НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲОИ СУДИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

«ТАСДИҚ МЕКУНАМ»

Раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Рушанзода С.Р.

28 январи соли 2019.

 

НАҚШАИ

чорабиниҳои суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вобаста ба иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон аз 26 декабри 2018 сол.

 

Номгуӣ чорабиниҳо Муҳлати

иҷроиш

Шахсони масъул
1 Ташкили омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри 2018 сол Моҳи феврал Раиси суд, муовинони Раис ва судяҳо
2 Андешидани тадбирҳо ҷиҳати баррасии бо сифат ва саривақтии парвандаҳои судӣ Мунтазам Раиси суд, муовинони раис ва судяҳо
3 Назорат ва андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати таъмини иҷрои санадҳои судӣ Мунтазам Раиси суд, муовинон ва судяҳо
4 Баргузор намудани баромадҳо дар воситаи ахбори омма, инчунин суҳбату вохуриҳо бо ахолӣ ҷиҳати фаҳмондадиҳии нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри 2018 сол, ва вобаста ба пешгирии содиршавии ҷиноятҳо алалхусус хусусияти террористӣ ва экстремистидошта бо мақсади баланд бардоштани фарҳанг ва дониши ҳуқуқии шаҳрвандон Мунтазам Раиси суд, муовинон ва судяҳо
5 Доир намудани баромадҳо ва нашри маколаҳо дар васоити ахбори омма ҷиҳати нақши ҳокимияти суди дар ҷомеа, нуқтаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳои ифродгарои, мубориза ва пешгирии ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор Мунтазам Раиси суд, муовинон ва судяҳо
6 Ташкил намудани омӯзиши забони русӣ Мунтазам Муовини Раиси суд Искандарзода Р.С., судяҳо Абдураҳимзода Д., Аҳмадзода Ф., Назарзода Н. Раҷабиён Л. Ҳамдамзода А.
7 Бозомӯзии истифодаи дурусти забони давлатӣ ва риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адаби, инчунин одоби муошират ва суханварӣ кормандони дастгоҳи суд Дар давоми соли 2019 Муовини Раиси суд Искандарзода Р.С., судяҳо Сафозода А.Г., Раҷабиён Л., Исозода Б. Ҳамдамзода А.
8 Риояи ҳатмии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» зимни баррасии аризаю шикоятҳо Дар давоми соли 2019 Муовинони Раиси суд ва судяҳо

 

Эзоҳ: Назорат аз болои иҷроиши нақшаи чорабиниҳои мазкур ба зиммаи Муовинони Раиси суд вогузор карда шавад.