НАҚШАИ КОРИИ СУДИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2020 – УМ

«ТАСДИҚ  МЕКУНАМ»

Раиси суди ноҳияи Синои  шаҳри Душанбе.

__________ Рушанзода С.Р.

    26 декабри соли  2019.

 

НАҚШАИ КОРИИ

СУДИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2020 – УМ

Номгӯи чорабиниҳо Муҳлати иҷроиш Шахсони масъул
1 Муҳокима ва ҷамъбасти фаъолияти суди ноҳия дар  соли 2019 Моҳи январ Раиси суд
2 Омӯзиши Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва омӯзиши боби 25 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мурофиа оид ба парвандаҳо дар бораи ҳифзи ҳуқуқи интихоботӣ ва ҳуқуқи иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсӣ Моҳи январ-феврал Муовинони Раиси суд, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд
3 Гузаронидани вохӯрию суҳбатҳо бо аҳоли, кормандони корхонаю муассисаҳо, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, донишҷуёни донишгоҳҳо, аҳли ҷамоатчигии ноҳия, вобаста ба омӯзишу фаҳмондадиҳии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 26 декабри 2019 сол «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, Қонунҳо вобаста ба вайронкардани қоидаҳои ҳаракати роҳ, аз ҷумла дар ҳолати масти, Қонунҳои амалкунанда, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқи вобаста ба эътирофи ҳуқуқи моликият ба сохтмонҳои худсарона, омодаги ба таҷлили Иди Наврӯз, таҷлили 23 – умин солгарди Ваҳдати Милли Мунтазам Раиси суд, муовинони Раис ва судяҳо
4 Иҷрои бандҳои дахлдори  Стратегияи милли мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухадир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 Мунтазам Раиси суд, муовинон ва судяҳо
5 Омӯзишу фаҳмондадиҳии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни аҳоли, нақши ҳокимияти суди дар ҷомеа, чопи мақолаҳо дар рузномаҳо, баромадҳо тавассути воситаҳои ахбори омма Мунтазам Раиси суд, муовинон ва судяҳо
6 Иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқот бо судяҳои ҷумҳурӣ аз санаи 21 ноябри соли 2019 Мунтазам Раиси суд, муовинон ва судяҳо
7 Ҷамъбасти амалияи cудии баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор (моддаҳои 200-201 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар соли 2019 баррасишуда Моҳи феврал Судяҳо Искандарзода Б. Раҳимзода Р. ва мушовирони суд
8 Ҷамъбасти амалияи суди вобаста ба баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оиди риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» (бо тағйиру иловаҳо) дар нимсолаи дуюми соли 2019 баррасишуда Моҳи  феврал Судяҳо:  Ашурзод Ҷ. Сафарзода Д. ва мушовирони суд
9 Ҷамъбасти амалияи cуди вобаста ба баррасии парвандаҳои оилавӣ оиди баҳсҳои меросӣ  дар соли 2019 баррасишуда Моҳи феврал Судя:  Шарифзода С. ва мушовирони суд
10 Ҷамъбасти амалияи суди вобаста ба баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оиди риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар нимсолаи дуюми соли 2019 баррасишуда Моҳи март Судяҳо: Исозода Б. Ғулом Б. ва мушовирони суд
11 Ҷамъбасти амалияи cуди вобаста ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати ноболиғон дар  соли 2019 баррасишуда Моҳи март Судя: Сафозода А. ва мушовирони суд
12 Ҷамъбасти амалияи суди вобаста ба баррасии парвандаҳои гражданӣ оиди бартараф намудани монеагӣ дар соли 2019 баррасишуда Моҳи март Судяҳо: Назарзода Н. Мустафозода Ш. ва мушовирони суд
13 Ҷамъбасти амалияи суди вобаста ба баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкуни маъмурӣ бо моддаи 93 прим 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2019 ва се моҳаи  аввали соли 2020 баррасишуда Моҳи апрел Судяҳо А.Искандарзод, Абдураҳимзода Л. ва мушовирони суд
14 Ҷамъбасти амалияи cуди вобаста ба баррасии парвандаҳои оилавӣ оиди муқаррар кардани падарӣ ва руёнидани алимент дар  нимсолаи дуюми соли 2019 ва се моҳаи аввали соли 2020 баррасишуда Моҳи апрел Судя Абдураҳимзода Д. ва мушовирони суд
15 Назорат вобаста ба баррасии саривақтии парвандаҳо аз ҷониби судяҳо ва пешгирии вайронкунии муҳлати баррасии парвандаҳо Мунтазам Муовинони Раиси суд ва мудирони дафтархонаҳои суд
16 Ҷамъбасти амалияи cуди вобаста ба баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 329 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар  соли 2019 баррасишуда Моҳи апрел Судя Сайдализода П. ва мушовирони суд
17 Омӯзиш ва таҳлили ҳолати иҷроиши санадҳои судӣ вобаста ба ҷазоҳои ҷарима, руёнидани боҷи давлатӣ ва руёнидани зарар Моҳи май Муовинони Раиси суд, мудирони дафтархонаҳои суд ва мушовирони суд
18 Ҷамъбаст ва таҳлили парвандаҳои судии боздошташуда, бе баррасӣ монондашуда Моҳи май Муовинони Раиси суд, дафтархонаҳои суд ва мушовирон
19

 

Иҷрои бандҳои дахлдори  Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 (2020 сол) Моҳи май Судяҳо Ҳамдамзода А., Аҳмадзода Ф. ва мушовирони суд
20 Ҷамъбасти амалияи cуди вобаста ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаи 117 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 баррасишуда Моҳи май Судяҳо Маҳмадзода Х., Амирзода Т.  ва мушовирони суд
21 Санҷиши фаъолияти дафтархонаҳои судӣ Ҳар се моҳ Муовинони Раиси суд, ва мушовирони суд

Эзоҳ: Назорат аз болои иҷроиши Нақшаи кории мазкур ба зиммаи Муовинони Раиси суд вогузор карда шавад.