ИНКИШОФИ НИЗОМИ СУДӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Гузашти таърих, раванди муборизаи мардони шуҷои ватан, сабқату баҳсҳои донишмандони гузаштаву баору номуси диёр, муборизаи беамони мардуми тоҷик баҳри расидан ба истиқлолияти давлатӣ имкон дод, ки Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро қабул намуда, дар миқёси олам ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва мустақил шинохта шавад. Раванди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо ранҷу азобҳо ва марҳилаҳои душвори таърихӣ ба вуқуъ пайваст, ки яку якбора пароканда шудани давлати пуриқтидори ИҶШС давлатро дар симои фарзандони шуҷою ватанпарвараш муваззаф кард, то дар оянда тақдири ватану миллати худро худ ҳал намоянд, ки иродаи шикастнопазир ва қалби созандаи мардуми тоҷик тавонист Тоҷикистонро бунёд намояд.

Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон давлати навбунёд набуда, ибтидои он аз марҳилаҳои бавуҷудоии давлатҳои қадима сарчашма гирифта, то ба давлати Сомониён мерасад, ки баъдан дар натиҷаи муқовиматҳо ва забткориҳо давлати абарқудрати Сомониён пароканда гардида, халқи тоҷик ҳазорҳо сол зери ҳукмронии дигар давлатҳо умр ба сар бурд.

Гузашти таърих бесобиқа исбот намуд, ки тоҷикон аз қадимулаём соҳиби давлат ва аркони давлатдорӣ буда, дар идора намудани давлат ва бунёду ташкил намудани давлати миллии худ собиқаи беандоза доранд, ки маҳз дар тӯли таърих раванди идоракунии давлати тоҷикиро ба ӯҳда гирифта, миллат ва халқи тоҷикро зери як давлат ва зери як парчам муттаҳид намудаанд, ки ҳазорон родмардон, олимон, фарҳангшиносон, зиёиён, ҷанговарон, ҳунармандон ва садҳо тани дигарро ба воя расонида, ҳамаи ононро дар роҳи садоқат ба ватан ва миллати худ парвардаанд. Азамату бузургии мардум ва халқи тоҷик буд, ки тӯли ҳазор соли бедавлатӣ сарҷамъ истода ба парокандагиву нобудшавии халқи худ роҳ надоданд, ки оқибат миллат ва давлати навини худро бо номи Тоҷикистон ташкил намуда, истиқлолияти миллии худро ба даст оварданд. Истиқлолият ин оғози давлатдории навини тоҷик, марҳиллаи бунёд намудану сохтани кишвар, ибтидоии инкишоф ва раванди ташаккули соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад, ки ҳар як шаҳрванди тоҷикро муваззаф намуда буд, ки тавонии худро барои гулгулшукуфоии ватан сарфа намояд, аммо воқеъҳои гузашти таърих баёнгари он ҳастанд, ки дар миёни родмардони ватан буданд нафароне, ки агарчанде ин миллат ва ин давлат онҳоро тарбият намуда бошад ҳам, аммо муқобили давлат ва муқобил ба меҳани хеш баромада, хостори рахна кардани якпорчагии Тоҷикистонро доштанд, ки хушбахтона ирода ва азми қавӣ ва қувваи шикастнопазири мардуми тоҷик дар симои садҳо нафар фарзандони фарзонааш имкон надод иддае аз мардум ба мақсади ғаразноки худ расанд.

Баъди соҳиб гаштан ба истиқлолияти давлатӣ марҳилаи нави давлатдории тоҷикон шурӯъ гардид, ки инкишофи ин марҳилаи мазкур ибтидои худро аз Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар раванди он интихоб шудани сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва бар дӯши худ гирифтани масъулияти ин ватану миллатро дар бар мегирад, сарчашма мегирад, ки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин марҳилаҳои ҳасосси давлатдорӣ, ки кишвар дар вартаи ҷанги шаҳрвандӣ монда буд роҳбарии ин давлатро бар дӯш гирифта, ҳастии худро барои обод намудану инкишоф додани ватани азизамон бахшида, тамоми имконияти худро барои ҷовидон мондани истиқлолияти давлатӣ сафарбар намуданд, ки қабул шудани рамзҳои давлатӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инкишофи низоми нави қонунгузорӣ, ба даст омадани сулҳ ва ризоияти миллӣ, эҳёи дубораи забони давлатӣ дар низоми коргузорӣ, инкишофи низоми судӣ, таъсиси суди конститутсионӣ, таъсиси парламенти дупалатагӣ ва даҳҳо тани дигар натиҷаи ҷонбозиҳои Сарвари давлат ва самараи Истиқлолияти давлатӣ ба шумор меравад, ки ҳамаи он баъди қабул шудани истиқлолияти давлатӣ имкон доданд.

Қабул шудани истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат шароит муҳайё намуд то низоми сезинагии шохаи ҳокимияти давлатӣ ташкил карда шуда, плюрализми сиёсӣ кафолат дода шавад. Эълон шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ яке аз марҳилаҳои инкишофи низоми давлатдорӣ дар низоми байналхалқӣ мебошад, ки дар он халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон карда шуд.

Суд дар низоми мақомоти давлатӣ шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ унвон карда шуд, ки он аз ҷониби судҳо ва аз номи давлат ба амал бароварда шуда, адолати судиро аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ, маъмурӣ, гражданӣ, оилавӣ ва баҳсҳо вобаста ба мутобиқатии меъёрҳои сандҳои меъёрӣ–ҳуқуқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал мебароранд ва танҳо суд метавонад шахсро дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор дониста, нисбати ӯ ҷазои ҷиноӣ таъин намояд. Инкишофи низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолияти давлатӣ ин марҳилаи рушди ин мақомотро дарбар гирифта, аз қабули қонуни конститутсионӣ « Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», таъсиси суди конститутсионӣ ва судҳои иқтисодиро дарбар  мегирад. Суд шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ буда мувозинати шохаҳоро бо истифодаи принсипи мувозинат ва боздорӣ таъмин намуда, намегузорад, ки ҳеҷ як шохаи дигар ваколати ҳокимиятии худро суистифода намояд. Дар раванди қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он, боз низоми судии ҷумҳурӣ мукаммал гардида, имкон дод, то дар баровардани адолати судӣ аз ҷониби судяҳо дахлнопазирии судягӣ ба пуррагӣ таъмин карда шавад. Иваз шудани мӯҳлати ваколати судяҳо аз панҷ ба даҳ сол, бартараф намудани тобеиятӣ ба Шурои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, то низоми судӣ дар ҷумҳурӣ мустақилона ва бе дахолати ягон мақомот инкишоф ёбад.

Давлат ба зиммаи судяҳо баровардани адолати судиро аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф намудааст, ки ин масъулият онҳоро водор менамояд, то ҳангоми баррасии парвандаҳо баробарӣ ва меъёри мушаххаси қонунро ба роҳбарӣ гирифта, қонуниятро дар сатҳи баробар байни шаҳрвандон новобаста аз миллат, нажод, забон ва эътиқоди динӣ таъмин намояд.

Истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурии мо низоми мурофиаи судиро низ иваз намуд, ки акнун дар асоси Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи давлат мурофиаи судӣ дар асоси мубоҳиса ва баробарии тарафҳо амалӣ карда мешавад. Суд мақомоти давлатие мебошад, ки адолати судиро ба амал бароварда дар иҷрои фаъолияти худ танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат менамояд. Ҳеҷ як шахси мансабдор, мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ҳуқуқи мудохила намудан ба фаъолияти судиро надоранд.

Дастоварди бузурге, ки дар низоми судии кишвар баъди қабул шудани истиқлолияти давлатӣ ба даст оварда шуд, ин таъсиси суди конститутсионӣ дар кишвар мебошад, чунки таъсиси суди конститутсионӣ тақозои замон буда, он бо мақсади ҳимоя намудани меъёру муқарраротҳои Конститутсия, ки дар он инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ дониста шудаанд, ба роҳ монда шудааст. Суди конститутсионӣ ҳангоми мухолифат намудани қонунҳо ва дигар сандҳои меъёрӣ–ҳуқуқӣ ба Конститутсия амали онҳоро боздошта, адолати конститутсиониро аз номи давлат ба амал мебароранд. Бо таъсиси суди конститутсионӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид гардид, ки дар замони имрӯз аксарияти давлатҳо аллакай суди конститутсионии худро бо мақсади бурдани назорати конститутсионӣ ташкил намудаанд.

Воқеан қабул шудани истиқлолияти давлатӣ барои рушд ва инкишофи низоми судии кишвар шароити мусоид фароҳам овард, ки дар баробари қонунҳо ҳамчунин барномаҳои давлатӣ оиди рушди низоми судии кишвар қабул гардиданд, ки ҳамаи он заминаи рушд ва инкишофи низоми судиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба талаботи байналмилалӣ пурра мутобиқ намудани мақомоти судиро зина ба зина таъмин менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи суханрониҳои худ диққати асосии худро ба дарки баланд ва масъулияти беандозаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хусусан судяҳо бахшида, таъкид менамоянд, ки «Судяҳо дар фаъолияти худ ҳуқуқи хато карданро надоранд». Ин суханронии Пешвои миллат тамоми кормандони мақомоти судиро муваззаф менамояд, ки дар иҷрои вазифаи худ дониши аъло, маҳорати баланди касбӣ нишон дода, ҳуқуқ, озодӣ ва манфиати шаҳрвандон ва давлатро аз поймол шудан ҳифз намояд. Чунки хатогии судягӣ нобахшиданӣ буда, як хато метавонад ҳаёти инсонро барҳам зада, боиси маҳдуд гаштани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон гардад. Барои ҳамин талабот нисбат ба ишғоли вазифаи судягӣ мураккаб буда, аз ҳар шаҳрванд маҳорати баланди дониш ва интизоми намунавиро талаб менамояд, чунки судяҳо ҳангоми қабул намудани санади худ аз номи давлат амал намуда, муаррификунандаи низоми сиёсии кишвар баромад менамоянд.

Мо судяҳо истиқлолиятро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намуда, ҳамеша кӯшиши худро ба он равона месозем, то низоми қонуният ва адолати судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гашта, арзиши волои ҳуқуқ ва озодиҳои инсон амалӣ карда шавад ва аз ин рӯ мо ва ҳар як шаҳрванди мамлакатро зарур аст, то ҳифзкунандаи Истиқлолияти давлатӣ, муаррификунандаи миллату давлат дар ҷаҳон ва ҷонсупори ин ватану меҳани азиз бо номи Тоҷикистон бошем.