26-УМИ ОКТЯБР РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ ДАР ҶОДАИ ТАЪМИНИ АДОЛАТИ СУДӢ

Рӯйдоди фараҳбахше аз баракати истиқлол ва файзи соҳибватанӣ имсол ба номгӯи идҳои касбӣ илова гардид, ки бо эҳсоси сарфарозӣ инро таҷлил менамоем. Ин ҳам бошад, дар асоси тағироту иловаҳои ба Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи рӯзҳои ид», таҷдил намудани санаи 26 октябр — Рӯзи кормандони мақомони  судӣ мебошад. Чи тавре ки Асосгузори сулху Вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: «Баъди кабули Конститутсияи кишвар ва хмчун шохаи мустакили хркимияти давлатӣ эътироф гардидани суд давлат ҷиҳати тахкими асосҳои он пайваста таваҷҷух, зохир менамояд.

Дар ин раванд давра ба давра татбиқ шудани исдоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ ва дар доираи он такмилу таҳким бахшидан ба сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ, мустаҳкам намудани асосҳои моддиву техникии онҳо ва беҳтар кардани вазъи ҳуқуқиву иҷтимоии судяҳо аз ҷумлаи ин тадбирҳо ба шумор меравад».

Воқеан, тайи солҳои истиқлолият давлат барои мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ — техникии фаъолияти судҳо, баланд бардоштани эътибору ҷойгоҳи он тадбирҳои муҳимеро амалӣ намуд. Инчунин заминаҳои меъёрӣ — ҳуқуқии фаъолияти мақомоти судӣ мукаммал гардида, ба санадҳои қонунии танзимкунандаи кори судяҳо тағироту иловаҳои зарурӣ ворид карда шуданд.

Лозим ба ёдоварии хос аст, ки боло бурдани ҷойгоҳи мақомоти судӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои фаъолияти он маҳз тавассути таваҷҷуҳи пайваста ва дастгирии доимии Пешвои муаззами миллат амри воқеӣ шуд.

Аз шарофати истиқлолияти давлатӣ ва баракати Вахдати миллист, ки имрӯз суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафоли ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд амал карда, дар раванди ҳифзи ҳуқуқҳои шахс ҷойгоҳ ва мақоми марказиро дорост. Мустақилона, босалоҳият ва бидуни дахолати мақомоти дигар фаъолият намудани низоми судии Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки адолати судӣ ба маънии томаш таъмин гардида, сатҳу сифати ҳифзи ҳуқуқи шахсият баланд бардошта шавад, ки чунин воқеият дар таърихи пойдории мақомоти судии Тоҷикистон падидаи муҳим ба ҳисоб меравад.

Низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути амалӣ намудани адолати судӣ, таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон фаъолият намуда, бо ин роҳ дар мустаҳкам намудани по- яҳои Вахдати миллӣ ва пешрафти ватанамон саҳми арзанда мегузорад.

Мо — кормандони мақомоти судӣ дар фаъолияти ҳамарӯзаи хизматии хеш таъкидҳои Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар хусуси таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд сармашқи кори худ қарор дода, бо масъулиятшиносии баланд, дарки муқаддасоти касбӣ тамоми азму талоши лозимро анҷом дода истодаем, то эътимоди мардум ба низоми ҳуқуқии давлат доимо боло бошад, меъёри адолати судӣ ҳамеша тантана кунад ва ҳуқуқи инсон ҳамчун арзиши олӣ устувору побарҷо ва бегазанд боқӣ монад.

Бо иди касбии — Рӯзи кормандони мақомоти судӣ хамаи кормандони ин шохаи мустақили ҳокимияти  давлатиро самимона таҳният гуфта, таманнои он дорам, ки эҳсоси баланди ватандори, нангу номуси миллӣ ва ифтихор аз мукдддасиву пойдории Ваҳдати халқи зизамон ҷовидона ва оламгир бошад.

 

Раиси суди ноҳияи Синои

шаҳри Душанбе

Рушанзода С.Р.