СУХАНИ ТАБРИКОТИ БАХШИДА БА ҶАШНИ ИДИ НАВРӮЗИ АҶАМ

Ҳамкасбони азиз ва шаҳрвандони муҳтарам!

Бо самимияти бе поён Шуморо бо фарорасии иди Баҳор Наврӯзи Хуҷастапай табрику муборакбод гуфта, бароятон саломатии бардавом, камоли умру саодати рӯзгорро таманно дорам.

Воқеъан бо ташаббусу талошҳои сатҳи ҷаҳонии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди фархундаи миллии мо Нарӯзи Аҷам аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид ҷашни байналмиллалӣ эълон гардид.

Дар фарҳанги мардуми мо ҷашни хуҷастаи Наврӯз ниҳоят азизу арҷманд буда, ба таври оммавӣ бо иштироки ҳамаи мардум, дар фазои идона ва бо шукӯҳу шаҳомати хос ҳамасола таҷлил карда мешавад.

Ин ҷашни умумимиллӣ барои халқи мо мероси таърихӣ ба шумор меравад, зеро он аз гузаштагони дурамон ба ёдгор мондааст.

Чӣ тавре Пешвои муаззами миллат таъкид доштанд: «ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Нарӯз гувоҳи он аст, ки одамони сайёра ба ин ойини воқеъан ва моҳиятан фарҳангиву инсонпарварона эҳтиром доранд ва онро ҳамчун воситаи сулҳу субот, покиву садоқат ва зебоиву бедорӣ эътироф менамоянд.»

Наврӯз барои мардуми мо натанҳо хушнудиву шодмонӣ меорад, балки як восита ва айёми созандагиву ободкорӣ буда, ба пешрафту ободии ҳар як хонадон, маҳалли зист, шаҳру ноҳия ва дар маҷмӯъ ба ободии сарзаминамон мусоидат менамояд.

Боиси шодмонӣ ва ифтихори зиёд аст, ки ҷашни Наврӯз дар кишвари азизи мо сол то сол дар фазои хурраму ободтар баргузор мегардад.

Иди Наврӯз аз замони пайдоиш то ба имрӯз аз ҷашнҳои бузургтарини суннатии ҳамаи мардумони ориёинажод шинохта шуда, таи ҳазорсолаҳо арзи вуҷуд дорад.

Наврӯз дар тасавуроти ниёгони мо оғоз ёфтани соли нав аст, зеро давомнокии шабу рӯз дар ин вақт баробар шуда, рӯшноӣ афзуда, ба торикӣ пирӯз шудан мегирад.

Яке аз фазилатҳои барҷастаи таҷлили ҷашни Наврӯз ҳамдиливу сарҷамъии аҳли ҷомеа ва хушҳоливу хурсандии хурду бузурги мардум мебошад.

Эҳёи бомароми расму оинҳои накӯи наврӯзӣ ба тарғибу ташвиқи шоистаи он дар ҷумҳурӣ ва берун аз он бешак собит месозад, ки Тоҷикистон Ватани Наврӯз ва ворису посдори ин суннати пурифтихори бостонӣ аст.

Мо кормандони мақомоти судӣ аз чунин анъанаи мероси ниёгон эҳсоси ифтихор намуда, кӯшиши дучанд менамоем, ки онро ривоҷу равнақ бидиҳем.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи Шуморо бо Ҷашни Наврӯзи оламафрӯз самимона табрик гуфта, қалби поку иродаи қавӣ, ватандӯстиву садоқати бепоён, сарбаландиву пирӯзиҳо, саломатии бардавом ва баракати фаровон орзу менамоям.

ҶАШНИ НАВРӮЗ МУБОРАК, САЛОМАТУ САРФАРОЗ БОШЕД!

Раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

РУШАНЗОДА СУҲРОБ РУШАН