КОНСТИТУТСИЯ УНСУРИ АСОСИИ ТАЪМИНИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН

Яке аз унсурҳои муҳими ифтихору сарфарозии мо дар замони истиқлолияти давлатӣ ин қабули Конститутсияи кишвари ҳуқуқбунёдамон аст, ки барҳақ бояд китоби рӯимизии ҳар фарди  бедордилу ватандӯсти мамлакат бошад. Зеро нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии ҳар давлат Конститутсияи он аст. Бар асоси назарияи ҳуқуқи конститутсионӣ Конститутсия – шиносномаи давлату миллат ҳисобида шуда, дар номи номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он дарҷ карда мешавад, ки эътибору ҷойгоҳ ва қувваи олии ҳуқуқӣ дорад.

Амалияи сиёсӣ ва таҷрибаи ҳуқуқии кишварҳои мутамаддини ҷаҳон  собит мекунад, ки ҷараёни тағироту таҳаввулоти ҳаёти ҷамъиятӣ зарурати  такмили меъёру муқаррароти Конститутсияро ба унвони шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдориҳои миллӣ ба миён меорад ва ин раванд ҳамчун ислоҳоти конститутсионӣ пазируфта шудааст. Дар таърихи мавҷудияти Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр рушди устувори ҷомеа тақозо намуд, ки меъёрҳои он такмил дода шуда, таъмини волоияти Конститутсия, таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон амалӣ  гардад.

Он тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: «Такмили Конститутсия ба мо имкон дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, мустаҳкам гардидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, болоравии обрӯю нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои боз ҳам устувор гузорем.»

Конститутсия ҳамчун зербинои мустаҳками ҷомеа ва давлати демократӣ танҳо бо посухгӯӣ ба ниёзҳои замон ва заруратҳои дар марҳилаҳои муайяни рушди ҷомеа пешомада тавассути такмил ёфтани меъёру муқаррароти худ метавонад омили таъминкунандаи татбиқи ҳадафҳои рушди миллӣ ва сарчашмаи фардои дурахшон бошад. Аз ин нигоҳ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди ҳанӯз аз солҳои аввали қабулаш аз ҷониби коршиносони муътабари ҷаҳонӣ ба унвони яке аз конститутсияҳои беҳтарин пазируфта шуданаш, дар тӯли мавҷудияти худ бо назардошти такмили асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, рукнҳои асосии он, мукаммал намудани низоми давлатӣ мавриди ислоҳоти конститутсионӣ қарор гирифт. Паҳлӯи муҳими масъала дар он аст, ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо ҳисси саршори ватанхоҳӣ дар муҳокимаи тағиру иловаҳо иштироки фаъолона варзида, бо райъдиҳии ҷонибдорона  ҳангоми баргузории райъпурсиҳо ислоҳоти конситутсиониро ҳамчун қадами таърихии санҷидашудаи ҳуқуқӣ ва мақсади онро дифоъ аз манфиатҳои  халқ ва давлати Тоҷикистон қабул намуданд.

Агар ба нақши Конститутсия дар ҳёти судҳои ҷумҳурӣ нигоҳ кунем, аён мегардад, ки дар замони истиқлолияти давлатӣ бори нахуст ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф шудани ҳокимияти судӣ маҳз ба меъёри муқаррароти Конститутсияи амалкунандаи кишварамон асос ёфтааст.

Як паҳлӯи дигари басо муҳими тағйиру иловаҳои воридшуда ба Конститутсия, ҳамчун заминаи асосии ҳуқуқии бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди тоҷикон ба ҷалби фаъолонаи шаҳрвандон, хусусан ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии шохаҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ алоқамандӣ дорад. Бо ин мақсад моддаи 85 дар таҳрири нав ифода карда шуд, ки тибқи он ба вазифаи судяҳои Суди Оли, Суди Олии иқтисоди, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе интихоб ё таъин мешавад, ки синни ӯ аз 30 кам набошад. Ба вазифаи судяҳои судҳои шаҳр ва ноҳия, суди ҳарбӣ, суҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе таъин мешавад, ки на кам аз 25 син дошта бошад.

Пас аз он ки зимни ислоҳоти конститутсионии тавассути райъпурсии умумихалқӣ суратгирифта банди 12 – уми моддаи 69 хориҷ гардид, Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ барҳам хӯрд, салоҳиятҳои ба он тааллуқдошта мутобиқи тартиби қонунгузорӣ ба Суди Олӣ дода шуд.

Шаҳрвандони соҳибҳуқуқу огаҳдили Тоҷикистон Конститутсияро ҳамчун қонунномаи зиндагии осудаи хеш эҳтиром гузошта, ҳар меъёру муқаррароти онро риояву иҷро намуда, бо ин роҳ дорои сатҳи баланди огоҳии ҳуқуқӣ, фаъолнокии шаҳрвандӣ ва маърифатнокиву зиракии сиёсӣ буданашонро нишон медиҳанд. Онҳо дар умқи зеҳну шуури хеш ҳақиқатеро пазируфтаанд, ки Конститутсия ба ҳайси дастури қонунманди ҳуқуқии ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ низоми сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷомеаро мукаммал сохта, унсури асосии таъмини волоияти қонун ва рушди устувори бомароми ҷомеаи мутамаддин аст.

Мазмуну муқаррароти Конститутсияи Тоҷикистон, ки ба рӯҳи замон ва марҳилаи кунунии созандагиву бунёдкорӣ, воқеияти имрӯзаинаи пойдории  давлатдории миллӣ ва бақои истиқлолияти давлатӣ дар натиҷаи ислоҳоти дуруст, ҳадафманд, бобарор ва мантиқии конститутсионӣ мувофиқ гардид, бешубҳа баҳри пирӯзиву музаффариятҳои тозаи Ватани маҳбубамон заминасозии боэътимод намуда, фардои дурахшон ва дурнамои боифтихорро асос ва бунёди воқеӣ хоҳад бахшид.

Суҳроб  Рушанзода,

Раиси  суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе