ШАНБЕГӢ ДАР СУДИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Рӯзи 7-уми декабри соли 2019 баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вусъат бахшидани корҳои ободонии биноҳои маъмурии судҳо ва гирду атрофи онҳо ба истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, шанбегӣ ва чорабиниҳои ободонию бунёдкорӣ гузаронида шуд.