Конститутсия бахтномаи миллат
6-ноябри соли 1994 дар таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифа нав оғоз гардид. Дар ин рӯз мардуми шарифи Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ аввалин Конститутсияи давлати соҳибихтиёри худро бо раъйпурсии умумихалқӣ якдилона қабул намуданд.
Ин санаи муборак ҳамчун рузи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рузҳои Ид» қайд карда шуд, ки рузи ғайрикорӣ-ҳамчун истироҳат эълон шудааст.
Чуноне, ки медонем дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун сарчашмаи тамоми соҳаҳои ҳуқуқ баромад намуда, таъмини устувории ҳар як давлат, рушди асосҳои иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, ҳуқуқии он ва пойдори ба он, хос аз Конститутсия сарчашма мегирад.
Конститутсия ҳамчун санади Олӣ ва муҳимтарини сиёсӣ-ҳуқуқии бунёди ҷомеа ва давлат мебошад ва мувофиқи хусусияти сиёсии худ ҳуҷҷати ҷозибаноки муттаҳид ва сафарбаркунандаи тамоми мардум аст.
Дар Конститутсия хусусиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ муқаррар карда шудаанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории милли, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои милли, осори таърихӣ ва фарҳанги мебошад.
Бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи мо дигаргуниҳои куллии соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятиву давлатӣ, ислоҳоти иқтисодиву сиёси, иҷтимоиву фарҳанги ва суди ҳуқукӣ оғоз гардида, самтҳои пешрафти давлат ва ҷомеа барои имрӯз ва оянда муайян карда шуданд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрвандро, ки аз ҳуқуқҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимои ва фарҳангӣ иборат мебошанд дар бар мегирад.
Меъёрҳои Конститутсия меъёрҳои ҳуқуқии махсус мебошанд. Аз ин рӯ дар он масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти мардум таҷассум ёфта Конститутсия чун санади Олии ҳуқуқӣ дар ҳастии ҷомеа ва давлат зарурӣ мебошад.
Ҳозирини гиромӣ, гуфтан ба мавриди аст, ки моҳияти Конститутсия имрузаи Ҷумҳурии Тоҷикистон боз дар он зоҳир мегардад, ки аз Конститутсияҳои қаблӣ тафовут дорад.
Хусусиятҳои Конститутсия соли 1994 дар он зоҳир мегардад, ки бори нахуст тавассути райпурсии умумихалқи қабул карда шудааст, ки Конститутсияҳои пештар дар даврони шӯравӣ аз ҷониби парлумон онвақта қабул мешуданд.
Конститутсия бори нахуст дар моддаи 1 Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократи, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон намуд.
Ба Забони тоҷики мақоми забони давлатӣ дода шуд. (моддаи 2)
Ҳуқуқу озодиҳо инсон арзиши олӣ эътироф шуданд. (моддаи 5 аз 22.06 соли 2003)
Бори нахуст таҷзияи ҳокимияти давлатӣ дар Конститутсия таҷассум гардид. (тибқи моддаи 9 Ҳокимияти давлати дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амали мегардад.)
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии баён ва гуногунандешии сиёсиро кафолат дод.
Яке аз масъалаҳои муҳими дигаре, ки Конститутсия аз номи давлат кафолат додааст, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳамаи шаклҳои моликият аз ҷумла моликияти хусусӣ мебошад. (м-12)
Таъсиси парлумони нав, ки аз ду палата ё маҷлис иборат мебошад падидаи муҳими ҳуқуқи дар замони соҳибистиқлоли ба Шумор меравад.
Инчунин масъалаи дигар маҷудияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки ҷамоат ном бурда мешавад, дар Конститутсияи имрӯзаи мо таҷассум ёфтаанд.
Маҳз бо шарофати қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба амал татбиқ намудани меъёрҳои он, мо ба сӯи бунёди ҷомеаии воқеан ҳуқуқбунёд устуворона қадам мезанем ва ҳамарӯза шоҳиди дигаргуниву тағйиротҳои нав дар ҳаёти худ ва мардуми шарифи Тоҷикистон мегардем.
Дар охир ба ҳамаи Шумо «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро табриқ гуфта, бовари дорам, ки ҳусни таваҷҷуҳ ва меҳру самимияти ҳар як сокини мамлакатамон ба ин санади тақдирсоз ва тавассути он ба Ватану ватандорӣ рӯз то рӯз зиёд хоҳад гашт.
Муваффақу комёб бошед.
Судияи суди ноҳияи Синои
шаҳри Душанбе
Абдураҳимзода Д.С.