон ва судяҳо
8 Тавассути воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаи интернетӣ ба маълумоти аҳолии кишвар расонидани санадҳои судӣ Мунтазам Раиси суд, муовинон, судяҳо, ва кормандони дастгоҳи суд
9 Омӯзиш ва иҷрои бандҳои дахлдори Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 Мунтазам Раиси суд, муовинон ва  судяҳо
10 Қабул ва ҳалли муроҷиати шахсони воқеи ва ҳуқуқи, сари вақт барраси намудани муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ Мунтазам Раиси суд, муовинон ва  судяҳо
11 Ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ аз ҷониби суд пурраву холисона муайян кардани ҳолати кор, аз ҷумла ҳолатҳои сафедкунанда, сабуккунанда, вазнинкунанда, асосҳои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс ва баровардани ҳукмҳои асосноку қонунӣ Мунтазам Раиси суд, муовинон ва  судяҳо

Эзоҳ: Назорат аз болои иҷроиши Нақшаи мазкур ба зиммаи

муовинони Раиси суд вогузор карда шавад.