Ҳамкасбони азиз, ҳозирини гироми!
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нишонаи эҳтиром ва эътирофи хиради азалӣ, фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, ба даст овардан ва таъмин намудани сулҳу вахдати сартосарӣ ва болоравии обруву эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад, ки ин сифатҳо дар маҷмӯъ ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомал Раҳмон вобастагии амиқ доранд.
Истиқлоли давлатй неъмат ва дастоварди бузургтарин мебошад, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди давлатдории навини миллӣ асос гузошта шуда, мардуми шарифи кишварамонро муттаҳиду сарҷамъ сохта, ба барқарор шудани сулҳу субот ва вахдати миллӣ заминаи қавӣ фароҳам гардид.
Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми фарҳангсолори тоҷик «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҳамчун ҷашни фархунда, чун рамзи садоқат ба Президент ва вафодорӣ ба Ватан бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолӣ ва вахдати комили миллӣ ҷашн мегиранд.
Кормандони мақомоти судӣ бо Сарвари маҳбуб ва Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор намуда, бо фаъолияти намунаи хизматӣ дар рушду нумӯъ ва шукуфоии Ватани азиз саҳми босазо мегузоранд.
Мо ифтихор аз он мекунем, ки дар даврони истиқлолият маҳз дар натиҷаи сиёсати муваффақона ва дурнигаронаи Пешвои муаззами миллат дар кишвари азизамон роҳу шоҳроҳ ва пулҳо тибқи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд шуда, мамлакати мо ба қаламрави воҳид ва кишвари транзитӣ табдил ёфт ва Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣба сифати давлати ташаббускор дар ҳалли мушкилоти глобалии вобаста ба обу иқлим эътироф гардидааст.
Воқеан шакли идораи «Ҷумҳурии Президентӣ», ки барои давлатдории мо институти нави сиёсию ҳуқуқӣ маҳсуб меёфт, бо сарварии оқилона ва хирадмандонаи Пешвои миллат тамоми талаботи шаҳрвандонро вобаста ба таъмини сулҳу субот, ваҳдату сарҷамъӣ қонеъ гардонид ва дар ниҳоят мардуми Тоҷикистонро аз парокандагӣ ва кишвари маҳбубамонро аз вартаи ҳалокат раҳоӣ бахшид.
Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон хуб эҳсос мекунанд, ки Пешвои миллат, сарфи назар аз ҳамаи мушкилоту монеаҳои мавҷуда,
тамоми захираву имкониятҳоро барои беҳбуд бахшидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ сафарбар менамоянд.
Ҳоло ҳар як сокини ин сарзамин ва кулли тоҷикони ҷаҳон ба хотири хислатҳои ҳамидаи инсонй ва муҳаббати самимие, ки Пешвои муаззами мо ба ин халқу миллат ва садоқате, ки ба ин Ватан доранд, ба ин шахсияти бузург эҳтиром мегузоранд.
Бинобар ин, моро зарур аст, ки дар партави сиёсати ин абармарди таърих кору фаъолияти пурсамар намоем ва барои расидан ба ҳадафҳои судманди миллӣ аз тамоми нерӯву имконият истифода намоем.
Тибқи муқаррароти меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент — Сарвари давлат ва Раиси ҳокимияти иҷроия маҳсуб ёфта, ҳамчун ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили Истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорию бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳамкориҳои онҳо ва риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон эътироф гардидааст.
Маҳз аз ҳамин хотир, таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашни қадршиносию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллй ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионӣ онҳоро ҳимоя ва ҳифз менамоянд.
Алоқамандии мафҳуми «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо шахсият ва заҳмату хизматҳои шоистаи Пешвои муаззами миллат дар он зоҳир мегардад, ки агар дар таърихи миллати мо институти шакли идоракунии «Ҷумҳурии Президентӣ» дар нахустин Конститусияи Тоҷикистони соҳибистиқлол пешбинӣ ва муқаррар шуда бошад, пас муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин Президенти давлати тозабунёди мо ҳастанд, ки дар асоси муқаррароти Конститутсияи даврони навин аз ҷониби мардуми шарифи Тоҷикистон интихоб карда шуданд.
Ҳоло Пешвои муаззами миллати моро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллат, мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду ободии Ватан, эҷодгари шароити арзанда барои мардуми кишвар ва ташаббускори чандин иқдомҳои минтақавию ҷаҳонӣ эътироф кардаанд.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи Шумо аҳли нишаст муборак бод!
Бигзор, хуршеди озодиву истиқлолият ба хонадони ҳар фарди кишвари маҳбубамон Тоҷикистон то абад файзу баракат ва нуру зиё ато намояд!
Саломату сарбаланд бошед!