Истиқлолият – кафили эҳёи давлати миллӣ

Мавриди зикри хос аст, ки Истиқлолият барои миллати тоҷик беназиртарин дастовард ба шумор меравад. Ба даст овардани истиқлолият, яъне соҳибихтиёрӣ ҷавҳари асосии давлатдорӣ буда, дар ин замина бунёд намудани давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона ҳадафи асосии шаҳрвандони Тоҷикистон гардид.

Таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз оғози даврони Истиқлолият то ба имрӯз ҳадафи стратегии давлат ва Ҳукумат буда, дар ҳамин асос ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ густариш пайдо намуда, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ҳамчун ҳадафҳои стратегии сиёсати давлат ҳанӯз солҳо қабл муайян карда шуда буданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷињати татбиқи минбаъдаи ин ҳадафҳо, масъалаҳои таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, ҳамчунин тақвияти иқтидори содиротии кишвар, дастгирии соҳибкорӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоидро ба хотири мунтазам беҳтар гардидани зиндагии сокинони мамлакат қадамҳои устувор гузошта истодааст.

Бо дарназардошти он, ки рафъи бунбасти коммуникатсионӣ ва дастрасӣ ба истиқлолияти энергетикӣ ҳамчун ҳадафҳои стратегии миллии Тоҷикистон муайян шуда буданд, ба такмил ва рушди зерсохтори нақлиётӣ, ки ба густариши тиҷорати дохилӣ, минтақавӣ ва байниминтақавӣ мусоидат менамояд, аҳамияти аввалиндараҷа дода шудааст. Соҳаи энергетикаи кишвар барои таъмини аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳои кишвар бо нерӯи барқ нақши бузург дорад. Дастрасӣ ба манбаъҳои муосири энергетикӣ ва рушди «энергияи сабз» омили калидии ноил шудан ба рушди устувор буда, асоси иқтидорҳои энергетикиро дар соҳаи гидроэнергетика ташкил медиҳад.

Яке аз масъалаҳои муҳимтарине, ки баъди Истиқлолияти давлатӣ барои Тоҷикистон пеш омад, ин раҳоӣ аз маҳдудияти коммуникатсионӣ, яъне кушодани роҳҳои мошингард, роҳҳои оҳану ҳавоӣ ва таъмини алоқа бо тамоми минтақаҳои мамлакат ва кишварҳои дигар мебошад. Аз ин лиҳоз, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи бунёди роҳҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир гардида, то ба имрӯз барои аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра раҳо намудани кишвар ва ба қаламрави транзитӣ табдил додани кишварамон лоиҳаҳои зиёди сармоягузорӣ амалӣ карда шудаанд ва метавон гуфт, ки мо ба ин ҳадафи худ расидем.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намудани амнияти озуқаворӣ, ташкили муҳити бозаргонӣ ва дастгирии инкишоф ва рушди фаъолияти соҳибкориро самти афзалиятноки худ муайян намудааст. Ин аст, ки тайи солҳои охир саҳми бахши хусусӣ дар ҷодаи фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва умуман, ҷиҳати рушди бахши иқтисодӣ ва пешрафту ободонии мамлакат хеле назаррас гардидааст. Дар чанд соли охир дар соҳаи пешбурди корҳои судӣ, соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя як силсила ислоҳот, ки ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, кам кардани монеаҳои маъмурӣ ва дахолати давлат ба фаъолияти хоҷагидории субъектҳои соҳибкорӣ равона гардидаанд, анҷом дода шуданд.

Барои эҳё намудани давлатдории миллии тоҷикон ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ беҳтарин имконияти таърихӣ буд, ки бо он мо – тоҷикон тавонистем соҳиби Ватани озоди хеш ва давлатдории миллӣ гардем. Ин марҳилаи нави таърихӣ дар назди миллати тоҷик иҷрои вазифаи басо пурмасъул, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои миллӣ ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ (21 ноябри соли 2019) аз ҷумла чунин таъкид намуданд: «Нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар идораи давлат ва пешрафти ҷомеа хеле муҳим мебошад, зеро ҳокимияти судӣ дар асоси Конститутсия ва қонунҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Ба андешаи мо – кормандони бахши судҳои мамлакат дар марҳалаи ҳозираи инкишофу рушди давлату миллати тоҷик вазифае муҳимтар аз ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, таҳкими Ваҳдати миллӣ, устувории суботи ҷамъиятӣ, пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ, рушди илму фарҳанг мавҷуд нест…

Бояд зикр кард, ки ҳадафи давлату Ҳукумат, дар заминаи таҳкими Истиқлолияти давлатӣ баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, ҳифзи суботу амнияти он мебошад ва хушбахтона, мо сулҳро ҳамчун падидаи ҳуқуқиву сиёсӣ ва воқеиятӣ ба даст оварда, дар фазои ин неъмати бузург кору зиндагӣ дорем.

Барои ҳалли бетаъхири ин вазифаҳо тамоми мардуми Тоҷикистон бояд дар атрофи давлат иттифоқу муттаҳид шуда, сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат, хосса Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба таври ҷиддӣ ва бечунучаро бояд амалӣ намоянд.

Шаҳриёр МУСТАФОЗОДА,

Судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе