ПЕШВОИ МИЛЛАТ. АФКОРЕ, КИ ВАҲДАТРО ПАРАСТИШ МЕКУНАД

Ваҳдати миллӣ дастоварди таърихӣ, арзиши муқаддас ва  неъмати бебаҳо, падидаи қисматсозу  ифтихорофарин ба ҳисоб рафта, маҳсули азму талош, иродатмандии қавӣ ва суннати азалии сулҳофарии халқи куҳанбунёди мо мебошад, ки аз баракати ин рӯйдоди бузург мардум аз хавфи парокандагӣ ва давлати тозаистиқлоламон аз таҳдиди воқеии аз байн рафтан наҷот ёфт.

Мусаллам аст, ки дар  ҷодаи расидан ба ваҳдати ҷомеа фарзандони Ватан басо ҷонбозӣ, ҷонфидоӣ, сарсупурдагӣ ва матонату қаҳрамонӣ нишон дода, ҳифзи манфиатҳои умумимиллиро маромнома ва сармашқи  корнамоии ваҳдатхоҳонаи хеш қарор дода, ҳамаи монеасозиҳоро бо ҳисси садоқат ба ин хоку сарзамини аҷдодӣ рафъ намуда, дар ниҳоят як падидаи дар ҷаҳон беназир ва омӯхтаниву ибратбахшро  рӯи саҳнаи воқеияти таърихӣ оварданд. Чунки фазилати сулҳпарварӣ ва афкори ваҳдатгароӣ як ҷузъи асолати табиии миллӣ ва ҳувияти фарҳангпарваронаи ниёгони бошарафи мо буда, сиришти ба ҷозибаи сулҳ тамоюл доштан, паёмрасони сулҳ будан ва ғояи абадзиндаи сулҳро тарғибу ташвиқ намудан як рукни ифтихори ватандорӣ ва хосияти барҷастаи худшиносии миллиамон маҳсуб меёбад.

Ваҳдатхоҳӣ, ваҳдатгароӣ ва ваҳдатпарварию ваҳдатдӯстӣ ҷавҳари асосӣ ва самти марказии раҳбарии сиёсӣ ва мактаби давлатдории Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ташкил намуда, пайваста дар паёму баёнияҳо, суханронию маърӯза ва суҳбатҳояшон ваҳдати миллиро «гардиши куллӣ ва таҳаввули бунёдӣ», «рӯзи воқеан таърихӣ, муқаддас ва фараҳбахш», «санаи дар ҳақиқат пурнишоту ҳаётбахш», «рӯйдоди азизу гиромӣ», «падидаи нодири ҷаҳонӣ», «таҷассуми олии майлу иродаи мардуми сулҳпарвари мо», «ганҷи бебаҳо», «намунаи ватандорию ватандӯстӣ», «ғояи ҳамешагии созанда ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи Тоҷикистони демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ» ва «иттиҳоди миллати куҳанбунёд, сулҳдӯст ва фарҳангпарвари тоҷик» тавсифу баҳогузорӣ карда, моҳият ва аҳамияти онро ҳамчун «номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон» маънидод менамоянд.
Оғоз, ҷараён ва хотимаи раванди музокирот ба хотири расидан ба сулҳи байни тоҷикон аз рӯи равиши ҳадафи асосӣ қарор додани манфиатҳои умумимиллӣ сурат гирифтааст. Аз ин нигоҳ, Пешвои муаззами миллат ҳушдор медиҳанд ва, ҳамзамон, ҳидоят менамоянд: «Ваҳдат дар сурате бегазанду абадӣ мемонад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар манфиати милливу давлатиро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузорад, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа талош намояд, ба қадри сарзамини аҷдодии хеш расад ва онро чун модари худ азизу муқаддас шуморад».

Чунин раҳнамоии бузургворонаи Пешвои миллат аз қалби саршори садоқату ғамхорашон берун омада, бо назардошти ғояи наҷотбахш будани ваҳдати миллӣ  дурбинонаву оянданигарона изҳор менамоянд: «Вазифаи ҷониву имонии ҳар як шаҳрванди  равшандилу солимфикр ва бонангу номуси Тоҷикистон аст, ки сулҳу  субот ва ваҳдати миллии ба қимати ниҳоят гарон бадастомадаро  чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем».
Пас, месазад, ки кулли  ҳамватанони ҳушёру меҳанпарварамон  ҳисси баланди сулҳхоҳию сулҳпарварӣ нишон дода, дар таблиғи ризоияту ҳамзистии осоишта ва ваҳдати ҷомеа масъул бошанд, то ҳамчун пайравони собитқадами афкору андеша ва сиёсату сарварии ваҳдатхоҳонаву ваҳдатпарваронаи Пешвои муаззами миллат тантанаи ваҳдати сартосарӣ ва муттаҳидиву сарҷамъиро  умри  ҷовидон бахшем.

Рушанзода Суҳроб Рушан

Раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе