Чорабиниҳои Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вобаста ба иҷрои «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» (дар асоси Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023»

«ТАСДИҚ  МЕКУНАМ»

Раиси суди ноҳияи Синои  шаҳри Душанбе.

__________ Рушанзода С.Р.

 25 декабри соли 2019

 

 

НАҚШАИ

Чорабиниҳои Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вобаста ба иҷрои «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» (дар асоси Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вобаста ба иҷрои «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023»

Номгӯи чорабиниҳо Муҳлати иҷроиш Шахсони масъул
1 Омӯзиши супориши хаттии муовини якуми Раиси суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №1359-16/1-18 аз санаи 13.12.2019 сол Моҳи декабри 2019 сол Раиси суд, муовинон, судяҳо, ва кормандони дастгоҳи суд
2 Дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти иҷрокунандагони Барнома ва сохторҳои минтақавии онҳо фаъолона ширкат варзидан дар татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила Солҳои 2019-2023 Муовинони Раиси суд ва судяҳо
3 Зимни баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ ва маъмурӣ диққати ҷиддӣ равона намудан ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабабу шароитҳои мусоидаткунандаи зӯроварӣ дар оила Солҳои 2019-2023 Муовинони Раиси суд ва судяҳо
4 Ҷамъбасти амалияи суди вобаста ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмури бо моддаи 93 прим 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2019 ва се моҳаи аввали соли 2020 баррасишуда Моҳи апрели соли 2020 Судяҳо А.Искандарзод, Абдураҳимзода Л. ва мушовирони суд
5 Бештар намудани маҷлисҳои сайёри судӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои ҷинояти ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ марбут ба зӯроварӣ дар оила Солҳои 2019-2023 Муовинони Раиси суд ва судяҳо
6 Гузаронидани вохурию суҳбатҳо бо аҳоли хонандагону донишҷуён, коллективҳои меҳнати ва дигар табақаҳои аҳоли дар мавзӯи пешгирии зӯроварӣ дар оила Солҳои 2019-2023 Муовинони Раиси суд ва судяҳо
7. Ҷамъбасти амалияи cуди вобаста ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ  бо моддаи 117 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 баррасишуда Моҳи май соли 2020 Судяҳо Маҳмадзода Х., Амирзода Т. ва мушовирони суд

Эзоҳ: Назорат аз болои иҷроиши Нақшаи мазкур ба зиммаи муовинони Раиси суд вогузор карда шавад.