ВОХУРИЮ СУҲБАТҲО БО КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ САЛОМАТИИ ШАҲРИ № 2 – ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Баҳри иҷрои банди 2 Нақшаи кории суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар нимсолаи дуюми соли 2019 судяҳои суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Сафозода А. Г., Абдураҳимзода Л.А., Маҳмадзода X., Мустафозода Ш., ва мушовири суд Кенҷазода О.Х., бо кормандони Маркази саломатии шаҳри № 2 шаҳри Душанбе санаи 14 сентябри соли 2019 вохури гузаронида, дар мавзӯҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзишу фаҳмондадиҳии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 26-уми декабри соли 2018, пешгирии содиршавии ҷиноятҳо, алалхусус, хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта, нақши ҳокимияти судӣ дар ҷомеъа, нуқтаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, мубориза ва пешгирии ҷиноятҳо вобаста ба савдои одамон, Қонунҳо вобаста ба вайрон кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба эътирофи ҳуқуқи моликият ба сохтмонҳои худсарона баромад карданд.

Дар вохури ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои муфассал дода шуд.