ҲОКИМИЯТИ СУДӢ – РУКНИ МУСТАҚИЛИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ

Дар таърихи давлати соҳибистиқлоламон минбаъд ҳамасола санаи 26 — уми октябр ҳамчун Рӯзи кормандони суд ботананта таҷлил мегардад.Ба ин муносибат, ҳамаи Шумо ҳамкорони азизро бо ин санаи фархунда — иди касбии ҳамаи мову Шумо табрик гуфта, ба хонадони ҳар кадоми Шумо файзу осудагӣ, ба Ватани маҳбубамон сулҳу осоиштагӣ, пешрафт ва тинҷию оромӣ орзу менамоям.

Чи тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати милли — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомали Рахмон таъкид доштанд: «Баъди қабули Конститутсияи кишвар ва ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардидани суд давлат ҷиҳати таҳкими асосҳои он пайваста таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд.

Дар ин раванд давра ба давра татбиқ шудани ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ ва дар доираи он такмилу таҳким бахшидан ба сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ, мустаҳкам намудани асосҳои моддиву техникии онҳо ва беҳтар кардани вазъи ҳуқуқиву иҷтимоии судяҳо аз ҷумлаи ин тадбирҳо ба шумор меравад».

Воқеан ҳам тайи солҳои истиқлолият давлат барои мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ — техникии фаъолияти судҳо, баланд бардоштани эътибору ҷойгоҳи он тадбирҳои муҳимеро амалӣ намуд. Инчунин заминаҳои меъёрӣ — ҳуқуқии фаъолияти мақомоти судӣ мукаммал гардида, ба санадҳои қонунии танзимкунандаи кори судяҳо тағйироту иловаҳои зарурӣ ворид карда шуданд.

Лозим ба ёдоварии хос аст, ки боло бурдани ҷойгоҳи мақомоти судӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои фаъолияти он маҳз тавассути таваҷҷӯҳи пайваста ва дастгирии доимии Пешвои муаззами миллат амри воқеӣ шуд.

Аз шарофати истиқлолияти давлатӣ ва баракати Ваҳдати миллист, ки имрӯз суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафолати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд амал карда, дар раванди ҳифзи ҳуқуқҳои шахс, чойгоҳ ва мақоми марказиро дорост. Мустақилона, босалоҳият ва бидуни дахолати мақомоти дигар фаъолият намудани низоми судии Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки адолати судӣ ба маънии томаш таъмин гардида, сатҳу сифати ҳифзи ҳуқуқи шахсият баланд бардошта шавад, ки чунин воқеият дар таърихи пойдории мақомоти судии Тоҷикистон падидаи муҳим ба ҳисоб меравад.

Низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути амалӣ намудани адолати судӣ, таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон фаъолият намуда, бо ин роҳ дар мустаҳкам намудани пояҳои Вахдати миллӣ ва пешрафти ватанамон саҳми арзанда мегузорад.

Мо кормандони суди ноҳияи Сино дар фаъолияти ҳамарӯзаи хизматии хеш, таъкидҳои Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар хусуси таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд сармашқи кори худ қарор дода, бо масъулиятшиносии баланд, дарки муқаддасоти касбӣ тамоми азму талоши лозимро анҷом дода истодаем, то эътимоди мардум ба низоми ҳуқуқии давлат доимо боло бошад, меъёри адолати судӣ ҳамеша тантана кунад ва ҳуқуқи инсон ҳамчун арзиши олӣ устувору побарҷо ва бегазанд боқӣ монад.

Бори дигар, Шуморо бо иди касбӣ — Рӯзи кормандони суд самимона табрик гуфта, бароятон тансиҳатӣ, хонаободӣ, оромию осудагии рӯзгор, зиндагии шоиста ва сарбаландӣ орзу менамоям.

Ид муборак, ҳамкасбони гиромиқадр.

 

                                                                           СУҲРОБ РУШАНЗОДА,

Раиси Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе