ДАЪВАТҲОИ ВАҲДАТХОҲОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар арафаи истиқбол аз солгарди навбатии ҷашни пурифтихори Ваҳдати миллӣ бояд огоҳона эътироф намоем, ки авзои ҳассоси дунёи имрӯза ва торафт шиддат ёфтани талошу муборизаи кишварҳои алоҳида ба­рои васеъ намудани доираи нуфузи геополитикии хеш моро ҳарчи бештар ба посдорӣ ва таҳкими фазоӣ ризоият ва ваҳдатпарварӣ водор менамояд.

Ин нуқтаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташон бо намояндагони ҷомеаи кишвар дурбинона тазаккур дода, аз ҳамагон даъват ба амал оварданд, ки «нисбат ба ҳар вақти дигар ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон — истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ расем».

Дар паси ҳар ҳарфи ин даъват ва ҳидояти пешвоёна дарки рисолат, шинохти амиқи масъулият, садоқат дар ҷодаи давлатсозии шоиста, баҳодиҳии дуруст ба раванди таҳаввулоти замон ва оянданигарии хирадмандона ниҳон аст. Пешвои миллат дар заминаи намуна овардан, бо далелҳо асоснок намудани рӯзгори пурфоҷиаи кишварҳои ноорому ҷангзадаи дунё мардуми сабақшинос ва ибратпазири Тоҷикистонро барои фаъолнокӣ ва амали меҳанпарастона дар роҳи ҳифзи истиқлол ва ваҳдат, ки ду рукни муҳими ҳастии давлати мустақил ва ватани маҳбубамон аст, даъвати хайрхоҳона намуданд.

Бинобар таъкиди Пешвои миллат «муносибати дуруст бо арзишҳои маънавӣ ва эътиқодӣ дар паҳнои манфиа­тҳои умумидавлатӣ гарави таҳкими ваҳдати миллӣ ва суботу оромии ҷомеа ме­бошад.» Ин нуқтаи назари Сарвари давлатамон бунёди мустаҳками мантиқӣ дошта, ба вокрияти таърихӣ, на дар ми­соли кишварҳои дигар, балки дар мисо­ли кишвари худамон асос ёфтааст. Зеро маҳз муносибати нодуруст ва хатокорона бо арзишҳои маънавӣ ва эътиқодӣ дар паҳнои манфиатњои умумидавлатӣ дар ибтидои соҳибистиқлолӣ мардуми моро ба доми мудҳиши ҷанги ҳамватанӣ гирифтор намуд.

Яке аз унсурҳои муҳими фардӣ ва иҷтимоии тақвияти пояҳои ваҳдати миллӣ ва соҳибистиқлолӣ ин шукргузорист, ки Пешвои миллат дар ҳама нутқу суҳбатҳои хеш умедворона ва эътиқодмандона мардуми шарафманди моро ба шукрона кардан ба хотири «ҳимояи истиқлолияту озодӣ, таҳкими суботи сиёсӣ, вахдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллату давлатамон» даъват менамоянд.

Ҳамеша чунин ба назар мерасад, ки Пешвои миллат вақте аз мардуми киш­вар даъват ба амал меоранд, ки ба қадри истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ бирасанд, доимо ба халқи огаҳдиламон эътимоду итминон доранд. Чунин дилпурии роҳбари давлат дар суханрониашон зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар низ зоҳир гардид:

«Итминони комил дорам, ки ҳар фарди бонангу номуси миллат минбаъд низ ба хотири ободиву пешрафти Ватани азизамон, ҳаёти осоиштаи мардум, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқболи арзандаи ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош хоҳад кард».

Мо ҳам бо эътимоди қавӣ ва итми­нони мустаҳкам зикр менамоем, ки дар ҳақиқат ҳар як узви ҷомеаи кишварамон доимо ба даъватҳои ваҳдатпарварона ва ваҳдатхоҳонаи Пешвои миллат эҳтиром гузошта, онҳоро ҳамчун ҳидоятномаи фардои боз ҳам дурахшон ва раҳнамунсози саодату пешрафт қабул доранд ва арҷ ҳам мегузоранд.

 

СУҲРОБ РУШАНЗОДА,  

Раиси Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе