ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ШОҲКОРӢ ТО САДОҚАТ БА ИСТИҚЛОЛИЯТ

Ҳакиқати таърихист, ки барои дилхоҳ миллати мубориз ва озодипарвар истиқлолият неъмати гаронарзиш, сарвати муқаддас ва рамзи ҳастии пуршараф ба ҳисоб меравад. Посдории арзишҳои маънавӣ ва асолати миллӣ низ ба шарофати истиқлол имконпазир буда, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва таъмини бақои бардавоми давлат низ аз баракати соҳибихтиёрӣ ва мустақилият ба даст меоянд.

Аз ҳамин дидгоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо мавридшиносона ва ҳақнигорона таъкид доштанд, ки «Истиқлолияти давлатӣ ҳувияи миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард».

Ин андешаи хирадварзонаи Пешвои муаззами миллат, ки нақши истиқлолиятро дар самти ҳувиятсозии бештари миллӣ ва заминасозии ваҳдати фарогиртар муҳим ва барҷаста медонанд, ишораи нуқтабинона ба ду ҷанбаи калидии Истиқлолияти давлатист.

Дуруст аст, ки имрӯз дар мавзӯи истиқлолият дар байни аҳолӣ, бо истифода аз минбарҳои суҳбату вохӯриҳо, конфронсу ҷаласаҳо, ҷамъомаду маҳфилҳо ва воситаҳои ахбори омма суханрониву баёни андеша ва афкори ватанхоҳона зиёд аст, ки ҷойи қадрдониву баҳогузории шоиста мебошад. Аммо, ба ақидаи инҷониб, хати марказии фикру ақидаи ҳар яки мо роҷеъ ба Истиқлолияти давлатӣ ва нақши муҳими он дар сарнавишту бақои миллат бояд аз суханони пурмазмуни Пешвои миллат перомуни Истиқлолияти давлатӣ сарчашма гирад, ки зимни маърӯзаву нутқҳои пурмуҳтавои хеш баён доштаанду дар чандин китобҳояшон низ ба табъ расидаанд. Зеро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, балки поягузори Истиқлолияти давлатӣ низ ба шумор мераванд. Бақои миллат, пойдории Истиқлолияти давлатӣ, инчунин ноил гардидан ба муҳимтарин дастоварди он – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ маҳсули хиради бузург, талоши ватандӯстона, ташаббуси ҷасоратмандона ва иқдомоти таърихсозонаи Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Садоқат ва самимияти хосси Пешвои миллат нисбат ба мафҳуми истиқлолият ва муқаддас будани он аз суханрониҳояшон бармеояд, ки ҳамеша ифтихормандонаву сарфарозона истиқлолиятро «неъмати бебаҳои таърихӣ», «шарти ҳастиву бақои миллат», «кафили фардои дурахшон», «муқаддастарину азизтарин неъмат», «рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ», «нишонаи бақову пойдории давлат» ва «рӯйдоди бузурги таърихӣ» эълон дошта, ҳамагонро бо муттаҳидиву сарҷамъӣ ва ҳушёронаву зиракона барои ҳифзу таҳкими Истиқлолияти давлатӣ даъват менамояд.

Дар маҷмӯъ, метавон асосноку бобунёд хулоса намуд, ки ҳама азму талош ва кӯшишу ҳиссагузории беназири Пешвои миллат дар ҷодаи поягузорӣ ва таҳкимбахшии Истиқлолияти давлатӣ тавассути эҷоди фазои сулҳ, эъмори низоми ҳуқуқӣ ва қонунӣ, эҳёи иқтисод ва таъмини рушди устувор, беҳбудии сатҳи иҷтимоии шоиста, боло бурдани эътибори байналмилалии Тоҷикистон ба навъи худ шоҳкории азими каҳрамонона буда, арзиш, мақом ва моҳияти барҷаста ва абадии таърихӣ дорад.

 

СУҲРОБ РУШАНЗОДА,  

Раиси Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе