Бахшида ба таҷлили 25-умин солгарди ин рӯзи Ваҳдати Миллӣ дар бинои суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маҷлиси тантанавӣ бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд, баргузор гардид

  • Бахшида ба таҷлили 25-умин солгарди ин рӯзи Ваҳдати Миллӣ дар бинои суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маҷлиси тантанавӣ бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд, баргузор гардид, ки дар он Раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мӯҳтарам Рушанзода С.Р., муовини якуми раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Амирзода Т.Р. ва судяҳо Шарифзода С.Ш. ва Сафарзода А.З., баромад карданд.

Яке аз шартҳои муҳим дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ин ваҳдати миллӣ ба шумор меравад.

Ваҳдати мо дар ҳақиқат дастоварди муқаддас аст ва мо фарзандони миллат вазифадорем, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Нагузорем, ки ҳар нохалафе сулҳу ваҳдати моро халалдор созад.

Ҳамаи мо шоҳиди онем, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон, ки дар сарчашмаи он Эмомалӣ Раҳмон истодааст, аз ҷониби созмонҳои байналмиллалӣ эътироф гардида, ҳамчун таҷриба баҳри истифодаи он дар дигар минтақаҳои даргири сайёра мавриди омӯзиш қадрор гирифтааст.

Таърихи инсоният то ин дам ёд надошт, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишваре ба зуди поён ёбад ва тарафҳои даргир бо дарки воқеияти зиндагӣ ба ҳам оянд. Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия имзо гардид, ба таърихи 27-уми июни соли 1997 ёд шуда, дар ҳошияи бузургтарин ходисаҳои сиёсии ҷаҳон дар охири қарни ХХ қарор хоҳад дошт.