Фармоиш вобаста ба амали намудани иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо»

СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

СУДИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ФАРМОИШ

Аз 09.08.2021 сол                №25                    шаҳри Душанбе

Бо мақсади амали намудани иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо», мутобиқи қисми 2 моддаи 83 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қисми 1 моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо»,

Фармоиш медиҳам:

Намояндаҳои расмии суд оид ба ҳамкорӣ ба воситаҳои ахбори омма шахсони зерин ваколатдор карда шаванд:

Одиназода М.Ҷ. муовини якуми Раиси суд

Носирзода М. пристави суд

Шахсони ваколатдор вазифадор карда шаванд, ки ҳамкориро бо воситаҳои ахбори омма дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ намоянд.

Иҷроиши Фармоиши мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси суд вогузор карда шавад.

Асос: моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» ва амри ман.

Раиси суд                                                          Рушанзода С.Р.