КОНСТИТУТСИЯ ҲУҶҶАТИ МУҲИМТАРИНИ ҲУҚУҚИИ МАМЛАКАТ ВА ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ АСТ.

Баъди аз байн рафтани давлати Шуравӣ, дар баробари як катор давлатҳои собиқ Иттиҳод, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба суи инкишофи мустақилона қадам ниҳод.

Аз ин ҷост, ки 9-уми сентябри соли 1991 Қарори Шуроӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» кабул гардида, ин санаи фархунда ҳамчун рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар таърихи навини тоҷикон, оғози дигаргунсозиҳои нав ва дар самти бунёди давлати ҳуқуқбунёд, дуняви ва ягона эътироф гардид. Маҳз бо ибтидо аз ин сана гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ ва қабули Конститутсияи давлати комилан мустақил ва барпо намудани ҷомеаи озоду пешрафта ба миён омад.

Иҷлосияӣ 16-уми таърихии Шуроӣ Олии Ҷумҳурии Точикистон, роҳбарияти нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро бо сарварии Эмомалии Раҳмон интихоб намуд. Ҳокимияти давлатӣ дар симои Шуроӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав эхё гардида, ба барқарор намудани институтҳои ҷомеаи шахрвандӣ ва амали кардани ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсон дар ҷомеа шароити мусоид  фарохам овард.

Барои ба таври вокеӣ ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои конунии давлат ва ҷомеаи навини тоҷикон қонуну санадҳое лозим буданд, ки бархурди чунин манфиатҳо бошанд. Барои эҷоди ин гуна санаду қонунҳо заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ лозим буд, ки он ҳам бошад, пеш аз ҳама, Конститутсияи нави давлати соҳибистиқлоли демократи ва дунявӣ  буда метавонист.

Аз ин лиҳоз, баҳри татбиқи хадафҳои дар боло қайд гардида, ҳайати комиссияи конститутсионӣ таҳти Роҳбарии Раиси он вақтаи Шуроӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуд.

Комиссияи конститутсионӣ лоиҳаи Конститутсияро таҳия намуда, онро барои ҳар чи пурраву демократи гардонидан ба муҳокимаи  умумихалкӣ пешниход намуд. Лоиҳаи Конститутсия дар матбуоти даврӣ ба чоп расида, аз ҷониби тамоми аҳли ҷомеа бевосита мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор дода шуд.

Санаи 20-уми июли соли 1994 Қонун «Дар бораи ислохоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, дар он тартиби қабул ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷассум гардид. Бо назардошти тағйироту иловаҳо, фикру ақида ва дархосту пешниҳодҳо ниҳоят 6- ноябри соли 1994 тавассути райпурсии умумихалкӣ (референдум) Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Ҳамин тариқ, халқу давлати Тоҷикистон Конститутсияи худро таҳия, қабул ва ҷорӣ намуда, дар он хусусиятҳои хоси давлатӣ миллии сохибихтиёр, демократи, дунявӣ ва ягона, ки иродаи халқ ифодагари ҳокимияти давлати буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи онҳо арзиши олӣ доранд таҷассум ёфтааст.

Яке аз бартариятҳои аз ҳама асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Конститутсияҳои қабли дар он ифода меёбад, ки он нисбат ба Конуститутсияи давраи шурави фарқияти зиёд дошта, масъалаи арзиши оли доштани ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро дар мадди аввал гузошта, барои ҳаёти осоишта шароити зиндагонии арзандаро фароҳам овардааст.

Дар Конуститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми меъёрҳои демократи, нишонаҳои ҷой доштани давлати ҳуқуқӣ ва арзиши Оли доштани ҳуқуқ, озоди ва манфиатҳои инсону шаҳрванд таҷассум ёфтаанд, ки ҳангоми омӯзиш аз ҷониби зиёда аз ҳашт давлати тарақикардаи ҷаҳон, ин қонуни асосии давлат ба ҳайси демократитарин Конститутсия шуморида шуд.

Масалан қобили қайд аст, ки тибқи муқаррароти моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тавассути Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳури ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амали мешаванд ва онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла қонунбарор, иҷроияро муайян намуда, тавассути ҳокимияти судӣ амали гардонида мешаванд.

Новобаста аз ин Конститутсия ҳуҷҷати муҳимтарини ҳуқуқии мамлакат ва шиносномаи миллат ба ҳисоб рафта, ҳеҷ ягон қонуни дигар наметавонад хилофи меъёрҳои он амал кунад.

Аз баски Конститутсия яке аз қонунҳои асосии мамлакат ба ҳисоб рафта, тавассути он асосҳои сохтори конститутсиони, сохти идоракунии давлат ва пеш аз ҳама ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ба роҳ монда мешавад.

Ҳеҷ як давлати ҳуқуқбунёд наметавонад бе вуҷуди доштани қонуни асосии худ, яъне Конститутсия арзи вуҷуд дошта бошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, низ ба монанди дигар давлатҳои тарақикардаи ҷаҳон, яке аз давлатҳои демократию ҳуқуқбунёд ба шумор рафта, дорои қонуни асосии худ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 06-уми ноябри соли 1994 аз тариқи райъпурсии умумихалқи қабул шудааст ва ба он 26-уми сентябри соли 1999, 22-уми июни соли 2003 ва 22-уми майи соли 2016 тавассути райпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, дар худ моҳияти тамоми соҳаҳои ҳаёти иктисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фархангӣ ва ҳуқуқии давлату ҷомеаи тоҷиконро ифода менамояд ва амали он ҳамчун Қонуни асосии кишвар пеш аз ҳама, яке аз нишонаҳои муҳими соҳибихтиёрӣ буда, ба ҳайси манбаъ ё худ сарчашмаи ҳуқуқи давлатӣ хидмат мекунад.

Натиҷаҳои рушди ҷамъиятию сиесии ҷумҳурӣ сохтори ҷамъияти ва давлатии он муносибатҳои ҳамкорӣ ваколатҳои мақомоти олии ҳокимият, асосҳои ташкил ва тарзу усули идоракунии давлатӣ, фаъолияти ҳокимияти судӣ, ҳамчун рукни алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ, принсипҳои асосии ҳуқуқҳои интихоботӣ ва ҳолатҳои ҳуқуқии инсон ва шаҳрвандонро дар худ ифода кардааст.

Илова бар ин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқи роҳу равиш ва доираи амали қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар раванди тадбиқи ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон, давлат ва ташкилотҳои чамъиятию хусусӣ сарфи назар аз мавкеъ ва тарзи фаъолияташон муайян карда, ҳамзамон кафили риоя ва таъмини онҳо мебошад ва дар он самт Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи олии ҳуқуқӣ омили муҳим барои рушд ва татбиқу таъмини онҳо замина ва шароити мусоиду заруриро пойдор гардонидааст.

Устувории ҳама гуна муносибатҳо аз ҷумла сиёсиву иқдисодӣ ё фарҳангию иҷтимоӣ ва ба хусус ҳуқуқӣ ба Конуни асосии кишвар яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқамандии зич дорад.

Инчунин Конститутсия тамоми муносибатҳои дар ҷомеа ва давлат мавҷуд бударо дар як низоми муайяни ҳуқуқӣ ба танзим дароварда, ҳамзамон баҳри амали шудани ин муносибатҳо тавассути қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ, аз он ҷумла санадҳои ҳуқуқии байналхалқи, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  эътироф намудааст, ҳамчун асос, поя ва заминаӣ эътимоднок шароит муҳаё кардааст.

Ҳамин меъёрҳо дар навбати худ асос шудаанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд» (м. 5).

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки дар Тоҷикистон халқ баёнгари асосии соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё бо воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи забон ва рамзҳои давлатӣ халли худро бо пуррагӣ ёфтаанд.

Рамзҳои давлатии Тоҷикистон нишонахои хос ва муқаддаси давлату миллати тоҷик мебошанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайр аз ин шакли идоракунии президентиро муқаррар намудааст, ки тибқи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) мебошад (м.64).

Рушду тарақиёти ҷомеа, пешравии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, дар соҳаи иқтисоди, иҷтимои, сиёси, аз ҷумла ҳуқуқи водор намуд, ки ба Сарқонуни давлат тағйиротҳо ворид карда шавад. Ҳамин тавр 26-уми сентябри соли 1999 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда шуда, ин тағйиротҳо асосан ба бобби дуюми амалкунанда бахшида шуда, баҳри таъмину кафолати ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои инсону шаҳрванд ва давлату ҷомеа равона гардидаанд.

Аз ҷумла бо тағйироти соли 1999 мақомоти олии ҳокимяти кишвар ба маҷлиси дупалатаги табдил дода шуда, масъалаи таҷзияи хокимияти давлатӣ халли худро ёфтааст.

Бинобар ин Конститутсия муносибатҳои байни мақомоти марказии ҳокимиятро аз рӯи Принсипи таҷзияи он муайян намуд.

Яке аз принсипҳои асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ба ҳисоб меравад, ки оиди ин бевосита дар моддаи 9-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зайл муқаррар карда шудааст.”Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, ва судӣ амалӣ мегардад”.

 Яке аз вазифаҳои ҳокимияти судӣ иҷрои меъёрҳои Конститутсионӣ мебошад. Дар моддаи 19-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст. “Ҳар кас кафолати ҳифзи суди дорад.” Дар сурати поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд ва инсон ҳимояи онҳо аз ҷониби ҳокимияти суди ба амал бароварда мешавад.

Конститутсия моҳияти ҳокимияти судӣ ва мақсаду вазифаҳои онро муқаррар намуда, чунин меъёрро пешбини кардааст:  ”Ҳокимияти судӣ мустақил буда аз номи давлат ва аз тарафи судҳо амали мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.” Яъне судҳо ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ мустақил буда, фаъолияти худро аз номи давлат амали менамоянд ва танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат  мекунанд.

Тибқи муқаррароти моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амали гардида, он ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Вазифаҳои асосии ҳокимияти судӣ дар таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат ифодаи бевоситаи худро меёбад.

Муқаррароти моддаи мазкур амалу фаъолияти суд ва судяҳо, мустақилияти онҳо ва имконияти пурраю бегаразонаи баамалбарории адолати судиро таъмин менамояд.

Принсипи мустақилияти судяҳо яке аз талаботи асосии давлатӣ ҳуқуқбунёд буда, барои таъмини фаъолияти суди босалоҳият ва беғаразонае, ки дар асоси Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда таъсис дода шудааст, равона гардидааст. Инчунин мустақилияти судяҳо ба татбиқи принсипи баамалбарории адолати суди аз ҷониби судяҳо асос меёбад.

Айни замон пешрафти соҳаҳои гуногуни илми ва таҷрибави, пайдоиши институтҳои нави ҳуқуқи ва ғайраҳо зарурияти боз ҳам ворид намудани тағйиротҳоро ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш оварда истодааст.

Муҳтарам ҳамкасбони гироми ҳамаи Шуморо ва дар симои Шумо тамоми мардуми Тоҷикистони соҳибистиклолро бо ҷашни пуршукуҳ, Қонунии асосии мамлакат, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба Шумо сиҳативу саломати ва дар корҳои ояндаатон бурдбориҳоро таманно дорам. Бигзор Тоҷикистони мо доимо гулгулшукофон ва тинҷу осуда бошад.

 

Раҳмонализода Рухшона

Судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе