АДОЛАТИ СУДӢ – ОМИЛИ ПЕШРАВИИ ҶОМЕА

Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ дар тамоми форматсияҳои ҷамъиятӣ ва шаклҳои давлатдорӣ ҳифз ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон меҳвари асосии фаъолияти неруҳои солимфикр ва пешбари ҷомеаро таҷассум менамуданд. Маҳз бо назардошти сатҳу сифати амалӣ гаштани ин омилҳо ба фазои муносибатҳои дар ҷомеа ҷойдошта, фаъолияти давлат ва ниҳодҳои он баҳогузорӣ мешуд.

Азбаски тӯли таърихи башарият дар давлатҳои гуногун муносибатҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби як нафар, мисли шоҳ, монарх, император ва ғайраҳо муайян, танзим ва идора мегардиданд, бинобар ин самти риоя гардидани ҳуқуқу озодиҳо низ аз тарзу усули идорасозии ҳамин шахсиятҳо алоқамандӣ дошта, бо ҳар роҳу восита ба манфиати онҳо анҷом меёфт. Дар ҷамъияти ибтидоӣ агар муноқишаҳои баамаломада дар доираи оила, авлод, қабила ҳал мегаштанд, баъдан дар раванди ташаккули муносибатҳои ҷамъиятӣ ва бо мақсади идора намудани ин омилҳо, шахсони алоҳида ё гурӯҳи муайян ба ин фаъолият мутасаддӣ гардида, онҳо аз ҳисоби ашрофзодаҳо ё табақаи дорои ҷомеа интихоб ё таъйин мешуданд. Ғалабаи Инқилоби Октябри соли 1917 дар Руссия, ки сохти давлатдории подшоҳиро сарнагун карда, ҳокимияти коргару деҳқонро ба миён овард, ба марзҳои Тоҷикистони имрӯза низ расида, ба сохтори давлатдорӣ, аз ҷумла сохтори судӣ таъсири худро расонд. Дар ин раванд, дар Руссия ба ҷойи судҳои даврони императорӣ судҳои нав тасъсис ёфтанд ва бо ҳамин минвол дар Тоҷикистон низ судҳои қозигӣ аз байн рафта, судҳои шӯравии халқӣ ва судҳои қозигии халқӣ эълон гардиданд.

Моҳи октябри соли 1924 аввалин суди округи Бухорои Шарқӣ ташкил шуд, ки ҳаммонанди судҳои Руссияи шӯравӣ буд. Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 14 декабри соли 1924  Комиссариати халқии адлияи ҶМШС Тоҷикистонро таъсис дод, ки вазифаи он дар борабари назорати қонунияти инқилобӣ, аз ташкили мақомоти прокуратура ва тафтишотӣ, инчунин ташкили судҳо ва ба онҳо роҳбарӣ кардан иборат буд. Маҳз ҳамин санаҳои таърихӣ  ба ташкили судҳои сохти навини давлатдории Тоҷикистон асос гардида, оғози марҳалаи солшумории мақомоти адлия ва суд ба ҳисоб меравад, ки имсол 94- солагии он ҷашн гирифта мешавад.

Ҳарчанд сохтори судии навин, пас аз барҳам додани судҳои подшоҳӣ ва қозигӣ, пешравии назаррас ба ҳисоб равад  ҳам, нақши суд дар иҷрои вазифаҳои ба мафҳуми ин мақомот рабтдошта, яъне адолати судӣ,  он қадар ба чашм намерасид. Яъне чунин муқаррарот, мисли мустақилӣ, дахлнопазирӣ, беғаразӣ, баробарии тарафҳо, ба тариқи мубоҳиса баргузор гардидани мурофиаи судӣ таъмин намегашт.
Мақомоти судиро Комиссариати халқии адлия таъсис дода, фаъолияти онро таҳти назорат ва роҳбарӣ гирифта буд, ки ин  барои таъмини мустақилияти судӣ имкон намедод. Тавре аз мазмун ва муҳтавои санадҳои меъёрии ҳуқуқии сатҳи олӣ бармеояд, дар онҳо низ ба чунин муқаррарот таваҷҷуҳ зоҳир намешуд.

Конститутсияи  Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (соли 1929), ки асосҳои сохти давлатдориро муайян мекард, танҳо дар моддаҳои 16 ва 89 дар бораи истифодаи забони модарӣ дар мурофиаи судӣ ва надоштани ҳуқуқи интихоб намудан ва интихоб шудан, аз ҷониби шахсоне, ки бо ҳукми суд аз ҳуқуқи интихоботии фаъол ва ғайрифаъол маҳрум шудаанд, маълумот дода, оид ба суд ва мақомоти судӣ дигар ягон муқаррарот пешбинӣ накардааст.

Дар навбати худ Конститутсияи соли 1931 вобаста ба масоили мақомоти судӣ матлаби бештареро пешбинӣ карда, дар моддаи 13 муқаррар намуд, ки бо мақсади муҳофизати музаффариятҳои инқилобӣ ва ҳимояи иттиҳоди синфи коргар бо деҳқони миёна аз таҷовузи душманони синфӣ, ҳамчунин ҷиҳати таъмини воқеии манфиатҳои хоҷагидории давлат ва меҳнаткашон муассисаҳои ягонаи мақомоти судӣ таъсис дода мешаванд. Соли 1937 Конститутсияи  Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул гардид, ки ба ташаккули мақомоти судии кишвар мусоидат намуда, аз моддаи 90 то моддаи 99 ба мақомоти судӣ, салоҳият, тартиби интихоби судяҳо, муҳлати ваколат, коргузорӣ ва принсипҳои фаъолияти судҳо бахшида шуданд.

Конститутсия бо тағйиру иловаҳои ба он воридгардида муқаррар намуд, ки дар ҶШС Тоҷикистон адолати судӣ аз ҷониби Суди Олӣ, судҳои вилоятӣ, суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои махсуси ИҶШС, ки бо қарори Шӯрои Олии ИҶШС таъсис дода мешуданд, судҳои халқӣ амалӣ карда мешавад. Ҳамчунин, Қонуни асосӣ муайян кард, ки Суди Олӣ аз ҷониби Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, судҳои вилоятӣ мувофиқан аз тарафи шӯроҳои депутатҳои меҳнаткашони вилоятӣ интихоб гардида, судяҳои халқии судҳои халқии ноҳия (шаҳр)-ро бошад, сокинони ноҳия (шаҳр) интихоб менамоянд. Дар ин Конститутсия зикр гардидааст, ки муҳлати ваколати  судяҳо панҷ сол ва онҳо мустақил буда, танҳо ба қонун итоат мекунанд.
Бо гузашти айём, тараққиёти муносибатҳои ҷамъиятӣ ва эҳсоси зарурати нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, дар Конститутсияи  ҶШС Тоҷикистон (соли 1978) ба мақомоти судӣ боби алоҳида бахшида шуда, дар моддаҳои 152-164 оид ба адолати судӣ, низом, салоҳият, тартиби интихоб, корбарӣ, муҳлати ваколати панҷсола ва принсипҳои фаъолияти судӣ муқаррароти мушаххас дарҷ ёфтааст.

Бо эълон намудани Истиқлолияти давлатӣ ба мақомоти судӣ ҳамчун сохтори калидӣ дар масоили риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аҳамияти махсус дода шуд. 6 ноябри соли 1994 бо қабули аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба се рукн муайян гардида, дар баробари ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, ҳокимияти судӣ низ ба сифати шохаи алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид. Чунин тақсимоти рукнҳои ҳокимияти давлатӣ бори аввал дар Қонуни асосии давраи соҳибистиқлолӣ ба амал омада, метавон гуфт, ки оғози ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар кишвар низ бо ин муқаррароти конститутсионӣ  рабт дорад.

Ҳамзамон, Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии марбут ба ҳуқуқи инсонро ба тасвиб расонда, дар ин раванд дар моддаи 10 Конститутсия чунин санадҳоро қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ эътироф намуд. Ба ибораи дигар, Тоҷикистон ба раванди ҷаҳонишавӣ шомил гардида, қоида ва тартиби сатҳи баланди риояи ҳуқуқи инсонро ба уҳда гирифт.

Азбаски дар таҷрибаи байналмилалӣ ва давлатҳои мутараққии ҷаҳон нақши суд дар иҷрои уҳдадориҳои давлат дар самти риояи ҳуқуқи инсон ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад, ҷомеаи навини тоҷикон низ тадбирҳои назаррасро дар амалӣ намудани кафолатҳои дар Конститутсия муқарраргардида, бобати ҳифзи ҳуқуқи инсон ба василаи таҳкимбахшии мавқеи мақомоти судӣ роҳандозӣ менамояд. Дар ин замина, боби ҳаштуми Конститутсия ба суд бахшида шуда, дар моддаҳои 84 — 92 мафҳум ва вазифаҳои ҳокимияти судӣ, низоми мақомоти судӣ, муҳлати ваколати судяҳо, тартиби ба вазифа интихоб ва таъйин намудани судяҳо, мустақилият, дахлнопазирӣ, манъ будани дахолат ба фаъолияти онҳо, тартиби баррасии парвандаҳо, гузарондани мурофиаҳои судӣ мушаххас нишон дода шуд.

Минбаъд, бо мақсади дар амал ҷорӣ намудани ин принсипҳои Конститутсия бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба масоили ташкили фаъолияти кории ҳокимияти судӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир шуда, барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2007-2010, 2011-2013 ба тасвиб расиданд, ки ба тақвияти ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани мавқеи суд дар ҷомеа ва нақши он дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат карданд.

Соли 1995 қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи сохтори судӣ», «Дар бораи судҳои ҳарбӣ», «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расида, дар ин замина судҳои ҳарбӣ, конститутсионӣ таъсис ёфта, арбитраж ба суди иқтисодӣ табдил дода шуд. Ҷиҳати таъмини мустақилияти судяҳо муҳлати ваколати онҳо аз панҷ ба даҳ сол тамдид гардида, марҳала ба марҳала маоши вазифавӣ баланд гашт. Ин раванд минбаъд ҳам мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор хоҳад гирифт.

Тибқи навгониҳои қонунгузории мурофиавӣ маҳдуд кардани як қатор ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, аз қабили иҷозат додан барои татбиқ намудани чораи пешгирии ба ҳабс гирифтан ба салоҳияти судҳо вогузор гардид. Ин масъала дар рафти мурофиаи судӣ бо иштироки гумонбар ва ҳимоятгари ӯ ба таври ошкоро ҳаллу фасл шуда, дар сурати норизо будан аз санади судӣ, тарафҳо метавонанд ҳуқуқи худро дар зинаҳои болоии судӣ ҳифз намоянд. Дар ин замина, салоҳияти судяҳо бобати баррасии парвандаҳо васеъ ва сарбориашон зиёд шуда бошад ҳам, онҳо барои дар сатҳи баланди касбӣ баррасӣ гардидани парвандаҳо кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Дар асоси тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 22 майи соли 2016 – Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шуда, салоҳиятҳои он ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии Иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт. Акнун судяҳои шаҳру ноҳияҳо, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод карда мешаванд. Инчунин дар асоси тағйиру иловаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз нав қабул гардида мавриди амал қарор дорад. Бо тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида адолати судӣ аз ҷониби Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе ба амал бароварда шуда, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд побарҷост.

Маврид ба зикр аст, ки зимни татбиқи барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул гардида, зиёда аз 19 кодекс, аз ҷумла кодексҳои мурофиавии гражданӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, одоби судя ба тасвиб расиданд, ки барои амалӣ гаштани принсипи конститутсионии ҳифзи судӣ ва баланд бардоштани масъулияти судяҳо зимни иҷрои вазифаҳои хидматӣ дорои аҳамияти бағоят муҳим мебошанд.

Фаъолияти босамари кормандон мавриди таҳлилу омӯзиши доимӣ қарор дошта, дар ин ҷода аз ҷониби давлату Ҳукумат барои ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии онҳое, ки натиҷаи мусбати корӣ нишон додаанд, тадбирҳо андешида шудаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ, 23 апрели соли 2014, иброз доштанд, ки: «Мо барои ташаккули низоми судии кишвар, баланд бардоштани мақоми ҳокимияти судӣ дар ҷомеа ва ба сатҳи байналмилалӣ баровадани он то имрӯз корҳои назаррасеро ба анҷом расонидем. Ҳокимияти судӣ минбаъд низ такмил меёбад ва ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ идома дода шуда, барои эҷоди заминаи ҳуқуқии ин ҳадафҳо қонунҳои зарурӣ таҳия ва қабул карда мешаванд».

Аз ин лиҳоз, бо такя ба ҳисси масъулиятшиносии кормандони мақомоти судии кишвар метавон гуфт, ки дар оянда низ ҳокимияти судӣ вазифаҳои конститутсионии худро дар сатҳи баланди касбӣ роҳандозӣ намуда, дар иҷрои уҳдадориҳои давлат ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат мусоидат хоҳад кард.

Бо ҳамин ниятҳои нек, тамоми кормандони Ҳокимияти судии мамлакатро бо иди касбӣ, «Рӯзи кормандони мақомоти судӣ», ки имсол ба 94-солагии мақомоти судӣ рост меояд, табрику муборакбод гуфта, барояшон саломативу хушбахтӣ ва дар иҷрои вазифаҳои хидматӣ иродаи мустаҳкам ва музаффариятҳо таманно дорам.

 

НОСИРЗОДА МУҲАММАДҶОН

Пристави суди ноҳияи Синои

шаҳри Душанбе