Чорабиниҳои Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вобаста ба иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри 2019 сол «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

«ТАСДИҚ МЕКУНАМ»

Раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

_______________Рушанзода С.Р.

20 январи соли 2020

 

НАҚШАИ

Чорабиниҳои Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вобаста ба иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри 2019 сол «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Номгуӣ чорабиниҳо Муҳлати

иҷроиш

Шахсони масъул
1 Омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри 2019 сол «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Моҳи январ Раиси суд, муовинони Раиси суд ва судяҳо
2 Андешидани тадбирҳо ҷиҳати баррасии бо сифат ва саривақтии парвандаҳои судӣ Мунтазам Раиси суд, муовинони Раиси суд ва судяҳо
3 Назорат ва андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати таъмини иҷрои санадҳои судӣ Мунтазам Раиси суд, муовинони Раиси суд ва судяҳо
4 Баргузор намудани баромадҳо дар воситаи ахбори омма, инчунин суҳбату вохуриҳо бо аҳолӣ ҷиҳати фаҳмондадиҳии нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри 2019 сол ва вобаста ба пешгирии содиршавии ҷиноятҳо алалхусус хусусияти террориста ва экстремистидошта бо мақсади баланд бардоштани фарҳанг ва дониши ҳуқуқии шаҳрвандон Мунтазам Раиси суд, муовинони Раиси суд ва судяҳо
5 Доир намудани баромадҳо ва нашри мақолаҳо дар васоити ахбори омма ҷиҳати нақши ҳокимияти суди дар ҷомеа, нуқтаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳои ифродгарои, мубориза ва пешгирии ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор Мунтазам Раиси суд, муовинони Раиси суд ва судяҳо
6 Ташкил намудани омӯзиши забони русӣ Мунтазам Муовини Раиси суд Искандарзода Р.С., судяҳо Абдураҳимзода Д.С., Аҳмадзода Ф.М., Назарзода Н.О., Ҳамдамзода А.В. ва Сафозода А.Г.
7 Бозомӯзии истифодаи дурусти забони давлатӣ ва риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ, инчунин одоби муошират ва суханварӣ кормандони дастгоҳи суд Дар давоми соли 2020 Муовинони Раиси суд Одиназода М.Ҷ., Искандарзода Р.С., судяҳо Сафаозода А.Г. Исозода Б.Ч., Ҳамдамзода А.В., ва Сафарзода Д.А.
8 Риояи ҳатмии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» зимни баррасии аризаю шикоятҳо Дар давоми соли 2020 Муовинони Раиси суд ва судяҳо
9 Мутолиа ва хондани китобҳои бадеи аз ҷониби судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд Мунтазам Раиси суд, муовинони Раиси суд, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд
10 Ташкили китобхона дар утоқи алоҳидаи бинои суд, таъмини онҳо бо китобҳои бадеи Дар давоми соли 2020 Раиси суд, муовинони Раиси суд ва судяҳо

 

Эзоҳ: Назорат аз болои иҷроиши Нақшаи чорабиниҳои мазкур ба зиммаи Муовинони Раиси суд вогузор карда шавад.