ШАНБЕГӢ ДАР СУДИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Рӯзи 04 апрели соли 2020 баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вусъат бахшидани корҳои ободонии биноҳои маъмурии судҳо ва гирду атрофи онҳо ба истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, шанбегӣ ва чорабиниҳои ободонию бунёдкорӣ гузаронида шуд.