ПРЕЗИДЕНТИ МАРДУМӢ ФАЗИЛАТЕ, КИ ПУШТИБОНИИ АФЗОЯНДАРО СОҲИБ АСТ

Ҳарчанд дар мавриди самимияту садоқати Пешвои миллат ба халқ бисёр гуфтаанд, лек ҳамин ҷанбаи кишвардории хирадсолоронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханрониашон дар маросими савгандёдкунӣ, ки 30 октябри соли равон сурат гирифт, аз забони худашон бо эҳсоси таъсирбахш садо дод, ки ҳамагонро бори дигар ба покии қабл ва нияти неки Президенти мамлакат эътиқодманд сохт.

Дар сархати аввали матни суханрониашон дар маросими савгандёдкунӣ Пешвои миллат аз калимаву ибораҳои ифодакунандаи ботини пурсафояшон, назири «бо камоли эҳтиром», «муҳаббату садоқати фарзандӣ», «эътиқоду бовари бузург», «сипоси бепоён», «миннатдории самимӣ» истифода карданд, ки пиру барнои кишварро ба ваҷд оварданд.

На ҳар сарвари давлату роҳбари мамлакат бо халқаш чунин ошкорову самимона ҳарфи дил мегӯяд ва муҳаббату самимияти қалбашро бепарда дар миён мегузорад. Фазилати баланди инсонӣ ва камолоти олии сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бинобар таъкиди худашон «ҳамчун фарзанди халқи азизи Тоҷикистон» ба мардуми кишвар ҳисси волои эҳтиромгузорӣ нишон дода, барои ибрози садоқати худ ҳамчун Президенти мардумӣ бо халқ ба ҷуз сухани самимӣ ҳарфи дигареро изҳор намедоранд.

Сифати дигари барҷастаи таҷрибаи омӯзандаи роҳбарии Пешвои миллат дар он аст, ки ҳамеша аз ҷонибдориву пуштибонии халқи шарафманди Тоҷикистон бархӯрдор ҳастанд ва бояд бигӯем, ки на ба ҳар роҳбару сарвар муяссар мегардад, ки тӯли даҳсолаҳо чунин сатҳи баланди пуштибонии афзояндаи мардумӣ дошта бошад.

Барои Пешвои муаззами миллат ба гуфтаи худашон «чунин пуштибонии самимии мардуми шарафманди кишвар, дуо хайри падарону модарон, собиқадорону пирони рӯзгор ва махсусан дастгирии фаъолонаи ҷавонони ватандӯсту бонангу номус» омили рӯҳбахшу нерурасон ба шумор меравад.

Вақте Президенти мамлакат бо ҳисиёти хос иброз доштанд, ки «ман бо нону намаки халқи бузургворам ба ин мартаба расидам» ва дар идома нахуст «ба номи поки Худо» ва баъдан ба «нону намаки мардуми шарифи Тоҷикистон» савганд ёд намуданд, садоқаташонро ба арзиши наҷиби маънавии миллатамон – пос доштани неъмат, қадр намудан ва гиромӣ доштани он зоҳир карданд, ки хеле ба мавриду басо хушоянд садо дод.

Пас, дар ҷавоб ба ин ҳама садоқату самимияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки мо – соҳибватанон бояд пайрави воқеии кору амали созандаи Роҳбари давлат бошем ва бо сарҷамъиву иттиҳоди боз ҳам мустаҳкамтару содиқона раванди бемайлони рушди фарогири миллӣ ва шукуфоиву равнақи Ватани маҳбубамонро боз ҳам вусъат бахшем.

СУҲРОБ РУШАНЗОДА

Раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе