МАҶЛИСИ ТАНТАНАВИ БАХШИДА БА ҶАШНИ 28 – УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз 6 сентябри соли 2019 дар суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси тантанавӣ роҳбарияти суди шаҳри Душанбе роҳбарияти суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Маҷлисро Раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо Ҷашни бузурги миллӣ – Истиқлолияти давлатӣ табрик карда, дар бораи моҳияти Истиқлолият ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуданд.

Қайд карда шуд, ки Истиқлолият ҳамчун арзиши муқаддас ва муҳити озоди соҳибихтиёрӣ дар таърихи навини миллати тоҷик саҳифаи наверо варақгардон намуд, ки мову Шумо имрӯз дар фазои сулҳу амният ва осоишу оромӣ бо ҳисси ифтихори баланду сарфарозӣ 28 – солгарди онро таҷлил менамоем. Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ  –  Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси мақом ва ҷойгоҳи истиқлолият чунин зикр намуданд:

 

«Истиқлолият бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат барои ҳар миллате мебошад, ки худро шинохтааст ва таъриху тамаддуни хешро медонаду аз он ифтихор мекунад».

«Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад».

Дар идомаи маҷлиси тантанавӣ Муовини Раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Искандарзода Раъно ва судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Раҳмонализода Р. дар мавзӯъҳои «Истиқлолият бузургтарин сармояи миллати тоҷик» ва «Моҳият ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ» маърӯзаҳо намуданд.

Аз ҷумла қайд гардид, ки дар таърихи ҳар давлату миллат марҳилаҳое фаро мерасанд, ки бо назардошти моҳияташон сарнавиштсозанд. Муҳимтарин нишонаи давлати устувор ба даст овардани Истиқлолият, доштани рамзҳои давлати, Конститутсия ва ҳокимияти устувори конститутсионӣ мебошад. Бо эълон шудани Истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ дар арсаи ҷаҳонӣ бо таъриху фарҳанги тамаддунсози олам шинохта шуда, ба сӯи инкишофи мустақилона қадам равона кард.
Дар даврони истиқлол маҳз бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти судии кишвар низ воқеан ба яке аз шохаҳои мустақили ҳокимияти давлат табдил гардида, тадриҷан зина ба зина бо такмилу таҳкими қонунгузории соҳа ва амалӣ гардидани чорабиниҳои дар Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ пешбинигардида тақвият бахшид.

Инчунин бо фармоиши Раиси суд таҳти № 30 аз 05 сентябри соли 2019 барои софдилона амалӣ намудани фаъолият ва босифат иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ баҳри ба амал баровардани адолати судӣ ва бахшида ба ҷашни 28 – умин солгарди Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор кормандони дастгоҳи суд «Ифтихорнома» тақдим карда шуд.

Дар интиҳои маҷлиси тантанавӣ Муовини якуми Раиси суди шаҳри Душанбе Қурбониён А. ва судя суди шаҳри Душанбе Абдуғанизода А. иштироккунандагонро бори дигар бо фарорасии Ҷашни муқаддаси миллиамон шодбош гуфта, кори маҷлисро хотима бахшиданд.