КОНСТИТУТСИЯ ЗАМИНАСОЗ ВА РАҲКУШОИ КОРҲОИ БУЗУРГ

Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун падидаи сиёсӣ бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пойдевори мустаҳками ҳуқуқӣ ва асоси комили қонунӣ пайдо намуд. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зикри нақш ва аҳамияти Конститутсияи кишварамон барои пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии мо, воқеъбинона чунин таъкид доштанд:

«Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид».

Дар ҳақиқат қабули Конститутсия дар солҳои аввали истиқлоли давлатии кишварамон заминаи мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам овард, ки пояҳои ҳокимияти конститутсионӣ мустаҳкам гардида, бунёди ваҳдати миллӣ асос гузошта шуда, раванди сарҷамъии миллӣ такягоҳ пайдо намояд.

Агар ба солҳои аввали эълони истиқлолият назар афканем, равшан мегардад, ки кӯшишҳои таҳия ва ташкили заминаи мустаҳками қонунӣ барои таъмини фаъолияти соҳаҳои мухталифи ҷомеа ҳанӯз он замон сурат гирифтанд. Аммо раванди ҳодисаҳои пурошӯби низои миллӣ ва ҷанги ҳамватанӣ боис гардид, ки ин кор ба таъхир афтад. Зеро эҷоди қонун дар шароити нооромии сиёсӣ ва амниятӣ амали созгор ва судманд нест. Танҳо шароити осоишта имкон медиҳад, ки санадҳои қонунии такмилёфта ва ҷавобгӯи ниёзҳои ҷомеа таҳия гардида, барои раванди инкишофу тараққиёти ҷомеа нафърасон гардад.

Таҳияи лоиҳаи қонуни Конститутсияи кишвари соҳибистиқлоламон таърихномаи хоси худро дорад.  Қабл аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ, аз рӯзҳои аввали соҳибихтиёри зарурат ба миён омад, ки чунин санади олии ҳуқуқӣ таҳия шуда, тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардад. Зеро бе қабули Конститутсия таҳия ва қабули дигар санадҳои қонунӣ душвор аст. Аз он хотир, ки ҳамаи санадҳои қонунӣ бояд ба муқаррароти Конститутсия мутобиқат дошта бошанд. Лек чуноне дар боло зикр намудем, тезутунд шудани авзои сиёсии ҷомеа нагузошт, ки чунин кор амалӣ карда шавад.

Танҳо баъди доир шудани Иҷлосияи тақдирсоз 16 – уми Шӯрои Олӣ ва интихоб шудани ҳукумати конститутсионӣ тадриҷан фазои амниятӣ мӯътадил гардида, фаъолияти шохаҳои фалаҷагардидаи ҳокимияти давлатӣ барқарор гардид, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба иҷрои уҳдадориҳои хизматиашон мутобиқ ба талаботи қонунҳои мавҷуда шурӯъ намуданд. Аз ин нигоҳ танҳо соли 1994 имкону шароити лозима фароҳам омад, ки Конститутсияи ҷумҳурӣ тариқи райпурсии умумихалқӣ қабул гардад. Қабл аз қабули он барои таҳияи лоиҳаи Конститутсияи гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд, чанд лоиҳа пешниҳод гардид, лек лоиҳаи Конститутсияи амалкунанда мақбул ва мукаммал дониста шуда, ба райъпурсии умумихалқӣ пешниҳод гардид.

Қобили зикр аст, ки пас аз қабули Конститутсияи кишвари соҳибистиқлоламон коршиносони мӯътабари ҳуқуқии сатҳи ҷаҳонӣ ба матн ва муқаррароти он баҳои баланд дода, онро ба қатори даҳгонаи конститутсияҳои беҳтарини давлатҳои аъзои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо шомил намуданд.

Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз конститутсияҳои то ин дам дар замони Тоҷикистони шӯравӣ қабулгардида куллан фарқ менамуд. Зеро дар моддаи аввали он Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ эълон карда шуд, ки дар таърихи сиёсии муосири давлатамон гардиши тоза ва дигаргунии қисматсоз ба шумор меравад.

Муҳимтарин хусусияти Конститутсияи мо ин арзиши олӣ эътироф намудани ҳуқуқҳои инсон ба шумор меравад. Ҳамаи фаъолияти давлат барои фароҳам овардани шароиту зиндагии сазовор барои одамон нигаронида шудааст. Давлат таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсонро ба дӯши худ гирифта, ин фаъолиятро тавассути шохаҳои масъулу ваколатдори ҳокимият амалӣ мекунад.

Фаъолият ва мақоми ҳокимияти судӣ низ дар Конститутсия ҷойгоҳи хос ва боэътибор дорад. Чунин муқаррароти сатҳи олии ҳуқуқӣ имкон фароҳам овард, ки судҳо дар иҷрои уҳдадориҳояшон дар самти таъмини адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар асоси талаботҳои қонунҳои танзимкунандаи фаъолияташон амал намоянд.

Маҳз аз ин ҷост, ки эътимоди мардум ба фаъолияти судҳо афзун гардида, ҳамаи баҳсумушкилоти худро тариқи баррасии судӣ расмият бахшиданианд. Гувоҳи ин гуфта зиёд шудани теъдоди муроҷиати шаҳрвандон ба зинаҳои гуногуни мақомоти судии кишвар ба ҳисоб меравад.

Аз ҷониби дигар, чунин ҳолат шаҳодати баланд рафтани савияи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар ба шумор меравад, ки ҳамаи баҳс нофаҳмӣ ва дигар печидагиҳои зиндагии худро бо роҳи ҳуқуқӣ, тариқи мизони муқарраркардаи қонун ҳаллу фасл карданианд. Чунин ҳол боиси қаноатмандист, зеро он волоияти қонунро, ки аз нишонаҳои муҳими давлати ҳуқуқбунёд ба шумор меравад, таквият бахшида, сифатҳи қонунписандӣ ва соҳибҳуқуқиро дар ҷомеа тарғиб ва пойдор менамояд.

Бар асоси моддаи 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Аз ҷумла ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд. Аз ин рӯ, ин ҳуқуқи ба тариқи конститутсионӣ кафолат додашуда ҳамчун муносибати ҳуқуқие амалӣ мегардад, ки дар як тараф шахси барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳояш муроҷиаткарда ва аз тарафи дигар суд, ки уҳдадор аст ин муроҷиатро баррасӣ намуда қарори қонунӣ ва асоснок барорад, баромад мекунад.

Конститутсияе, ки мардуми Тоҷикистон барои худ ва наслҳои ояндаи худ ба сифати бахтномаи миллат қабул кард, ба хусусияти иҷтимоию сиёсию фарҳангӣ, миллию анъанавӣ, мазҳабиву таърихии кишвар асос меёбад. Таҳия ва қабули Конститутсия бузургтарини воқеаест, ки дар таърихи Тоҷикистон рух дод ва навтарин дигаргуниҳоро дар соҳаҳои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ба вуҷуд овард. Аҳамияти бузурги таърихӣ ва байналмилалии Конститутсияи кишварро дар он мебинем, ки Тоҷикистонро як қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон кардааст. Ватани мо тавасути ин бахтнома воҳиди баробарҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ буда, сиёсати хориҷии худро бо назардошти манфиатҳои миллии кишвар ба роҳ мемонад. Аз рӯи Конститутсия ҷавҳари сиёсати берунаи моро тадбиқи сиёсати сулҳҷуёна, эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳон ташкил медиҳад. Ба шарофати истиқлолият ва Конститутсия фаъолияти сиёсии давлат берун аз кишвар васеътару самарабахштар гардидааст.

Он ҳама пешрафту дастовардҳое, ки даврони истиқлол мардуми тоҷик ба он ноил шуданд, дар асоси заминасозии қонунии Конститутсия муяссар гардиданд. Конститутсия заминасоз ва раҳкушои корҳои бузурги созандагӣ барои таҳкими пояҳои истиқлолият ва устувор намудани пойдории муқаддасоти давлатӣ ва миллӣ гардид.

 

РУШАНЗОДА СУҲРОБ

Раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе