ВОХУРИЮ СУҲБАТҲО БО КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ САЛОМАТИИ ШАҲРИ № 9 – ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Санаи 21 сентябри соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Маркази саломатии шаҳрии № 9 – и шаҳри Душанбе вохурии судяҳои суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Сафозода А. Г., Раҳмонализода Р.Р., Саидализода П. ва мушовири суд Кенҷазода О.Х., бо кормандони Маркази мазкур баргузор гардид.

Дар вохури судяҳо дар мавзӯҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзишу фаҳмондадиҳии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 26-уми декабри соли 2018, пешгирии содиршавии ҷиноятҳо, алалхусус, хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта, нақши ҳокимияти судӣ дар ҷомеъа, нуқтаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонунҳо вобаста ба вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ, аз ҷумла дар ҳолати мастӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, мубориза ва пешгирии ҷиноятҳо вобаста ба савдои одамон, Қонунҳо вобаста ба вайрон кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба эътирофи ҳуқуқи моликият ба сохтмонҳои худсарона баромад карданд.

Иштирокчиёни вохури изҳори қаноатманди намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои муфассал гирифтанд.