Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи пешрафт, субот ва рушди устувор

 

Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат муқаддастарин неъмат ва бузургтарин дастоварди таърихӣ ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ 9 сентябри соли 1991 ба марҳилаи нави давлатдорӣ ворид гардида, дар муддати 35 сол тавонист роҳи душвор, вале пурифтихори рушду таҳкимро тай намояд. ИмрӯзТоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувор дошта, бо сиёсати сулҳҷӯёна ва созандааш эътирофи ҷомеаи ҷаҳониро соҳиб гардидааст. Таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо як санаи таърихӣ, балки рамзи ваҳдати миллӣ, рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими давлатдорӣ ва болоравии нуфузи байналмилалии кишвар мебошад. Дар ин давра Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардид. Дар замони истиқлолият иқтисодиёти кишвар низ ба таври назаррас рушд кард. Амалӣ гардидани стратегияҳои миллӣ, сохтмони роҳҳо, нақбҳо, неругоҳҳои барқӣ ва иншооти азими давлатӣ Тоҷикистонро ба кишвари рӯ ба тараққӣ табдил дод. Аз ҷумла, сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” ҳамчун иншооти аср истиқлолияти энергетикии кишварро таъмин намуда, барои рушди саноат ва иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Соҳаи маориф ва илм низ дар даврони истиқлолият рушду такомул ёфт. Теъдоди муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ зиёд гардида, барои ҷавонон шароити беҳтари таҳсил муҳайё карда шуд. Имрӯз донишгоҳу донишкадаҳои кишвар мутахассисони баландихтисосро омода намуда, дар рушди ҷомеаи муосир саҳми арзанда мегузоранд. Ҳамзамон, татбиқи барномаҳои давлатии рушди илм ва технология боиси баланд гардидани сатҳи маърифатнокии ҷомеа шудааст. Дар баробари ин, сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш низ самараи хуб додааст. Ҷавонони тоҷик имрӯз дар озмунҳои байналмилалӣ, олимпиадаҳои фаннӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ парчами Тоҷикистонро баланд мебардоранд. Давлат ҷавононро неруи пешбарандаи ҷомеа дониста, барои рушди қобилияти онҳо шароити мусо
ид муҳайё намудааст. Дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистон бо ташаббусҳои глобалии худ мавқеи хос пайдо кардааст. Аз ҷумла, ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои обу иқлим аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешоҳанги ҳалли масъалаҳои вобаста ба об эътироф гардидааст. Эълон гардидани “Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»” ва баргузории конфронсҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе далели нуфузи байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ, Истиқлолияти давлатӣ барои ташаккули низоми ҳуқуқии миллӣ замина гузошт. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ асосҳои давлатдории навинро муайян намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат дод. Имрӯз дар кишвар принсипҳои волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон тадриҷан таҳким меёбанд. Ҳамчунин, рушди фарҳанг ва эҳёи арзишҳои миллӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбад. Дар солҳои истиқлолият анъанаҳои миллӣ эҳё гардида, ҷашнҳои таърихиву фарҳангӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мешаванд. Тоҷикистон имрӯз ҳамчун кишвари дорои фарҳанги ғанӣ ва тамаддуни қадима дар ҷаҳон муаррифӣ мегардад. Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди ватандӯст мояи ифтихор ва сарбаландист. Ин санаи муҳим моро водор месозад, ки барои ҳифзи истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди минбаъдаи давлату ҷомеа бештар талош намоем. Зеро Истиқлолият неъмати бебаҳоест, ки танҳо бо меҳнати содиқона, эҳсоси баланди ватандорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ пойдор мемонад. Имрӯз Тоҷикистон бо қадамҳои устувор ба сӯи ояндаи дурахшон ҳаракат дошта, мардуми он бо эҳсоси ифтихор аз соҳибдавлативу соҳибватанӣ зери Парчами миллӣ барои пешрафти Ватан саҳм мегузоранд. Бешубҳа, Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун рамзи озодӣ, сулҳ ва саодати миллат то абад побарҷо хоҳад монд.
Корманди дастгоҳӣ суди ноҳияи
Синои шаҳри Душанбе: Султонов А.