Ҳадафи қонун — бартарафсозии хушунату зӯроварӣ дар оила
Набояд фаромуш кард, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» аз тарафи кулли аҳли ҷомеаи қунунии мо дастгирию хамовозии махсусе пайдо намуд. Қонуни мазкур аслан муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии хушунату зӯроварӣ дар оила танзим менамояд. Ҳамзамон ин Қонун вазифаҳои асосии субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо роҷеъ ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунандаро мушаххас ва возеҳу рӯшану муайян менамояд.
Мавриди зикри хос аст, ки дар тамоми маъхазу сарчашмаҳои ҳуқуқӣ, маъмурӣ ва сиёсию иҷтимоӣ, ки каминаи камтарин онҳоро як — як аз мадди назари хеш гузаронидам, хушунат дар оиларо мазмунан чунин шарҳу эзоҳ медиҳанд: «зуроварӣ дар оила, аслан кирдори зидди ҳуқуқии қасдонаи дороӣ хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ ё иктисодӣ, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба дигар узви оила содир шуда, боиси поймол шудани ҳукуқ ва озодиҳои ӯ, расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатии ӯ мегардад ва ё ин ки таҳдиди расонидани чунин зарарро ба вуҷуд меорад», — фаҳмидаю дониста мешавад.
Бале, пешгирии зуроварӣ дар оила як маҷмӯъ ва ё доираи фарроху мукаммали чораҳои ҳуқуқӣ иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташкилӣ маҳсуб меёбад. Он аз ҷониби субъектҳои пешгирикунандаи зуроварӣ дар оила амалишаванда, ки ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии инсон равона шудаанд, мушаххас ва муайян мегардад. Ҷиҳати возеҳ сохтани мавқеъ ва манзалати шаҳрванд дар доираи муносибатҳои оилавӣ, оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, муайян ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда нигаронида шудааст.
Аз ҳар лиҳоз, дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар фасли якум — қисми умумӣ, дар боби аввал — муқаррароти умумӣ ин маънӣ ё муҳтаво бисёр ба маврид чунин шарҳу эзоҳ ва ё ин ки тафcир дода шудааст: «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳукуквайронкунии маъмурӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. Дар ҳолати ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф намудаи Тоҷикистон мутобиқат накардани меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ амал мекунанд». Дар моддаҳои алоҳидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила» субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила — мақомоти давлатӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, корхона, муассиса, дигар ташкилотҳо ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои пешгирии зӯроварӣ дар оила масъул мебошанд, дониста шудааст.
Мақсадҳои асосии Қонуни мазкур бошад, аз чунин ҳадафу омилҳо иборатанд: ҳимояи ҳуқуқии оила ҳамчун асоси ҷамъият; танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила; мусоидат намудан ба татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила; ташаккули вазъи тоқатнопазирии ҷомеа нисбат ба зуроварӣ дар оила; ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба зӯроварӣ дар оила мусоидаткунанда; мусоидат ва ба баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва ғайраҳо.
Ope, бисёр ба маврид дар Моддаи 93 илваи 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон матлаби асосӣ чунин муайян гардидааст: «Риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила ё ин ки ҷиҳати риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила, яъне содир намудани кирдори қасдонаи дороӣ хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ ё иқтисодӣ ё таҳдидӣ содир намудани онҳо дар муносибатҳои оилавӣ, агар ин кирдор боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои аъзои оила гардад, ҳангоми набудани аломатҳои ҷиноят, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Тавре, ки бо радду бадали чанд мулоҳиза муҳтавои аслии ин қонуну кодекси амалкунанда бароямон дақиқ возеҳ гардид, аз нигоҳи қонун бошад, ин матолиб хамаҷониба зери таваҷҷуҳ ва назорат қарор гирифтааст.
Роҷеъ ба матраҳу баррасии ин матолиби муҳим феълан дар мақомоти мо низ иқдомоти зиёде амалӣ гашта истодааст ва акнун бо ин андешот дар маҷмӯъ мулоҳизоти хешро иктифоъ бахшида, дар навиштаи навбатӣ аз натиҷаи чораҳои андешида далелу асноду арқомҳои мушаххасеро пешкаши хонандагон мегардонем.
Судяи суди ноҳияи Синои
шаҳри Душанбе
Ҳамдамзода А.В.