Инкишофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлолият.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лахзаи ба даст овардани истиқлолият ғами қабули Конститутсияро мехӯрд. Албатта Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон, ки соли 1978 қабул шуда буд, ба талаботи ҷомеаи баъди шӯравӣ, яъне ба талаботҳои истиклолият ҷавобгӯ набуд. Акнун Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами навини худро ба даргоҳи истиқлолият пой ниҳод. Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири сарнавишти худро аниқу мушаххас дарк намуда, ба сохтмони давлати ҳуқуқбунёд тамоми ҳастиашро равона сохта истодааст. Дар замони ҳозира халқ баёнгари сохибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимият баромад карда, онро бевосита амалӣ мегардонад. Солҳои баъди қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиклол воқеан давраи пойдории ҳаёти конститутсионӣ, ҷустуҷӯ ва интихоби рохи нави инкишоф баъди пошхӯрии ҷамъияти сотсиалистӣ буд. Ҷомеа бе дурнамои инкишофи таърихӣ ва интихоби роҳи аниқи инкишоф пеш рафта наметавонад. Беҳуда нест, ки дар маърузаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти кишварамон Эмомалӣ Рахмон борҳо таъкид карда буд, ки раванди нави таърих ба дӯши давлати соҳибистиқлоли мо вазифаҳои басо мураккаб, масъулиятнок ва вазнин гузошт. Дар ҳалли ин вазифаи Конститутсияи Тоҷикистон нақши ҳалкунанда бозид. Ин бесабаб нест, зеро Конститутсия ҳуҷчати сарнавишту такдирсоз буда, ки он аз мархилаи нави таърихӣ оғоз гашта, дар он роҳҳои мушаххаси инкишофи минбаъда муайян мегарданд. Ин хусусияти хос умуман ба ҳамаи конститутсияҳои давлатҳои демократӣ тааллуқ дорад.
Мазмуни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 давраи ҳозираи барпоёбии давлати соҳибихтиёрии Тоҷикистон ва хусусиятхои он, ҳолати ҳуқуқии инсон ва шахрванд, вазъи ҳуқуқии ВМКБ ва сохти марзию маъмурии Тоҷикистон, низом, тарзи ташкилёбӣ ва фаъолияти мақомоти давлатии ҷумҳуриро инъикос мекунад.
Таркиби Конститутсия шаклҳои дохилии конститутсия мебошад. Таркиби конститутсия ва мазмуни конститутсия ҳар ду шакли муайянро доро аст. Мазмуни Конститутсия бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ муайян мегардад. Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар райъпурсии умумихалқӣ 6-ноябри соли 1994 қабул гардида, баъд аз тарафи комиссияи райъпурсӣ тасдиқ кардан натиҷаи овоздиҳӣ ба чоп тавсия карда шуд ва он дар рӯзномаҳои марказӣ 16 – ноябри соли 1994 чоп гардид.
Ҳамин тавр, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар худ принсипу ғояҳои асосие, ки манфиати инсонро боло мебардорад, ҷойгир кардааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аз Конститутсия қонунҳои зиёд эҷод шуда истоданд. Ҷавҳари асосии Конститутсияро (дар назар дорем, мазмуну муҳтавои Конститутсия) ҳуқуқу озодиҳои инсонро ташкил медиҳад. Имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз Конститутсияҳои демократитарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Хусусияти фарқкунандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки дар он афзалияти ҳуқуқи инсон нисбати сиёсат эътироф карда шудааст.
Судияи суди ноҳияи Синои
шаҳри Душанбе
Шаҳнозаи А.