ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ…
Имрӯзҳо дар тамоми минтақаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва ҷамъомадҳои гуногун омӯзиш, таҳлил ва хулосабардориҳо аз Қонун ва ҳуҷҷатҳои дар рӯзҳои охир қабул карда шуда: Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» аз 25 декабри соли 2015, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо маром ва бо як шавқу ҳавас давом дорад.
Ба мо маълум аст, ки мақомоти олии қонунгузорӣ дар асоси муқаррароти конститутсионӣ ҳамчун мақоми қонунгузор ва намояндагӣ баҳри такмили қонунгузорӣ ва мутобиқ намудани мазмуну мундариҷаи лоиҳаи қонунҳо ба манфиати миллату давлат корҳои зиёдеро ба ҷо оварда истодааст. Агар ҳамчун корманди масъули мақомоти мактаби олӣ таҳлил кунем, қонунҳои зиёде қабул шудаанд, ки ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ мусоидат ва барои рушди бонизоми иқтисодӣ, асосҳои молиявии давлат хизмат менамоянд.
Ин тағйиру иловаҳо ба Конститутсия пеш аз ҳама барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи тоҷик мусоидат мекунад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, эҳёгари Тоҷикистони соҳибистиқлол, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи нахустини Маҷлиси намояндагон даъвати амалкунанда таъкид доштанд, ки дар шароити вазъи тағйирёбандаи ҷаҳонӣ таъмини сулҳу суботи сиёсӣ ва ободии ояндаи Ватан, пешрафти бомароми соҳаҳои ҳаётии мамлакат, эҳтироми меъёрҳо ва муқаррароти қонунгузорӣ, ҳимояи манфиатҳои олии миллию давлатӣ аз фаъолияти бомароми мақоми олии қонунгузори кишвар вобастагии амиқ дорад. Аз ин рӯ, ҳангоми қабули қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ манфиатҳои миллӣ, фарҳангӣ, таъмини сулҳу суботи ҷомеа дар мадди аввал гузошта мешавад. Аз он ҷумла, 20 январи соли 2016 дар Паёми худ ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки «Муҳайё намудани шароити ҳарчӣ беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар ҳадафи олитарини фаъолияти Президент ва ҳукумат мебошад». Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия воридшуда ҷиҳати амалӣ намудани ин мақсади олӣ хизмат менамоянд.
Мақсади асосии тағйиру иловаҳо ҳифзи соҳибихтиёрии давлат дар замони ҳозира мебошад. Он ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо мусоидат менамоянд. Мо медонем, ки Конститутсияи мо аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ҳамчун яке аз конститутсияи беҳтарини ҷаҳон эътироф гардидааст. Конститутсияи мо 6 ноябри соли 1994 бо тариқи райпурсии умумихалқи қабул гардида, дар давоми 24 сол барои пешрафти ҷомеаи имрӯза хизмат намуд. Солҳои 1999, 2003 ва 2016 тағйиротҳои воридгардида ин меъёрҳоро боз ҳам мукаммал намуда, тибқи онҳо ҷомеа ба марҳилаи навбатии инкишофи худ ворид гардида буд. Имрӯз зарур аст, ки ин меъёрҳои Конститутсия бо назардошти тарақиёти минбаъдаи ҷомеа боз ҳам такмил дода шаванд, то ки мо ба марҳилаи навбатан рушди демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон комёб шавем.
Дар асоси тағйиру иловаҳо – шакли идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад. Шохаҳои мақомоти давлатӣ мустақилона амал карда, ҳуқуқӣ баробар доранд, бо пешниҳод «Шӯрои адлия» хориҷ карда мешавад, масъалаҳои вобаста ба пешниҳоду таъини судяҳо, таъмини воситаи моддӣ – техникӣ маҳз ба мақомоти судӣ вогузор мешаванд, аз номи Конститутсия калимаи «Сарқонун» хориҷ шуд, зеро он пурра маънии конститутсияро ифода карда наметавонад, калимаҳои «марзиву маъмуриро» ба калимаҳои «маъмурию ҳудудиро» иваз карда шуд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динӣ дошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст, калимаҳои «маҳаллӣ ва худидоракунии маҳаллиро» ба калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро» иваз карда шуд, ибораи «сохти конститутсионӣ» ба ибораи «асосҳои сохтори конститутсионӣ» иваз карда шуда, баъди он ибораҳои «амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ» илова гардид, «Шаҳрванд ҳуқуқ дорад, дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад» таҳрири нав пешниҳод шудааст, таҳрири нав «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд» пешниҳод шудааст, вакилони Маҷлиси намояндагон, узви Маҷлиси миллӣ, судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои ВМКБ, вилоят ва шаҳри Душанбе, Суди конститутсионӣ интихоб ё таъин мешаванд, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олӣ, синни ӯ аз 30 кам набошад, онҳо ва аъзои ҳукумат савганд ёд мекунанд ва ғайраҳо пешниҳод шуда буд, қабул шуд.
Сафарзода Диловар
Судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе