Маҷлиси фаврии суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳӣ суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Рӯзномаи маҷлис:

1.Риоя намудани қоидаҳои ҳаркат дар роҳ ва худори намудан аз харидори намудани автомашинаҳои гаронарзиш.

2.Пешгири омилҳои коррупсионӣ.

Қ а р о р  к а р д:

1.Баромади Раиси суд Рушанзода С.Р. ба инобат гирифта шавад.

2.Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судро зарур аст, ки аз идоракуни ва харидории автомашинаҳои гаронарзиш худдори намуда, зимни идораи воситаҳои нақлиёт қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя намоянд. Аз ҷумла дар ҳолати мастӣ воситаҳои нақлиётро идора накунанд.

3.Идоракунии автомашинаҳои бегона, бе ҳуҷҷати ронандаги ва бе дигар ҳолатҳои зарурӣ аз ҷониби Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд қатъиян манъ аст.

4.Масъулият дар ин самт ба зиммаи ҳар як судя ва кормандони дастгоҳи суд гузошта шавад.

5.Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд вазифадор карда шаванд, ки ба омилҳои коррупсионӣ қатъиян даст назада, барои пешгирии он фаъолона мусоидат намоянд.

6.Иҷроиши қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси суд гузошта шавад.