КАЛИДИ МУВАФФАҚИЯТ ВА САОДАТИ МИЛЛӢ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз чанд ҷанба фарқкунанда ва дорои аҳамияти барҷаста мебошад. Ҷанбаи муҳими Паём дар он аст, ки чуноне дар сархати нахустини он ишора гардид, «дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон» ироа шуд. Ҷанбаи дигари хоси Паёми навбатӣ дар он аст, ки аз соли мураккабу ҳассоси 2020, ки ба таъкиди Президенти мамлакат «яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд» натиҷагирӣ гардид.

Нуктаи асосӣ, ки дар  ибтидои Паём садо дод ва боиси афзун шудани ҳисси сарфарозии ҳамагон гардид дар он зоҳир шуд, ки ба мушкилоти сатҳи ҷаҳонии аз пайомади пандемия бамиёномада, нигоҳ накарда, бино ба гуфтаи Пешвои муаззами миллат  «дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд». Чунин дастовард собитгари ин маънист, ки дар лаҳзаҳои сангини замон миллатҳои соҳибэҳтиром ва ободгар бо ҳам муттаҳид шуда, бо такя ба захираву имкониятҳои дохилӣ баҳри рафъи муаммоҳои пешомада даст ба домони амали фаъол мезананд ва калиди муваффақияти хешро танҳо дар сарҷамъӣ, ризоият ва ҳамбастагиву ватандӯстӣ мебинанд.

Табиатан, аз диди ҳуқуқӣ ва арзиши сиёсии худ ҳар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ дар баробари ҳуҷҷати хоси барномавӣ ва муҳимтарин суханронии пурмуҳтавои сол ба шумор рафтан, роҳи самаранок ва муфиди иртиботи байни Президент ва мардум ба шумор меравад, ки ҷавҳару ғояи асосии онро инъикоси вазъи замон, баёни марому хостаи қалби халқ ва посух гуфтан ба ниёзҳои ҷомеа ташкил мекунад.

Яке аз қисматҳои асосии таъсирбахшу даъватгароёнаи Паём бо назардошти соли ҷашнӣ будани соли 2021 ба хуррамгардонӣ, ободонӣ ва созандагӣ фаро хондани ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад. Ҳар фарди  дилсӯзу дӯстдори ин Ватани аҷдодӣ бо шунидани даъватҳои содиқонаи Пешвои миллат бояд ҳиссагузори раванди пурвусъати таҷлили сазовор аз Ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ бошад. Дар ҳамин маврид, бо назардошти ҷамъбасти нишондодҳои фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар соли душвори гузашта, ки ҳам сабақомӯз буду ҳам ҳушдордиҳанда Роҳбари давлат чунин даъват ва вазифагузорӣ намуданд:

«Соли 2020 бо тамоми мушкилоташ собит намуд, ки мо барои боз ҳам беҳтар зистан, обод намудани Ватани азизамон ва тараққӣ додани давлати соҳибистиқлоламон неру, имконият, таҷриба, шароит ва захираҳои заруриро дорем. Мо бояд ташаббускору ташкилотчӣ бошем ва саҳми бевоситаи худро дар ободии мулки аҷдодӣ гузорем. Яъне, корро ба хотири ободии Ватани маҳбубамон тарзе ташкил кунем, ки дар раванди созандагӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат шарик ва саҳмгузор бошад».

Пас, мебояд, ки дар ҳамин соли гардишсозу таърихӣ таъкиду ҳидоятҳои  Пешвои миллатро, ки дар ибтидои ин соли муҳим ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, маромномаву сармашқи фаъолияти худ қарор дода, бо нангу номуси миллӣ ва эҳсоси саршори ватанпарастӣ дар ҷабҳаи бунёди Ватан, ободии мулк ва файзу шукӯҳи сарзамин шарик, саҳмгузор ва фидокор бошем.

 

Суҳроб  РУШАНЗОДА,

раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе