КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Шашуми ноябри соли 2019 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни бузург  25-умин солгарди қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.

Пешвои муаззами миллат, ки дар таҳия ва тавассути райпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсия саҳми босазо доранд,  5-уми ноябри соли 2000, яъне баъд аз шаш соли амали Конститутсия дар суханрониашон нақши ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқиро дар рушду таҳкими давлати демократию ҳуқуқбунёд муҳиму назаррас маънидод намуда, зикр намуданд: «Аз  баракати ин санади олии тақдирсоз ва ифодакунандаи мақсаду мароми давлати соҳибистиқлоламон то имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии халқи мо дигаргуниҳои куллӣ ба амал пайвастанд. Конститутсия, пеш аз ҳама ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии кишварамон табдил ёфт».

Шашуми ноябри соли 1994 мардуми Тоҷикистон майлу иродаи худро доир ба қабули қонуни сарнавиштсоз ва муқаддаси миллӣ, санаде, ки асоси ҳастии ҷомеаро таъмин мекунад, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро кафолат медиҳад, бунёди устувори рушду такомули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дуниявӣ ва иҷтимоӣ муайян менамояд, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар райпурсии умумихалқи изҳор доштанд.

Ин ҷуҷҷат аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст ва бинобар ин дар таърихӣ навини  кишварамон  рӯйдоди  бузург  ва тақдирсоз  мебошад.  Ин санади муқаддас истиқолиятӣ давлати тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву иқтисодӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ояндаи онро мутобиқи меъёрҳои этирофшудаи муосир муайян сохт.

Ва чунон, ки имрӯз мебинем, дар давоми бисту панҷ соли амали он рукнҳои давлатдории навини мо хеле таҳким ва такмил ёфтанд ва барои торафт мустаҳкам гардидани истиқлолияти воқеии кишвар хизмат карда истодаанд.

Конститутсия шаҳодатномаӣ миллат, гувоҳномаӣ давлати соҳибистиқлол  ва  рисолаи  тақдири  кишвар  буда, бо иродаи мардум Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эълон намуд ва дар марҳалаи ниҳоят ҳассоси таърихӣ мамлакат ба талошу даъвоҳои барои сохти давлатдорӣ хатарнок хотима бахшид.

Сониян, моҳият ва мӯҳтавои ин  санад,  ки  аз тариқи  раъйпурсии умумӣ  қабул  гардид,  барои  ҳамдигарфаҳмии мардум  ва таъмини сулҳу суботи кишварамон асоси мустаҳкам гузошт.

Конститутсия ба сифати қонуни олии давлат масъалаҳои муҳимтарини сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии ҷомеа, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби таъсис, доираи салоҳият ва фаъолияти мақомоти давлатиро муайян менамояд.

Масъалаҳои зикршуда, ки асоси муносибатҳои бунёдии ҷомеаро ташкил медиҳанд,  талаб мекунанд, ки ба меъёрҳои Конститутсия қувваӣ  олии ҳуқуқӣ ва амали мустақим дода шавад.

Эътибори олии ҳуқуқӣ ва амали мустақими меъёрҳои Конститутсия заминаи муҳими таъмини қонунияти конститутсионӣ дар кишвар мебошад, зеро ин принсип тақозо менамояд, ки меъёрҳои қонунҳо ва дигар  асноди ҳуқуқӣ  дар  асоси  Конститутсия  ва барои амали шудани он қабул карда шаванд.

Чунин тартиб дар навбати худ имкон медиҳад, ки дар ҷомеа фазои ягонаи ҳуқуқи ба вуҷуд омада, ба пешрафти босуръати сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва таъмини ҳуқуқу озодии инсон шароити солим ва зарурӣ муҳаё карда шавад.

Илова бар  ин,  чунон  ки  дар  сароғози ин санади мӯътабар зикр шудааст, Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳон роҳи ташкили  ҷомеаи  мутамаддини  муосирро пеш гирифтааст ва дар ин роҳ қадамҳои устувор мегузорад.

Мазмуну мӯҳтавои Конститутсияи Тоҷикистон бар пояи андешаву усуле бино ёфтааст, ки онҳо маҳсули заҳмату хиради созандаи таърихи  башар мебошанд.

Конститутсияи мо аз андешаи ҳокимияти мардум ба василаи мардум ва барои мардум, ки ҷавҳари асли соҳибихтиёрии халқ аст, сарчашма мегирад ва дар он асосҳои давлати ҳуқуқбунёд,  дунявӣ, иҷтимоӣ, кафолати ҳуқуқ ва  озодии  инсон  ва  шаҳрванд,  фаъолияти озоди иқтисодӣ,  таҷзияи ҳокимият, гуногунандешӣ, демократияи намояндагӣ бо истифода аз унсурҳои  демократияи  бевосита  ҳамчун  арзишҳои аз тарафи аҳли башар пазируфташуда, ки бунёди амалияи конститутсионии ҷаҳони муосирро ташкил мекунанд, сабт шудаанд.

Ин ҳама баёнгари хислату мазмунӣ демократии Конститутсия ва мавҷудияти низоми демократии сиёсиву иҷтимоӣ дар кишварамон мебошад ва ин амр моро водор месозад, ки онро ҳамчун муқаддасоти миллӣ эҳтиром ва риоя намоем.

Конститутсияи Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро ба сифати  арзиши олӣ эътироф  намуда, дахлнопазирии ҳуқуқҳои фитрӣ, аз ҷумла ҳаёт, қадр ва номуси инсонро эълон менамояд ва давлатро масъул месозад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намояд.

Бо дарназардошти аҳамият ва мавқеи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар Конститутсияи мо ба ин мавзӯъ боби махсус ва мустақил, ки пеш аз тамоми бобҳои танзимкунандаи сохти давлатӣ омадааст ва нисбат ба бобҳои дигар ҳаҷман васеътар мебошад, бахшида шудааст.

Моддаи 14  Конститутсияи Тоҷикистон бо тамоми ин ақидаю андеша ва меъёрҳо мутобиқат дорад,  ки дар сархатҳои дуюм ва сеюми он гуфта мешавад: «Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амали мешаванд. Онҳо  мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.

Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон,  тартиботи ҷамъиятӣ,  ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад».

Конститутсия силсилаи мукаммали ҳуқуқу озодиҳои фардӣ,  сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиро дарбар мегирад, ки ҳар яке аз онҳо ҳам ба талаботи меъёрҳои умумиқабулшудаи байналмилалӣ ва ҳам ба  шароити воқеии кишвари мо ҷавобгӯй мебошанд.

Бо масъалаҳои ҳуқуқу оздиҳои инсон ва шаҳрванд принсипи муҳим ва бунёдии кафолати онҳо ба сифати низоми меъёрҳо, принсипҳо ва талабот, ки онҳо риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро дар маҷмӯъ  таъмин  мекунанд, робитаи узвӣ дорад.

Татбиқ ва таъсири низоми зикршуда ҳам бо сатҳи инкишофи принсипҳои ҳуқуқӣ ва фаъолияти аркони давлатӣ, авзои иқтисодӣ,  фазои ахлоқии ҷомеа, сатҳи маданияти ҳуқуқӣ, тавсеаи доираи ризоияти иҷтимоӣ ва ҳам мавҷудияти унсурҳои муайян ҳангоми амалӣ шудани ҳокимияти давлатӣ вобаста мебошад.

Омилҳои зайл ҳамчун нишондиҳандаи мавҷудият ва амали унсурҳои номбаршуда эътироф мешаванд:

Якум, фаъолияти мустақили танзимкунанда ва созмондиҳандаи Конститутсия, ки амали он наметавонад худсарона боздошта шавад ва ё бо василаҳои ғайридемократӣ тағйир дода шавад.

Дуюм, эътирофи пурра ва амалии Конститутсия ба сифати манбаи асосии ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ ва танзими фаъолияти он.

Сеюм, эътироф ва татбиқи присипи таҷзияи ҳокимият ба сифати таъминкунандаи тавозуни миёни рукнҳои мухталифи ҳокимиятӣ давлатӣ.

Чорум, мавҷудияти мақомоти босалоҳияти намояндагӣ,  ки дар  асоси низоми интихоботӣ умумӣ таъсис меёбанд.

Панҷум, густариш ва тақвияти феҳристи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар сатҳи Конститутсия.

Шашум, амали ҳокимияти судии мустақил бо таъсиси судҳои умумӣ  ва махсуси босалоҳият.

Ва ҳафтум, мавҷудияти мақоми босалоҳият, боэътибор ва баландихтисоси назорати конститутсионӣ.

Ҳамаи омилҳо ва усулҳои номбаршуда дар маҷмӯъ бояд барои  таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд хизмат кунанд, чунки бе кафолати воқеӣ ҳуқуқу озодиҳо ифодаи амали пайдо карда наметавонанд.

Дар ин роҳ меъёрҳои Конститутсияи кишвар қадами ҷиддӣ ва омодасозандаи заминаи ҳуқуқии ин кафолатҳо мебошанд.

Эътирофи баробарии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва бо меъёрҳои ҳуқуқӣ устувор шудани онҳо зербинои демократия мебошад. Ин меъёрҳо  бояд  ба низоми ташаккулёбандаи конститутсионӣ мутобиқат дошта бошанд.

Дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ дар Тоҷикистон,  ки  дар  он ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ дар сатҳи зарури қарор хоҳанд дошт, бояд мушаххасоти давлат ба назар гирифта шаванд. Зеро озодии инсон дар сурате оғоз меёбад, ки дар давлат қонунҳои қабулшуда эътибори амали пайдо намоянд. Аз ин лиҳоз, маҳз давлати ҳуқуқбунёд зербинои асосии мавҷудияти ҳама гуна озодӣ мебошад.

Дар ҷомеаи шаҳрвандӣ меъёри асосии муайянкунандаи доира ва ҳудуди ҳар гуна озодӣ қонун аст. Аз ин ҷост, ки қонун омили асосии татбиқи принсипҳои озодӣ, адолат ва баробари мебошад ва ҳар фард масъул аст, ки  барои ба даст овардани ин арзишҳои олӣ танҳо дар доираи талаботи муайяннамудаи қонун рафтор намояд. Бинобар ин маҳз қонун  ҳам меъёри маҳдудкунанда ва ҳам кафолати озодӣ аст.

Ҳодисаҳои маълуми ибтидои солҳои навадум,  ки дар  натиҷаи  онҳо фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимият ва мақомоти идораи давлат,  аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фалаҷ шуда, дар ҷомеа бенизомӣ ва  беқонунӣ ҳукмфармо гардида буд, моро ҳамеша хушдор медиҳанд, ки омӯзиш, эҳтиром ва риояи қонунро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем.

Зеро эҳтирому риояи Конститутсия ва қонунҳои кишвар, таъмини волоияти қонун, кафолат ва шарти аввалиндараҷаи суботу оромӣ, рушди иҷтимоӣ ва рӯзгори ободу осудаи ҳар як хонадон аст.

Конститутсия давлати моро ба  сифати давлати иҷтимоӣ муайян намуда, онро барои фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи иҷтимоии ҳар фард масъул сохтааст.

Бунёд гузоштан ба иқтисоди пешрафта, тақвияти рӯзафзуни низоми таъминоти иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, маориф, илм, фарҳанг, эҳёӣ тамаддуни бостонии мардумамон ва ҳамоҳанг сохтани он бо арзишҳои умумибашарӣ татбиқи аввалин принсипҳои давлати иҷтимоӣ мебошад.

Маҳз бо татбиқи пайгиронаи Конститутсия, ки асосҳои ҳуқуқии рушду такомули фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи шаклҳои гуногуни моликиятро фароҳам овардааст, мо тавонистем пояҳои иқтисодеро, ки пешрафти минбаъдаи ҷомеаро кафолат медиҳад, бунёдгузори намоем.

Оғози сохтмони шоҳроҳое, ки ҳамаи минтақаҳои кишварамонро ба ҳам пайванд мекунанд ва робитаи нақлиётии Тоҷикистонро бо кишварҳои дигар таъмин месозанд, сохтмони нерӯгоҳҳои бузурги барқи обӣ, ки қодиранд на танҳо эҳтиёҷи Тоҷикистон,  балки  минтақа  ва хориҷи аз онро таъмин намоянд, ислоҳоти бунёдии соҳаи кишоварзӣ, ҷорӣ шудани шаклҳои  наву муосири   хоҷагидорӣ,  тақвияти  мавқеи соҳибкории  хурду  миёна,  ба иқтисоди кишвар озодона ворид шудани сармояи хориҷӣ аз   ҷумлаи дастовардҳои мардуми Тоҷикистон мебошанд, ки ҳама аз баракат ва ҳидояти Конститутсия ҳосил шудаанд.

Конститутсия дар сароғози худ ботантана халқ ва кишвари бостонии моро ҷузъи таркибӣ ва ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳон эълон намудааст. Баъди садсолаҳо мо имкони амали пайдо намудем, ки субъекти мустақил, фаъол ва соҳибэҳтироми ҷомеаи бузурги байналмилалӣ гардем.

Ин дастоварди бузурги таърихӣ бо гузашти солҳо муҷассамтар мегардад. Меҳвари фаъолияти байналмилалии мо мутобиқи рӯҳ ва  мазмуни Конститутсия  таъмини  манфиатҳои  олии  миллӣ, қабл  аз  ҳама  ҳифзи боэътимоди  истиқлол  ва  таъмини  шароити мусоиди хориҷии  пешрафти кишвари азизамон мебошад.

Ҳамзамон, густариш ва таҳкими равобит ва ҳамкории босамар,  ҷалби сармояи  хориҷӣ  ва  таъмини  ҳуқуқҳои   шаҳрвандон самтҳои  муҳими он мебошанд. Ва ҳамагон шоҳиданд, ки ин вазифаҳои бузург муваффқона амалӣ мешаванд.

Конститутсия давлати моро масъул сохтааст, ки сиёсати сулҳу дӯстиро  амалан татбиқ намуда, истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром намоем ва муносибатҳои хориҷии худро дар асоси меъёрҳои аз тарафи умум қабулшудаи байналмилалӣ ба роҳ монем.

Тоҷикистон ба сифати узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳон бо дарки масъулияти таърихии худ ва гузоштани эҳтиром ба қолабҳо ва меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ дар сатҳи Конститутсияи давлати худ санадҳои  ҳуқуқии  байналхалқиеро,  ки онҳоро эътироф мекунад,  ҳамчун қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар эълон доштааст.

Аз ин ҷост, ки мо сиёсати хориҷии худро бо мақсади амалан татбиқ намудани ин меъёрҳои Конститутсия пеш мебарем ва дар ин замина мунтазам иқдомҳои дорои аҳамияти байналмилалиро анҷом медиҳем.

Бо ташаббусҳои Тоҷикистон эълон шудани даҳсолаи амалиёти «Об  барои ҳаёт» ва даҳсолаи байналмилали амал «Об барои рушди устусор солҳои 2018-2028»,  тасвиби  тақрибан  ҳамаи конвенсияҳои байналмилалӣ дар бораи таъмини сулҳу амнияти байналхалқӣ, мубориза бар зидди  терроризми байналмилалӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир,  эътироф намудан ва амалан татбиқ кардани асноди мӯътабари байналмилалии танзимкунандаи ҳуқуқи  инсон,  риояи  моратории  оид  ба иҷрои ҳукми қатл, фаъолияти густурда дар доираи Созмони Милали  Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Созмони Конфронси Исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории иқтисодии Аврупо ва Осиё, дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва  минтақавӣ гувоҳи равшани мақоми созанда ва шоистаи кишвари мо дар  ҷаҳонӣ  мураккабу ҳассоси оғози асри XXI мебошад.

Дар охир ба муносибати таҷлили ҷашни 25-умин солагии қабули Конститутсияи Ҷумхурии Точикистон халки шарафмади Ватани азизам Точикистонро аз номи Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе самимона муборкбод мегуям ва таманно мекунам, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ доимо пойдор бошад.

Корманди дастгоҳи суди ноҳияи

Синои шаҳри Душанбе Сафарзода Ш.А.