КОРНОМАИ ТАЪРИХӢ Ё ПАЁМИ СУЛҲИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Ваҳдати миллӣ ҳамчун ганҷи бебаҳо ва сарвати гаронарзиш паёми наҷотбахше гардид, ки миллати азиятдидаи тоҷикро аз вартаи навмедӣ ба кӯйи муроду фазои пурнишоти сулҳи пойдор раҳнамун сохт. Аз ин ҷост, ки мо ба ваҳдати деринтизори тоҷикон аз дилхоҳ паҳлу назар  кунем, он бо ташаббускориву иқдомҷӯӣ ва ватандӯстии амалгароёнаи  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври абадӣ  вобаста аст, зеро ин абармарди сиёсат  шоҳроҳи бузурги сарварию давлатдории хешро  бо паёми сулҳ оғоз ниҳоданд.

Далели ин гуфтаҳо  андешаи иброзкардаи худи Пешвои миллат аст, ки чунин зикр намуданд: «Мо аз рӯзҳои аввал давлатдориро аз паёми сулҳ оғоз намудем ва ин сиёсатро ба хотири оромиву осоиши кишварамон, хушбахтиву сарбаландии халқи азизамон ва наслҳои ояндаи мардумамон минбаъд низ идома медиҳем».

Бинобар ин,  ваҳдати миллӣ ҳамчун арзиши муқаддаси миллӣ аз сиришти маънавии сулҳпарваронаи миллати тоҷик ва хиради азалии ваҳдатгароёнаи халқи бузургворамон сарчашма гирифта бошад ҳам, маҳз хидматгузории барҷаста ва саҳмгузории шоистаи Пешвои маҳбубамон буд, ки хишти нахусти кохи пурҷилои оштиву ризоият асос гузошта шуда, он  умри пойдору  бунёди устуворро соҳиб гардид.

Пешвои миллат  ба аҳамияти таърихӣ ва моҳияти иҷтимоии ваҳдати миллӣ доимо баҳои муносиб дода, дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намуданд, ки «воқеан, иттиҳоди миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлатамон ва саодати рӯзгори мардумамон аз он ибтидо мегирад. Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад».

Маҳз корномаи таърихии Сарвари давлат буд, ки хавфи ҷиддии аз байн рафтани давлати тозаистиқлол ва парокандагии миллат аз миён бардошта шуда, дар ин ҷода неруҳои солими ҷомеа ва, умуман, кулли ҳамватанонамон ҷонибдор ва пуштибону такягоҳи хати сиёсии ба музокироту мусолиҳаи асосёфтаи роҳбарияти олии мамлакат гардиданд.

Ғояи ваҳдати миллии мо ба сифати назарияи созанда ҳарчанд ҳанӯз дар ибтидои ташаккули он аз  азму нияти нек ва хостаи қалби мардум  берун омада буд, дар тамоми марҳилаи гуфтушунидҳо, ҳатто пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ  бо мухолифатҳои ҷониби мухолифин ва гурӯҳҳои душмани сулҳ  дучор гашт. Дар ҳамин ҷараён барои дифоъ аз арзишҳои сулҳ ва татбиқи бандҳои созишнома ҷавонмардони зиёди сарсупурда басо фидокориҳо карда, ҷони азизи хешро қурбонӣ доданд.

Воқеан, агар  асоси пешрафти Тоҷикистон ба чанд поя устувор бошад, яке аз пояҳои марказии он ваҳдати миллист, ки  бақову ҳастии миллатро таъмин месозад, рушди устувори иқтисодиро таҳким мебахшад ва бар замми ин, нишони ифтихору сарфарозии  мо – соҳибватанон низ ба шумор меравад, чунки нақши созандаи сулҳу ваҳдат  ҳамчун ғояи умумимиллии ҳидоятгар ба сӯи фатҳи зинаҳои боз ҳам баландтари тараққиёту шукуфоӣ ба ҳақиқати комил ва бидуни баҳс табдил ёфтааст. Танҳо моро лозим аст, ки бо дарки аҳамияти сарнавиштсози ваҳдати миллӣ барои бақову пойдории миллати сарбаланд ва ватани аҷдодиамон бо ҳисси саршори садоқатмандӣ дар  маҷрои пурвусъати ободонию созандагӣ ва хуррамгардонию бунёдкорӣ, ки имрӯз таҳти сарварию роҳнамоии  Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саросари кишвари маҳбубу озодамонро ба муносибати таҷлили сазовор аз Ҷашни муқаддасу хуҷастаи миллиамон 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаро гирифтааст,  азму нияти қавӣ нишон дода, саҳму ҳиссаи нек ва  мондагор гузорем.

СУҲРОБ РУШАНЗОДА,

Раиси суди ноҳияи Сино