Рисолати раҳнамунсози Парчами давлатӣ

Дар байни ҷашнҳои давлатӣ чанд санаи муҳим ва хуҷаста вуҷуд доранд, ки аз як ҷониб, ба афзун гардидани ҳисси ифтихормандӣ боис гарданд, аз ҷониби дигар, масъулияти фардиву ҷамъиятиро барои дифоъ аз арзишҳои истиқлолият, гиромидошти хотираву анъанаи гузаштагон ва дарки рисолати шаҳрвандӣ барои имрӯзу ояндаи Ватани маҳбубамон дучанд зиёд мегардонанд.

Бешубҳа, аз ҷумлаи он ҷашнҳои шоиста Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки сол то сол бо шукӯҳмандии хос дар мамлакат аз тарафи пиру барно бо нишони садоқат ба марзу буми муқаддас, бо хушнудӣ таҷлил мегардад.

Агар ба ҳақиқати таърихӣ рӯ орем, гузаштагон ҳазорҳо сол зери ливои ваҳдату ягонагӣ ва ҳамдилӣ ватану миллат, озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя намудаанд. Аз ин лиҳоз, Парчами давлатӣ баёнгари мавҷудияти миллати соҳибдавлат ва тамаддунофари тоҷик, иттиҳоду сарҷамъии мардуми он мебошад.

Аз нигоҳи муносибат эҳтиром ба парчам ҳамчун ҷузъи муқаддасоти миллӣ дар вуҷуди ҳар соҳибватани огаҳдилу худшинос ҳисси азалӣ ва ифтихори абадист, аммо ба ҳайси санаи алоҳидаи давлатӣ, ҳамчун ҷашн таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатӣ гувоҳи барҳақ ба фарҳанги баланди ҳуқуқӣ, маданияти ибратбахши сиёсӣ ва садоқати саршори ватанхоҳию меҳанпарастӣ аст.

Маҳз аз ҳамин дидгоҳ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 сазовор ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатиро зарур шумориданд, ки нишоне аз шинохти воқеии рисолати раҳнамунсози Парчами давлатӣ аз ҷониби Сарвари мамлакат аст.

Тавре мардуми шарифи ҷумҳурӣ огаҳӣ доранд, Сарвари давлат 3 ноябри соли 2009 ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро пешниҳод намуданд. Мувофиқи он Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани 24 ноябр ва ҳамчун рӯзи ид ҷашн гирифтани он дар назар дошта шуда буд. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ лоиҳаи қонуни зикршударо қабул намуд ва 19 ноябри ҳамон сол дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардид.

Инчунин, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон тағйиру иловаҳо ворид гарид, ки бар асоси он ба шаҳрвандони кишвар ҳуқуқи истифодаи Парчами давлатӣ дода мешавад. Бо қабули меъёри мазкур сокинони мамлакат ҳуқуқ пайдо карданд, ки бо эҳсоси саршори ифтихору сарфарозӣ аз ин рамзи муқаддаси давлатӣ истифода намоянд.

Дуруст аст, агар гӯем, ки он ҳама дастоварди азим, пешрафтҳои бузургу таърихие, ки тӯли 29 соли соҳибистиқлолӣ ноил гардидем, таҳти сарварии шуҷоатмандона ва оқилонаи Пешвои миллат ва зери партавфишонии Парчами давлат ба воқеият табдил ёфтанд. Пешвои миллат ҷойгоҳу мақоми Парчами давлатиро барои соҳибдавлативу пойдории миллат ҳамеша дар суханрониҳояшон намоёну барҷаста таъкид менамоянд, ки иқтибоси зерин далели ин гуфтаҳост: «Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад.».

Алҳол Парчами давлатии Тоҷикистон дар гӯшаҳои гуногуни сайёра, зимни чорабиниҳои сиёсӣ, анҷуманҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои бонуфузи варзишӣ баланд гашта, аз гул-гулшукуфӣ ва пешрафти давлат ва баланд гаштани мақому манзалати он дар арсаи байналхалқӣ башорат медиҳад.

Парчами давлатӣ рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, иқболи баланд, умед ба ояндаи нек ва сарбаландии миллат мебошад. Аз ин рӯ, бояд талош намоем, ки он ҳар фарди бонангу номуси кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳо ҳидоят намояд.

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар замири ҳар фарди ватандӯст эҳсоси дӯст доштани марзу буми кишварро бамаротиб зиёд менамояд, зеро он рамзи воқеии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг ва дар маҷмӯъ, ба арзишҳои ахлоқию маънавии кишвар мебошад.

Пас биёед, таҳти партавфишонии Парчами давлатӣ ба сӯи комёбиҳову музаффариятҳои пурарзиш бо ҳамдиливу иттиҳод қадамҳои устувор гузорем ва ҷашнвораи муқаддаси миллӣ – 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатиро бо саҳмгузории арзанда дар ҷодаи ободиву шукуфоии Ватани азизамон истиқбол бигирем.

СУҲРОБ РУШАНЗОДА,

раиси Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе