ИСТИҚЛОЛИЯТ-РАМЗИ СОҲИБДАВЛАТӢ ВА ВАТАНДОРӢ

Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун арзиши муқаддас ва муҳити озоди соҳибихтиёрӣ дар таърихи навини миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд, ки мову шумо имрӯз дар фазои сулҳу амният ва осоишу оромӣ бо ҳисси ифтихори миллӣ 32 — солагии онро таҷлил менамоем.

Ба ин муносибат, ҳамаи Шумо ҳамкорони азизро бо фарорасии ин санаи фархунда табрик гуфта, бароятон тандурустиву саодатмандӣ, бахти пояндаву иқболи нек ва ба хонадонатон рӯзгори пурфайзу бобаракат орзу менамоям.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси мақом ва ҷойгоҳи истиқлолият чунин зикр намуданд: «Истиқлол ва соҳибихтиёрӣ дар назди мо — шаҳрвандони Тоҷикистон вазифаи басо пурифтихори таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба орзуву ормон ва манфиатҳои мардуми кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро гузошт.

Истиқлоли мо калиди соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду соҳибфарҳанги тоҷик аст, ки такдирашро ба дасти худ гирифта, бо роҳу равиши хоси хеш ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайвастааст ва ҳамеша мекӯшад, ки набзи давлату давлатдории худро бо набзи сайёра ҳамоҳангу ҳамсадо намояд».

Садоқат ва самимияти хоси Пешвои миллат нисбати мафҳуми истиқололият ва муқаддас будани он аз суханрониҳояшон бармеояд, ки ҳамеша боифтихор истиқлолиятро «неъмати бебаҳои таърихӣ», «шарти ҳастиву бақои миллат», «кафили фардои дурахшон», «муқаддастарину азизтарин неъмат», «рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ», «нишонаи бақову пойдории давлат» ва «рӯйдоди бузурги таърихӣ» эълон дошта, ҳамагонро бо муттаҳидиву сарҷамъӣ ва ҳушёриву зиракӣ барои ҳифзу таҳкими истиқлолияти давлатӣ даъват менамоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, балки поягузори истиқлолияти давлатӣ низ ба шумор мераванд. Бақои миллат, пойдории истиқлолияти давлатӣ, инчунин ноил гардидан ба муҳимтарин дастоварди он — сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ маҳсули хиради бузург, талоши ватандӯстона, ташаббуси ҷасоратмандона ва иқдоми таърихсозонаи Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ҳар падидаи нек рамзу нишон ва файзу баракати худро дорад. Истиқлолият барои миллати тоҷик рамзи саодат ва асолат, хушиқболӣ, соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ, нишонаи озодӣ, бақову пойдории давлат ва ифтихормандӣ мебошад. Бузургтарин дастовардии истиқлолият — соҳиб гардидан ба давлатдории мустақили миллӣ мебошад.

Комёбии азимтарини ин даврон расидан ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва таъминии оромии ҷомеа аст. Ба ҳамин маънӣ аст, ки Пешвои муаззами миллат воқеъбинона чунин таъкиди барҳақ намуданд, ки «истиқлолият ва ваҳдат сароғози рушд ва шарти бақои давлатдории миллӣ, эҳёи фарҳангу тамаддун, асоси худшиносӣ ва андешаи миллӣ мебошад».

Дар ҳамин зимн бояд ёдрас шуд, ки истиқлолият дар ибтидо ормони миллӣ буд, ки баъдтар ба рӯзи мурод ва санаи фархунда табдил ёфт.

Пас, мо соҳибватанонро мебояд, ки истиқлолиятро бо ҳама бузургиаш гиромӣ дорем ва танҳо бо доштани ин неъмати бебаҳо қаноат накарда, ба афзун намудани дастовардҳою музаффариятҳои он ва эҳтироми муқаддасоташ дар пайи амали фаъол ва бунёдкорона бошем.

Чунки истиқлолият ба мо озодӣ ва рӯҳбаландӣ мебахшад, ғурури миллиамон аз он сарчашма мегирад, лек дар баробари ин ҷонфидоӣ, сарсупурдагӣ, фидокорӣ ва матонату садоқат мехоҳад.

Бо эҳтироми бузург бори дигар Шумоён — ҳамкорони азизро ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфта, таманнои онро дорам, ки эҳсоси баланди ватандорӣ, нангу номуси миллӣ ва ифтихор аз соҳибихтиёрии халқи азизамон ҷовидона ва оламгир бошад.

Ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ 32 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!

Саодатманду сарбаланд ва пирӯзу муваффақ бошед!