ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ЗАМИНАИ УСТУВОРИ ҲУҚУҚИИ ШОХАИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

Истиқлолият неъмати бузургест, ки дар қатори халқҳои дигари ҷаҳон ҳаққи баробар доштани халқу миллати тоҷикро ифшо месозад. Маҳз бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик тавонист истиқлолияти давлатии худро баъди гузаштани фарсахҳо ба даст оварад ва миллати тоҷикро дар байни дигар қавму халқиятҳои ҷаҳон ҳамчун миллати куҳанбунёд муаррифӣ намояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар давлатҳо Истиқлолияти давлатӣ иди «ҷавон» аст. Истиқлолияти худро Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 ба даст овард. Заминаи ҳуқуқии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро Эъломия «Дар бораи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон» аз 24-уми августи соли 1990 ташкил медиҳад, ки дар ҷаласаи дуюми Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум қабул гардидааст. Эъломия аввалин ҳуҷҷати раҳнамунсозанда ва воқеъан тасдиқнамудаи соҳибихтиёрии Тоҷикистон мебошад. Дар он дарҷ шудааст, ки ҶСШ Тоҷикистон дар ҳудуди худ ҳама масалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ – фарҳангӣ, сохтмониро ба истиснои онҳое ки аз ҷониби он ихтиёрона ба ИҶШС пешниҳод гардидааст, ҳал менамояд. Ҳудуди ҶСШ Тоҷикистон дахлнопазир буда, бе ризояти халқи он тағийр дода намешавад. ҶСШ Тоҷикистон муносибати худро бо давлатҳои хориҷӣ бевосита баамал мебарорад, ба онҳо шартномаҳои дорои хислати иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмӣ – техникӣ мебандад. Дар Эъломия дигар муқаррароте ифода гардидааст, заминаҳои асосӣ ва принсипҳои Истиқлолияти давлатро ифода менамоянд.

Дар ҳар як кишавар идҳои миллӣ ҷашн гирифта мешаванд. Яке аз ин ҷашнњо рӯзи истиқлолияти давлат аст. Масалан дар Россия 4 июн, ИМА 4 июл, Чин 1 октябр, Финляндия 6 декабр рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз дар ҳама кишварҳо машқҳои идона баргузор мегарданд ва мардум ба кучаҳо баромада хандонрӯй, хушбахт ва меҳрубонона бо ҳамдигар сӯҳбат мекунанд, ба тамошои боғҳо ва манзараҳои дигар мераванд.

Сухан аз истиқлол сухан аз виҷдон аст,

На! Сухан нест! Дил асту ҷигар асту ҷон аст.

Сухан аз истиқлол сухан аз сохтан аст,

Чу сутунҳо ба бинои кишвар қомат афрохтан аст.

Халқи тоҷик 9 сентябри соли 1991-ро ҳамчун санаи тақдирсоз ва раҳои аз тобеияту итоат меҳисобад. Дар ин сана дар ҷаласаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор ва изҳорот «Дар бораи эълон гаштани Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Аз он рӯз оғоз намуда, халқи тоҷик Истиқлолияти давлатии  худро ҷашн  мегирад.  Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар  бораи  рузҳои ид»  аз  2-юми  августи  соли  2011, №753  9-сентябр ҳамчун   Рӯзи истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷашн  гирифта  шуда, рӯзи иди  ғайрикорӣ аст.  Дар  рӯзи иди Истиқлолияти давлатӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  афрохта, чорабиниҳои  ҷамъиятию сиёсӣ ташкил ва гузаронида мешаванд. Истиқлолият мустақилият, тобеъ набудан ва соҳибихтиёриро ифода мекунад. Аз  нигоҳи ҳуқуқи истиқлолият бо принсипҳои гуногун ва иниститутҳои ҳуқуқи конститутсионӣ иникос мегардад. Ба монанди соҳибихтиёрии   пурра, субъективи будани ҳуқуқи байналмилалӣ, тақсимоти ҳокимияти давлатӣ, ҳолати ҳуқуқии шахсият ва ғайра. Соҳибихтиёрӣ бошад маънои  волоият, ҳокимият ва ҳукумрониро дорад. Яъне   волоият аз қувваҳои беруна ва мустақилона амал кардан дар дохили  кишвар аст. Дар замони муосир соҳибихтиёриро  ба  давлатӣ, миллӣ, шахсият ва шаҳрвандӣ тасниф менамоянд. Соҳибихтиёрии давлатӣ ин  сифатҳои ҳуқуқии ҷудонашавандаи давлат буда, мустақилияти сиёсӣ -ҳуқуқӣ, ҷавобгарӣ ва арзиши баланди субъекти ҳуқуқи байналхалқӣ, тобеъ  намудан  ба  давлати  дигар,  баробарҳуқуқии давлат  ва  мустақилона амал намудани онро дар сатҳи байналмилали  ифода   менамояд. Дар замони муосир истиқлолият ва соҳибихтиёри ҳамчун  калимаҳои ҳаммаъно фаҳмида мешавад, ки оиди он баҳсҳо низ ҷой  дорад.

Дар   асрҳои 20 ва 21 дар ҷаҳон омилҳои нав (ҷаҳонишавӣ, тақсимоти нави ҷаҳон) ба вуҷуд омадаанд, ки боиси аз байн бурдани  истиқлолият ва ё суст намудани он мегарданд. Аз ин  рӯ, соли  2000-ум   аз ҷониби  Созмони  Миллали Мутаҳид Коммисияи байналмилали  оид ба масоили таъсиррасони ба соҳибихтиёрии давлатӣ таъсис дода  шуд. Дар ҳисоботи Комиссия қайд гардида аст, ки соҳибихтиёрӣ на  танҳо ба давлат ҳуқуқи назорати корҳои дохилии худ балки  ҷавобгарии бевоситаро оид ба ҳифзи одамони дар ҳудуди он истиқоматкунандаро вогузор намудааст. Дар ҳисоботи Комиссия  дарҷ гардидааст, ки дар ҳолате, ки давлат наметавонад бо сабаби имконият  надоштан ва ё хоҳиш надоштан одамонро ҳифз намояд ҷавобгари ба  иттиҳоди васеъи байналмилалӣ вогузор мегардад. Ин ҷабҳа дар  меъёрҳои байналхалқи номи «Ӯҳдадории ҳифзшаванда»-ро  гирифтааст.

Дар айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатӣ дар заминаи баъзаи меъёрии ҳуқуқии устувор (сар карда аз Конститутсия то ба санадҳои зерқонунӣ) мустаҳкам гардидааст ва рушд намуда истодааст. Айни ҳол беш аз 400 қонун, 20 кодекс ва ҳазорҳо санадҳои зерқонунӣ қабул шудаанд.

Истиқлолияти давлатӣ,  ки Тоҷикистон 30 сол пеш ба даст овард,  натиҷаи кӯшишу талошҳои тӯлонии халқи тоҷик дар роҳи пуршебу фарози таърихи худ мебошад. Чунки андешаи истиқлолият ва  талоши расидан ба давлатдории худ дар зеҳни миллати мо дар давоми беш аз ҳазор сол ҳамеша зинда буд. Дар шароити кунунӣ таҳкими истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои мо мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди қувватгирифта истодаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст. Президенти кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои – миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин моҳияти Истиқолиятро ифода намудаанд: «Истиқлолияти мо рамзи озодии миллат ва мамлакат, соҳибихтиёрии давлат ва нишонаи равшании ватандориву ватандӯстии мо мебошад».

Бигзор таҷлили ҷашни фархундаи рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон дар таърихи халқи мо ваҳдату якдилии мардумамонро мустаҳкам намуда, обрӯйи миллату ватани азизамонро дар арсаи байналхалқӣ дучанд афзунтар созад. Поянда бод, ваҳдат, якдигарфаҳмӣ ва Истиқлолияти Тоҷикистон!

Судяи суди ноҳияи Синои

шаҳри Душанбе А. Искандарзод