27 – СОЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН

Бори нахуст дар таърихи давлатдории тоҷикон Конститутсия тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки мувофиқи он мардум худро ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар назди наслҳои гузашта, ҳозираю оянда масъул ва вазифадор дониста, пуштибони соҳибихтиёрии давлати худ, эҳтиромдори ҳуқуқу озодиҳои афрод, таҳкимбахши дӯстии тамоми халқияту миллатҳо ва бунёдгари ҷомеаи адолатпарварро эълом доштанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои дебоча, 10 боб ва 100 модда иборат мебошад, ки меъёрҳои он баробарии ҳамаро дар назди қонун эълон намуда, кафолати ҳуқуқу озодиҳоро ба ҳар кас қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ ва мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва моликият ба дӯши давлат вогузор намудааст ва ин дар маҷмӯъ барои бунёди ҷомеаи воқеан демократӣ, ки дар он халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ фаҳмида мешавад.

Бо дарназардошти талаботи рӯзафзуни ҳаёт ва бо мақсади тезонидани ҷараёни демократикунонии ҷомеа, инчунин бо тақозои меъёрҳои ҳуқуқи пешрафтаи ҷаҳон ба Конститутсия се маротиба – солҳои 1999, 2003 ва 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз меъёрҳое иборат аст, ки давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ будани Точикистонро муқаррар менамоянд. Онҳо ҳокимиятдории халк, сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани он ва аз номи ӯ ба амал баровардани ҳокимияти давлатиро муайян мекунанд.

Тавре, ки мо огаҳи дорем дар Тоҷикистони азизамон то ин замон ҳамаги панҷ маротиба солҳои 1929,1931,1937,1978 ва 1994 Конститутсия қабул гардидааст, ки чортои он дар заминаи Конститутсияи замони шӯрави ва мафкураи ҳамондаврина қабул карда шудааст. Конститутсияи соҳибистиқлоли мо дар заминаи ягон қонун ва ё мафкура қабул карда нашудааст ва дар он фақат ирода ва изҳори халқ дарҷ гардидааст.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аҳамияти хело ҳам ҷидди дода шудааст, зеро 34 модда аз се як қисми меъёрҳои Конститутсия фарогири ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Инсон ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши оли мебошанд, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амали мешаванд, ҳар кас ҳуқуқ ба таҳсил, истироҳат ва ҳифзи саломати дорад, манзили шахс дахлнопазир аст, ба ҳар кас озодии сухан ва матбуот кафолат дода мешавад, шаҳрванд ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шуданро дорад, давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳифз мекунад, модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доранд.

Пешравии ҳар як давлат аз иқтисодиёти он вобаста мебошад, ки дар натиҷаи шароитҳои ҳуқуқи фароҳам овардан рушд мекунад. Асоси иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил дода, давлат баробарии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад. Ифодаи меъёри мазкур дар Конститутсия барои вусъат додани иқтисодиёти давлат ва ба шаҳрвандон шароит фароҳам овардан барои вусъати фаъолияти соҳибкории худ бахшида шудааст.

Сарвари давлат дар суханрониҳои худ иброз доштаанд, ки “Халқи Тоҷикистон бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва нобасомониву мушкилоти солҳои аввали истиқлолият, бо камоли масъулияти шаҳрвандӣ, дарки қарзи ватандорӣ ва такя ба арзишу муқаддасоти таърихиву фарҳангии худ нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро қабул карда орзую ормонҳои  чандинасраи ниёгони хешро амалӣ намуд”.

Таърих моро ба суи комёбиҳо, дастовардҳо ва суи илм мебарад ва ҳар як давру замон барои худ меросе дорад ва он меросро ояндагонаш истифода мебаранду такмилаш медиҳанд. Конститутсияи Тоҷикистони азизамон низ як мероси таърихист барои имрузу ояндагони ин давлату миллати таърихӣ.

 

Раҳмон Далер Сафарбек – н.и.ҳ.

судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе