КОНСТИТУТСИЯ ШИНОСНОМАИ ДАВЛАТ

Барпо намудани ҷомеаи ҳуқуқбунёд ин ормонӣ чандин асраӣ халқӣ тоҷик буд, ки маҳз баҳри амалӣ шудани ин ормон ҷонфидоиҳо кардаанд. Хушбахтона пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, ин ормонҳо амалӣ гардиданд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, дар кишвар вазъи сиёсии давлат, ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрвандон дар вазъияте қарор дошт, ки ягон мақомоти давлатӣ наметавонист онҳоро танзим ё ба тартиб дарорад. Ин ҳолатҳои зикршуда, барои мардуми тоҷик, ноумеди аз зиндагӣ ва зарбаи сахт барои пешравии иқтисодиётӣ давлат гардид. Хушбахтона мардуми тоҷик бо раҳнамоӣ ва ҷонфидоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдири минбаъдаи хешро бо дастони худ навиштанд. 6-уми ноябри соли 1994 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ бо як овоз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуданд. Конститутсияро метавон бахтномаи миллат ном бурд. Зеро сарвари давлат қайд кардаанд, ки “ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити низои байни тоҷикон таҳия ва кабул шудааст. Аз ин ҷиҳат, вазифаи аввалиндараҷаи он таъмини оштии миллӣ ва сулҳи тоҷикон буд. Аз ин нуқтаи назар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарвоқеъ ҳуҷҷати созиши иҷтимоӣ ва заминаи ҳуқуқии таъмини сулҳи тоҷикон гардид”.  Дар воқеъ халқи тоҷик давоми 27 соли амалӣ Конститутсия ба ҳама дастовардҳое, ки ноил гашт ин маҳз, самараи Конститутсия мебошад.

Конститутсия ин қонуни асосии ҳар давлат мебошад, ки дар он шакли фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дарҷ гардидаанд. Аз он ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ҳамчун арзиши олӣ эътироф карда, масъулияти таъмини онро ба зиммаи мақомоти давлатӣ вогузор кардааст ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун маҳаки марказӣ танзим менамояд.

Чи тавре, ки қайд кардем Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як шароити ниҳоят вазнини ҳаёти сиёсии кишвар қабул шудааст. Новобаста аз ин, аз тарафи мутахссисони варзида ва ташкилотҳои байналмиллалӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор дода шуда, он дар радифи конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон ҷой дода шудааст, ки ин боиси ифтихори мо мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воқеъ ин пояи давлату давлатдории миллии мо тоҷикон мебошад.

 

Судяи суди ноҳияи

Синои шаҳри Душанбе

Искандарзод А.