Чорабиниҳои Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вобаста ба иҷрои Нақшаи кории Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2020

«ТАСДИҚ МЕКУНАМ»

Раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

_______________Рушанзода С.Р.

20 январи соли 2020

 

НАҚШАИ

Чорабиниҳои Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вобаста ба иҷрои Нақшаи кории Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2020

Номгуӣ чорабиниҳо Муҳлати

иҷроиш

Шахсони масъул
1 Омӯзиши Қарори Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 04.01.2020 сол вобаста ба натиҷаи фаъолияти судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли ҳисоботии 2019 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2020 ва иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи кории Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2020 Моҳи январ Раиси суд, муовинони Раиси суд ва судяҳо
2 Назорат оиди риояи интизоми меҳнат дар суд Мунтазам Раиси суд, муовинони Раис ва судяҳо
3 Гузаронидани вохурию суҳбатҳо бо аҳоли вобаста ба мазмун ва моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 Мунтазам Раиси суд, муовинони Раис ва судяҳо
4 Гузаронидани вохурию суҳбатҳо бо аҳоли, донишҷуёну хонандагони мактабҳои олӣ ва миёнаи умумӣ, дигар табақаҳои ҷомеа вобаста ба нақши ҳокимияти суди дар ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқ озодиҳои инсон ва масъалаҳои қонунгузорӣ Мунтазам Муовинони Раиси суд ва судяҳо
5 Назорат ва таҳлили иҷрои сари вактии санадҳои судӣ ва бо пурраги руёнидани маблағҳои зарар алалхусус зарарҳои ба буҷети давлат расонидашуда Мунтазам Муовинони Раиси суд ва судяҳо
6 Назорат ҷиҳати баррасии сари вақтии парвандаҳои судӣ, пешгири намудани вайронкунии муҳлат, кашолкорӣ Мунтазам Муовинони Раиси суд, судя Сафозода А.Г. мушовирон ва дафтархонаҳои судӣ
7 Таҳлили фаъолияти суд вобаста ба бебаррасӣ монондани аризаҳо, боздоштани парвандаҳо ва пешгири намудани боздоштҳои беасос ва бебаррасӣ монондани парвандаҳо Ҳар нимсола Муовинони Раиси суд ва дафтархонаҳои суд

 

Эзоҳ: Вобаста ба дигар бандҳои Нақшаи кории Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ташвиқоту тағриботи ду Қонуни миллӣ – «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Стратегияи муқовимат бо коррупсия, чорабиниҳо ба Нақшаи кории суд дохил карда шуда, мувофиқаи Нақша – чорабиниҳои дохилиидорави таҳия шудааст.

Назорат аз болои иҷроиши Нақшаи чорабиниҳои мазкур ба зиммаи Муовинони Раиси суд вогузор карда шавад.