ЭҲТИРОМ БА ҚОНУН ВА МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

Яке аз дастовардҳои арзишманди даврони истиқлолияти давлатиамон ин поягузорӣ ва ташаккулу такомули низоми қонунгузории миллӣ ба шумор меравад. Муҳити озоди соҳибихтиёрӣ ва сохтори нави сиёсию давлатдории миллӣ тақозо менамуд, ки маҷмӯи санадҳои қонуние таҳия ва мавриди қабулу амал қарор ёбанд, ки посухгӯи ниёзу эҳтиёҷоти замони истиқлолият ва таъмингари манфиатҳои милливу умумидавлатӣ бошанд ва бевосита бо фароҳам сохтани заминаҳои қонунии таъминкунандаи истиқлолияти давлатӣ ва эҷоди фазои ҳуқуқии хоси он алоқамандӣ доштанд.

Бо ин мақсад ҳанӯз аз солҳои аввали сарварии сиёсӣ ва фаъолияти давлатдории хеш Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ  –  Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба вуҷуд овардани низоми қонунгузории миллӣ саҳмгузории шоиста намуда, ба ин самти муҳими ҳаёти давлатӣ аҳамияти аввалиндараҷа медоданд. Аз он нигоҳ, ки таъмини пешрафту инкишофи  ҳама соҳаву бахшҳои ҷомеа ба заминаҳои қонунӣ ва асосҳои ташкилӣ – ҳуқуқӣ устувор мебошад.

Зеро қонун низ мисли дигар арзишҳои маънавии маҳсули эҷоди инсон ҳамзамон бо пешрафти табии ҷомеа, тавсеаву мазмуну моҳияти нав пайдо намудани муносибатҳои ҷамъияти ва инкишофи рукнҳои идоракунии давлатӣ бояд воқеият ва дигаргуниҳои нави шаклгирифтаро дар худ инъикос намуда, ба ниёзмандиҳои даврони дар ҳоли ҷараён мутобиқ  бошад.

Ҳамин тариқ бо иродаи сиёсии роҳбарияти олии кишвар дар ҷодаи қонунгузорӣ қадамҳои аввалин, вале устувор баҳри эҷоду қабули заминаҳои қонуниву ҳуқуқии пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар ҷумҳурӣ асос гузошта шуд. Як фазои ҳуқуқӣ ва муҳити созгори сиёсию дастгоҳи идоракунии давлатӣ шакл гирифт, ки тавонист заминасози ислоҳи вазъ ва беҳбуд бахшидани авзои соҳаҳои гуногун, инчунин бартараф сохтани мушкилот гардад.

Ҳақиқати маълум аст, ки нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии ҳар давлат Конститутсияи он аст. Тибқи назарияи ҳуқуқи конститутсионӣ Конститутсия – шиносномаи давлату миллат ҳисобида шуда, дар он номи давлат ва сохти давлатдорӣ дарҷ карда мешаванд, ки эътибору ҷойгоҳ ва қувваи хоси ҳуқуқӣ дорад. Бинобар ин, аз ҷумлаи иқдомҳои муҳим ва сарнавиштсози замони соҳибистиқлолӣ таҳия ва тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул намудани нахустин конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад.

Дар ҳамин зимн қобили эътирофи барҳақ аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо поягузори истиқлолияти давлатӣ ва меъмори сулҳи тоҷикон, балки иқдомгар ва ташаббускори таҳия, қабул ва мавриди амал қарор гирифтани нахустин Конститутсияи замони соҳибихтиёрии давлат ва озодии миллатамон мебошанд. Чунки Пешвои муаззами миллат огоҳона ва оянданигарона дарк намуда буданд, ки танҳо бо қабули Конститутсия метавон низоми давлатдории миллиро барқарор намуда, фазои мукаммали ҳуқуқиро ташаккул дод, раванди эҷод ва амалишавии муқаррароти қонунгузории миллиро ба маҷро даровад ва муҳимтар аз ҳама ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшиду тантанаи ваҳдати сартосариро таъмин намуд. Аз ин ҷост, ки мақоми муҳим  ва моҳияти барҷастаи Конститутсияро чунин баён доштанд:

«Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад, зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд».

Дар идомаи ислоҳоти ҳуқуқӣ ва ташаккули низоми қонунгузории миллӣ дигар қонунҳои соҳавӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки заминаҳои пешрафт, фаъолият ва дурнамои бахшҳои гуногуни хоҷагии халқро ба танзим медароранд.

Таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ бештар аз ҳама ба сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон алоқамандӣ дорад, ки то куҷо ҳисси эҳтиром ба қонун ва ё худ ҳисси қонунпазирӣ доранд. Чунки бе иштироки шаҳрвандони фаъол, ки аз ҳуқуқҳои худ бохабаранд, сохтмони давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ғайримкон аст. Ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ ба асли риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мебошад. Аз ин ҷост, ки баъди соҳибистиқолӣ барои тарбияи ҳуқукии аҳолӣ дар сатҳи сиёсати олии давлатӣ иқдомҳои саривақтӣ ва натиҷабахш пеш гирифта шуданд.

Нақши маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар рушди давлатдориро Пешвои муаззами миллат низ амиқ дарк намуда, дар яке аз суханрониҳояшон чунин таъкид намуданд:

«Маълум аст, ки рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад.»

Аз ин рӯ ҳамаи шаҳрвандони мамлакати озоду соҳибистиқлоламон, хусусан мо сокинони пойтахти Тоҷикистон азиз – шаҳри Душанбе бояд бо нишон додани ҳисси баланди ватандорию ватанпарварӣ дар ҷодаи пуршарафи таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ пешсаф бошем.

 

Раиси  Суди ноҳияи

Синои шаҳри Душанбе

Суҳроб  Рушанзода