ДУШАНБЕ-ПОЙТАХТИ ОБОДУ ШУКУҲМАНДИ ТОҶИКОН.

Акнун, ки ҷашни бузургу беназири мо “Рӯзи пойтахт” фаро расид ва ҷашни давлатию миллӣ -35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле наздик аст, мо китобу ёддошт, хотираву сайёҳатнома ва хотироту таассуроти олимоу афсарон ва табибону табиатшиносони Русияро, ки асри XIX, ибтидои қарни гузашта ба Душанбе, ба водиҳои Рашту Қаротегин, Кӯлобу Дарвоз, Нораку Фахробод сафар карда, мулоҳизаҳои ҷолиб баён намудаанд, варақ зада, аз гузаштаи халқамон, диёрамон, алалхусус пойтахти дилороямонДушанбе, бештар воқиф ва огаҳ шавем

Чунончӣ яке аз саромадони илми табиатшиносии ҷаҳон Николай Иванович Вавилов, генетик набототшинос ва ҷуғрофидони номӣ, асосгузори селексияи муосир ду маротиба ба Тоҷикистон сафари бобарори илмӣ карда, то Рашту Дарвоз, Рӯшону Шӯғнон, Хоруғу Ишкошим омадааст. Умуман, марзи тоҷик, сарзамини тоҷиконро яке аз марказҳои маданияти тамаддуни заминдорӣ ва зироату мева номидани барӯмандтарин олими табиатшиноси ҷаҳон ифтихору шараф аст…

Гузашта аз ин, Душанбе ва Шоҳмансур, Сариосиёб ва Ғофилобод, Мири шикор ва Ҳӯҷамбиё, Чармгарон, Заргар ва Шишахона барин мавзеву маҳалла, деҳкада ва қарияҳо муфассал дар асарҳои таърихӣ ба тавсир кашида шудаанд.

Албатта, калонтарин ва сераҳолитарин деҳкадаи нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX-Душанбе, ки ба ҳукми тақдир дар зарфи сад соли охир ба пойтахти шукуфони миллати тоҷик мубаддал гардид, аз тарафи сайёҳону афсарон ва мутахассисони ондавринаи рус бо мароқ тасвир гаштааст. Аз китобҳои таърихӣ мутолиа намудам ва боиси тааҷҷубам гашт, ки 120-125 сол қабл дар рӯзҳои бозор-чоршанбе ва якшанбе, ба Душанбе молу матои мамолики Афғонистон, Эрон, Чин, Русия оварда мешуд ва савдо дар маркази шаҳри мо он солҳо авҷ мегирифт…

Боиси фараҳу хушҳолист, ки дар рӯзҳои ҷашнҳои миллӣ-таърихӣ:80 ва 90 солагии пойтахти ҷумҳурӣ (солҳои 2004,2014) роҷеъ ба Душанбе, нигоҳу назари мардуми сайёҳ, китобу ёддоштҳои онон, маводҳои илмию бадеиву таърихии зиёд ба табъ расиданд. Ҳамин тавр, пойтахти имрӯзаи обод ва шукуҳманду дилрабои тоҷикон ҳанӯз як аср қабл таваҷҷуҳи сайёҳон ва донишмандону муаррихони русро ба худ ҷалб кардааст.

Бешубҳа, чун як корманди мақомоти судии пойтахт бо масъулият иброз медорам, ки хотираҳои марғуб ва ёддоштҳои дилписанди аҳли илму таҳқиқ кунун моли таърих буда, хазинаи тиллоии халқро ташкил медиҳанд…

Албатта, насли ҷавони ҷумҳуриро лозим аст, ки таърихи шаҳри Душанбе, гузаштаи халқ, таърихи ниёгонамонро дақиқтар биомӯзанд, дар оянда пойтахт ва мамлакатро боз ҳам бештар хурраму ободтар намоянд.

Мо-масъулину мутасаддиён низ, имрӯзҳо фарзандони хешро бештар ба таҳсилу омӯзиши кулли фанҳо, махсусан, таърихи гузаштаи халқ ва шаҳри Душанбе, роҳнамоӣ ва водор менамоем…

Акнун, аз фурсати муносиб истифода намуда, тамоми ҳамрамақону ҳампешагони хешро ба ҷашни фархундаи “Рӯзи пойтахт” самимона табрику таҳният гуфта, дар ин ҷодаи хеле душвор, вале пурифтихор барояшон сиҳатмандӣ, саодати рӯзгор ва барору комёбиҳои бузургеро таманно менамоям.

Ҷашни “Рӯзи пойтахт”, ҳумоюн бод-дӯстону ҳамкасбони арҷманд!

Судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Аҳмадзода Фароғат Маҳмуд.