НАҚШАИ КОРИИ СУДИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР НИМСОЛАИ ДУЮМИ СОЛИ 2019-УМ

«ТАСДИҚ МЕКУНАМ»

Раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Рушанзода С.Р.

20 июни соли 2019.

 

НАҚШАИ КОРИИ СУДИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ

ДУШАНБЕ ДАР НИМСОЛАИ ДУЮМИ СОЛИ 2019-УМ

 

Номгуӣ чорабиниҳо Муҳлати

иҷроиш

Шахсони масъул
1 Муҳокима ва ҷамъбасти фаъолияти суди ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2019 Моҳи июл Раиси суд
2 Гузаронидани вохурию суҳбатҳо бо аҳоли, кормандони корхонаю муассисаҳо, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умуми, донишҷуёни донишгоҳо,   аҳли ҷамоатчигии ноҳия, вобаста ба омӯзишу фаҳмондадиҳии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи

фарзанд, Қонунҳо вобаста ба вайронкардани қоидаҳои ҳаракати роҳ аз ҷумла дар ҳолати масти,   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеъи ва ҳуқуқи» Қонунҳои

амалкунанда, инчунин санадҳои     меъёрии ҳуқуқи вобаста ба эътирофи                     ҳуқуқи

моликият ба сохтмонҳои худсарона, омодаги ба таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мунтазам Раиси суд, муовинони раис ва судяҳо
3 Омӯзишу фаҳмондадиҳии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни аҳоли, нақши ҳокимияти суди дар ҷомеа, чопи мақолаҳо дар рузномаҳо, баромадҳо тавассути воситаҳои ахбори омма Мунтазам Раиси суд, муовинон ва судяҳо
4 Иҷрои бандҳои дахлдори Стратегияи милли мубориза бар зиди гардиши ғайриқонунии маводи мухадир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020. Мунтазам Раиси суд, муовинон ва судяҳо
5 Ҷамъбасти амалияи суди вобаста ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ марбут ба савдои одамон дар нимсолаи дуюми соли 2018 ва аввали соли 2019 баррасишуда Моҳи июл Муовини якуми Раиси суд Одиназода М.Ҷ. ва мушовирон
6 Ҷамъбасти амалияи судии баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаи 164 КҶ ҶТ дар нимсолаи дуюми соли 2018 ва аввали соли 2019 баррасишуда Моҳи июл Судя Мустафозода Ш. ва мушовирони суд
7 Ҷамъбасти амалияи суди вобаста ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаи 237 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла ноболиғон дар нимсолаи дуюми соли 2018 ва аввали соли 2019 баррасишуда Моҳи июл Судя Саидализода П. ва мушовирони суд
8 Ҷамъбасти амалияи суди вобаста ба баррасии парвандаҳои гражданӣ оиди руёнидани қарз (кредит) дар нимсолаи дуюми соли 2018 ва нимсолаи аввали соли 2019 Моҳи июл Судя Шарифзода С. ва мушовирони суд
9 Ҷамъбасти амалияи суди вобаста ба баррасии парвандаҳои оилавӣ оиди муқаррар кардани падари ва руёнидани алимент дар нимсолаи аввали соли 2019 Моҳи июл Судя Раҳимзода Р. ва мушовирони суд
10 Назорат вобаста ба баррасии саривақти парвандаҳо аз ҷониби судяҳо ва пешгирии вайронкунии муҳлати баррасии парвандаҳо Мунтазам Раиси суд, ёрдамчии Раиси суд ва дафтархонаҳои судӣ
11 Ҷамбаст ва таҳлили парвандаҳои судии боздошташуда ва бе барраси монондашуда Мунтазам Раиси суд, ёрдамчии Раиси суд ва дафтархонаҳои судӣ
12 Иҷрои бандҳои дахлдори Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020  (2018 – 2020) Моҳи август Судя Ҳамдамзода А.В. ва мушовирон
13 Омӯзиш ва таҳлили ҳолати иҷроиши санадҳои судӣ вобаста ба ҷазоҳои ҷарима, руёнидани боҷи давлатӣ ва руёнидани зарар. Моҳи сентябр Раиси суд, ёрдамчии Раиси суд мушовирони суд ва дафтархонаҳои судӣ
14 Ҷамъбасти амалияи суди вобаста ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 460 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2018 ва аввали соли 2019 Моҳи сентябр Судяҳо Исозода Б.Ч., Аҳмадзода Ф.М. ва мушовирон
15 Ҷамъбасти амалияи суди вобаста ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 479 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2018 ва аввали соли 2019 Моҳи сентябр Судя Сафарзода Д.А. ва мушовирон
16 Ҷамъбасти амалияи суди вобаста ба баррасии парвандаҳои гражданӣ оиди руёниш аз молу мулки ба гарав гузошта шуда, дар нимсолаи аввали соли 2019 баррасигардида Моҳи сентябр Судя Раҳмонализода Р. ва мушовирон
17 Ҷамъбасти амалияи суди вобаста ба баррасии парвандаҳои оилавӣ оиди аъзои оилаи молик эътироф намудан ва маскун кардан ба манзили истиқомати, дар нимсолаи аввали соли 2019 баррасигардида Моҳи октябр Судя Назарзода Н.О. ва мушовирон
18 Иҷроиши саривақтии супоришҳои хаттии Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мунтазам Судя Сафозода А.Г., ёрдамчии Раиси суд мушовирон
19 Санҷиши фаъолияти дафтархонаҳои судӣ, тартиби ҳуҷҷатгузори, коркард дар бойгонии суд Ҳар се моҳ Муовини якуми Раиси суд ва мушовирон
20 Назорат оиди фаъол будани сомонаи суд, дастраси ба сомона Мунтазам Раиси суд, ёрдамчии Раиси суд
21 Ҷамъбасти амалияи суди вобаста ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2018 ва нимсолаи аввали соли 2019 Моҳи октябр Судяҳо А.Искандарзод, Абдураҳимзода Л. ва мушовирон
22 Ҷамъбасти амалияи суди вобаста ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 93 прим 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2018 ва нимсолаи аввали соли 2019 Моҳи октябр Судяҳо Маҳмадзода Х.Б., Раҷабиён Л. ва мушовирон
23 Ҷамъбасти амалияи суди вобаста ба баррасии парвандаҳои гражданӣ оиди эътироф намудани ҳуқуқи моликият ва кучонидан аз манзили истиқомати бе додани манзили истиқоматии дигар (аз ҷумла бо даъвои бонкҳо) дар нимсолаи дуюми соли 2018 ва нимсолаи аввали соли 2019 баррасигардида Моҳи ноябр Муовини Раиси суд ва мушовирон
24 Ҷамъбасти амалияи суди вобаста ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 541 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2018 ва нимсолаи аввали соли 2019 Моҳи ноябр Судяҳо Ашурзод Ҷ., Искандарзода Б. ва мушовирон
25 Ҷамъбасти амалияи судии баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаи 177 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2018 ва нимсолаи аввали соли 2019 баррасишуда Моҳи ноябр Судя Амирзода Т.М. ва мушовирон
26 Ҷамъбасти амалияи суди вобаста ба баррасии парвандаҳои оилавӣ оиди бедараг ғойибшуда ва фавтида эълон кардани шахс дар нимсолаи дуюми соли 2018 ва нимсолаи аввали соли 2019 баррасишуда Моҳи ноябр Судя Абдураҳимзода Д.С. ва мушовирон

 

Эзоҳ: Назорат аз болои иҷроиши нақшаи кории мазкур ба зиммаи Муовинони Раиси суд вогузор карда шавад.