МАҲСУЛИ АНДЕШАИ МИЛЛӢ

Таҳияи лоиҳаи Конститутсияи мамлакати озоду мустақиламон таърихномаи хоси худро дорад. Қабл аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ, аз рӯзҳои аввали соҳибихтиёрӣ зарурат ба миён омад, ки чунин санади олии ҳуқуқӣ таҳия шуда, тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардад. Зеро бе қабули Конститутсия таҳия ва қабули дигар санадҳои қонунӣ душвор буда, бояд ҳамаи санадҳои қонунӣ ба муқаррароти он мутобиқат дошта бошанд.

Соли 1994 имкону шароити лозима фароҳам омад, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардад. Қабл аз қабули он, барои таҳияи лоиҳаи Конститутсия гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфта, чанд лоиҳа пешниҳод гардид ва лоиҳаи Конститутсияи амалкунанда мақбулу мукаммал дони­ста шуда, ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод гашт.

Қобили эътироф аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо поягузори Истиқлолияти давлатӣ ва меъмори сулҳи тоҷикон, балки иқдомгар ва ташаббускори таҳия, қабул ва мавриди амал қарор гирифтани нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Чунки Пешвои муаззами миллат огоҳона ва оянданигарона дарк намуда буданд, ки танҳо бо қабули Конститутсия метавон низоми давлатдории миллиро барқарор карда, фазои мукаммали ҳуқуқиро ташаккул дод, раванди эчод ва амалишавии муқаррароти қонунгузории миллиро ба маҷро даровард ва муҳимтар аз ҳама ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшиду тантанаи ваҳдати сартосариро таъмин намуд. Аз ин ҷост, ки мақоми муҳим ва моҳияти барҷастаи Конститутсияро чунин баён доштанд:

«Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад, зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлатӣ мустақил мусоидат намуд».

Муҳимтарин хусусияти Конститутсияи мо ин арзиши олӣ эътироф намудани ҳуқуқҳои инсон ба шумор меравад. Ҳамаи фаъолияти давлат барои фароҳам овардани шароиту зиндагии сазовор барои одамон нигаронда шудааст. Давлат таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсонро ба дӯши худ гирифта, ин фаъолиятро тавассути шохаҳои масъулу ваколатдори ҳокимият амалӣ мекунад.

Конститутсия заминасоз ва роҳкушои корҳои бузурги созандагӣ барои таҳкими пояҳои истиқлолият ва устувор намудани пойдории муқаддасоти давлатӣ ва миллӣ гардид ва ҳамчун санади ҳидоятгар, қутбнамои бахти миллат, поягузори дастовардҳои бузургу пешрафтҳои азим ва яке аз рамзҳои муқаддаси миллӣ ин рисолати пуршарафу боифтихори хешро минбаъд низ ба иҷро хоҳад расонд.

РУШАНЗОДА СУҲРОБ

Раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе