АРЗИШИ ОЛӢ Ё САРЧАШМАЕ, КИ ҒУРУРИ МИЛЛИРО ТАВОН МЕБАХШАД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзиши таърихии истиқлолиятро дар ҷойгоҳи баланд қарор дода, онро чунин қаламдод намуданд: «Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир мебошад. Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд».
Пас, мо соҳибватанонро мебояд, ки истиқлолиятро бо ҳама бузургиаш гиромӣ дорем ва танҳо бо доштани ин неъмати бебаҳо қаноат накарда, ба афзун намудани дастовардҳою музаффариятҳои он ва эҳтироми муқаддасоташ дар пайи амали фаъол ва бунёдкорона бошем. Зеро истиқлолият ба мо озодӣ ва рӯҳбаландӣ мебахшад, ғурури миллиамон аз он сарчашма мегирад, лек дар баробари ин ҷонфидоӣ, сарсупурдагӣ, фидокорӣ ва матонату садоқат мехоҳад.
Ҳар падидаи нек рамзу нишон ва файзу баракати худро дорад. Истиқлолият барои миллати тоҷик рамзи саодат ва асолат, хушиқболӣ, соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ, нишонаи озодӣ, бақову пойдории давлат ва ифтихормандӣ мебошад. Бузургтарин дастоварди истиқлолият – соҳиб гардидан ба давлатдории мустақили миллист. Комёбии азимтарини ин даврон расидан ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва таъмини оромии ҷомеа аст. Ба ҳамин маънӣ аст, ки Пешвои муаззами миллат воқеъбинона ва мавридшиносона чунин таъкиди барҳақ намуданд, ки «истиқлолият ва ваҳдат сароғози рушд ва шарти бақои давлатдории миллӣ, эҳёи фарҳангу тамаддун, асоси худшиносӣ ва андешаи миллӣ мебошад».
Дар зимн бояд ёдрас шуд, ки истиқлолият дар ибтидо ормони миллӣ буд, ки баъдтар ба рӯзи мурод ва санаи фархунда табдил ёфт. Шинохти аслии ин ҳақиқати ифтихорангези таърихӣ ва воқеияти фараҳбахши замон бо вуҷуди 29 – сол гузаштан аз умри он ҳанӯз ниёз ба дарки огоҳонаи ин рӯйдод дорад, таблиғи васеи мақому манзалати ҳувиятсози ин ҷавҳари марказии ҳастии миллат имрӯз ва оянда низ як ҷузъи муҳими рисолати ватандорӣ ва масъулияти истиқлолдорист. Ҳаммаромӣ, сафарбарии умумимиллӣ дар роҳи амалӣ намудани иқдомҳои наҷиби истиқлолхоҳона ва татбиқи ҳадафҳои муҳими рушди миллӣ, иттиҳоду ҳамбастагӣ зери парчами хидмат ба Ватан ва ҳифзу тақвияти истиқлолият кори пуршарафест, ки аз ҳар яки мо тақозо мешавад. Самти роҳи дурахшон муайян аст, Пешвои миллат дар ин масир роҳнамоию ҳидоятгарӣ карда, уфуқи тозаи кору амали бунёдкорона, ҷабҳаи зарбдори ободонию созандагиро сарварию мудирияти оқилона намуда, маҷрои бонизоми тавсеаву шукуфоиро зери назорати доимии хеш қарор додаанд. Дар ин робита, танҳо моро зарур аст, ки бо нишони садоқат ба истиқлолу озодии Ватани азизамон — Тоҷикистони маҳбуб азми қавӣ, иродаи шикастнопазир дошта бошем ва аз як гиребон сар бароварда, ба истиқболи Ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ба сӯи музаффариятҳои боз ҳам бештару беҳтар дилпурона қадам гузорем.
СУҲРОБ РУШАНЗОДА,
Раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе