МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 28 – УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар таърихи давлати соҳибистиқлоламон ҳамасола санаи 6-уми ноябр ҳамчун рӯзи қабули санади сарнавиштсози давлату миллат — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботананта таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат, ҳамаи Шумо ҳамкорони азизро бо фарорасии ин санаи фархунда табрик гуфта, ба хонадони ҳар кадоми Шумо тинҷию осудагӣ, ба ватани маҳбубамон сулҳу осоиштагӣ, пешрафт ва суботу оромй орзу менамоям.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти таърихии ин санади тақдирсозро дар таъмини сулҳу субот, вахдати миллӣ ва устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон, ки низоми давлатдориро муайян ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад, чунин таъкид намудаанд:

“Дар Конститутсия таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон вазифаи давлат эълон шуда, дар айни замон ба хотири ҳимояи ин арзишҳои конститутсионӣ ва ташаккули муназзаму муътадили давлати навини тоҷикон тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, тамомияти арзй, моҳияти демократа, ҳуқуқбунёдӣ, дунявй ва иҷтимоии давлат, аз ҷумлаи мақсадҳои бунёдии Конститутсия эътироф гардид”.

Дар ҳақиқат, Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол тағйирнопазирии на танҳо шакли идора, балки моҳияти аслии давлатро дар ҳуқуқбунёдй, дунявият, иҷтимоӣ ва дорой низоми демократӣ муаррифй намуда, барои дар асоси равияҳои гуногуни сиёсию мафкуравй рушд намудани ҳаёти ҷамъиятӣ имконият фароҳам овард. Аз ин ҷиҳат, мувофиқи тахдили коршиносони созмонҳои байналхалқӣ он ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқҳои инсон дар радифи конститутсияҳои беҳтарини дунё эътироф гардидааст.

Фаъолият ва мақоми ҳокимияти судӣ низ дар конститутсия мақоми хос дорад.

Чунин муқаррароти сатҳи олии ҳуқуқӣ имкон фароҳам овард, ки судҳо дар иҷрои ӯҳдадориҳояшон дар самти таъмини адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар асоси талаботҳои қонунҳои танзимкунанда амал намоянд.

Тантанаи вахдати миллӣ, вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ, рушду инкишофи устувор ва бомароми давлативу ҷамъиятӣ дар марҳилаи имрӯза бо такя ба мазмуну муқаррароти Конститутсия тавассути заминасозии боэтимод амалӣ гардида, дар давраҳои минбаъдаи пешрафту тараққиёт ва расидан ба сатҳу сифати нави тавсеаи иқтисодиву беҳдошти иҷтимой Конститутсия чун нишонаи аввалин ва муқаддастарини соҳибистиқлолии давлати мо унсури асосии заминасоз ва рукни муҳими мададрасон хоҳад буд.

Бори дигар, Шуморо бо солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, бароятон саломатй, оромию осудагии рӯзгор, зиндагии шоиста ва сарбаландй орзу менамоям.

Сарфарозу муваффақ бошед.

Раиси суди ноҳияи Синои

шаҳри Душанбе

Рушанзода С.Р.